Давлати Хоразмшоҳиён / Хорасмшохиён

Давлати Хоразмшоҳиён / Хорасмшохиён


Болоравии Хоразм. Хоразм минтақест, ки дар тамоми давраҳои таърихи мо иддаъои ҷудоӣ доштааст ва ҳатто бисёре аз муррихону ҷуғрофинависони мо онро аз Мовароуннаҳр ҷудо меҳисобанд. Истиқлоли нисбии худро Хоразм дар замони ҳукумати сулолаҳои Сомониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён ҳифз менамуд. Унвони ҳокимони ин сарзамин Хоразмшоҳ будааст.

Барои муддате Салҷуқиён тавонистанд, ки ҳукумати худро бар ин марз низ истиқрор бахшанд, вале кӯшишҳои марказгурезӣ ҳанӯз дар Хоразм пурқувват буданд. Аз миёни хоразмшоҳиён Қутбиддин Муҳаммад (1097-1127) ва писари ӯ Отсиз (1127-1156) барои истиқлоли Хоразм кӯшиши зиёд карданд. То вафоти Санҷар хоразмиҳо тобеи Салчуқиён буданд. Фитнаи ғуз иқтидори Салҷуқиёнро тамоман коҳиш дод ва иддаъои қарахитоиҳо, ки ҳамоно аз Хоразму дигар музофотҳо хироҷ мехостанд, зиёд гашт. Вориси Отсиз Эларслон (1156-1172) аз парокандагии салҷуқиҳо ва ҳарҷу марҷи минтақа истифода бурда, бар зидди ғузҳо ва қарохониҳо вориди ҷанг шуд.

Ҳарчанд натиҷаи ин муборизаҳо ба пуррагӣ хоҳишҳои ӯро қонеъ намесохт, вале заминаҳои истиқлоли ояндаи Хоразм ва маркази муҳими сиёсӣ гаштани онро фароҳам овард. Хоразмшоҳ Текеш (1172-1200) бошад, мустақилияти Хоразмро нигоҳ дошт. Ӯ сафири  қарахитоиҳоро, ки барои мутолибаи хироҷи солона омада буд, дастгир ва қатл намуд. Сипас артиши мусаллаҳи қарахитоиҳоро шикаст дод ва барои фатҳи Хуросон бо Салчуқиҳо ҷанг сар кард. Соли 1193 Текеш Хуросонро ба даст дароварда, моҳи марти  1194 пас аз шикаст додани султони салчуқиҳо Туғрали II тамоми Эрони ғарбиро ишғол кард. Баъд аз ин Текеш ба душманӣ бо Ғуриён пардохта, соли 1198 бар зидди Ғиёсиддин лашкар кашид, вале тоби муқовимати лашкари Ғурро накарда, шикаст хӯрд.

Зиддияти Хоразму Бағдод. Текеш ҳатто бо халифаи Аббосии Бағдод бар сари ишғоли заминҳои қисмати ғарбӣ нахуст даъвои лафзӣ карда, сипас ба ҷанг пардохт ва лашкари халифаро ҳам дар муҳорибаи соли 1196 шикаст дод. Текеш аз халифа хост, ки дар қатори номи худ исми ӯро низ ба хутба ворид кунанд, вале ин талаби ӯ иҷро нагашт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳангоми ба тахти Хоразм нишастани писари Текеш Муҳаммад Хуросон боз ба дасти Ғуриҳо гузашт. Муҳаммад Хоразмшоҳ соли 1206 бо ёрии лашкари қарохитоиҳо, ки мусулмон набуданд,  ғуриҳоро шикаст дода, Хуросонро низ  забт кард. Сипас дар фикри забти Мовароуннаҳр афтод. Соли 1207 бо баҳонаи пахши шӯриши мардумӣ ба Бухоро лашкар кашида, онро забт намуд. Пешвои шӯриш Малик Санҷарро бошад, асир гирифта ба Урганҷ фиристод. Солҳои 1210-1212 Муҳаммад Хоразмшоҳ аз болои Қарахитоиҳо ва найманҳо ғалабаи қатъӣ карда худро «Искандари дуюм» ва «Султон Санҷар» эълон намуда, тангаҳоро низ бо чунин ном сикка мезад. Ӯ ҳудудҳои Эрону Афғонистони имрӯзаро низ ба даст дароварда мисли падараш аз халифаи Бағдод Носир талаб намуд, ки номи ӯро дар хутба ҳамроҳ намояд. Халифа ин талаби ӯро рад намуд ва Муҳаммад Харазмшоҳ соли 1217 ба Бағдод лашкар кашид, вале дар муҳориба бо халифа ба шикаст рӯ ба рӯ шуда ақибнишинӣ кард.

Муҳаммад Харазмшоҳ давлати калонеро таъсис дод, ки қувваи асосии онро қипчоқҳо ташкил менамуданд. Тороҷу ғоратгариҳои қипчоқҳо мардумро нисбат ба ҳукумати Хоразмшоҳ бадбин карда буд. Инчунин модари Муҳаммад Турконхотун нисбат ба писараш хушбин набуд ва  қатли яке аз рӯҳониёни бонуфуз Маҷидаддини Бағдодӣ низ аз тарафи Муҳаммад Харазмшоҳ ӯро дар назди омма сиёҳ карда буд.

Давлати Хоразм дар остонаи ҳамлаи муғул бештари сарзаминҳои Эрон, Осиёи Миёна ва ҳатто ними Ироқро муттаҳид намуда, ба давлати пурқувват табдил ёфта буд. Сарҳади он аз соҳили шимолии баҳри Хазар (Каспий) то халиҷи Форс ва аз Кавказ то қаторкуҳҳои Ҳиндукуш васеъ гардид. Вале ин давлат аз лиҳози марказиятнокӣ хеле суст буд. Бархе аз ҳокимони маҳаллӣ танҳо зоҳиран ҳокимияти Хоразмшоҳиёнро эътироф намуда, аслан вилоятҳои зердасти худро мустақилона идора мекарданд.

Ҳокимияти Муҳаммади Хоразмшоҳ устувор набуд. Вазъияти дохилии давлати ӯ ноором буд, зеро мардуми заҳматкаш аз ҷониби ҳокимони маҳаллӣ ва давлати марказии Хоразм бераҳмона истисмор карда мешуданд. Аз ин лиҳоз омма Муҳаммади Хоразмшоҳ ва ҳокимони ӯро чашми дидан надоштанд ва пуштибонӣ намекарданд. Гузашта аз ин ашроф, табақаи ҳарбиҳо ва рӯҳониёни бонуфуз ҳам бо сабабҳои гуногун аз ӯ норозӣ буда, нисбат ба Муҳаммад мавқеи душманонаро ишғол мекарданд. Ҳатто аскарони кироя, ки тамоми ғалабаҳои вайро таъмин карда буданд, дар охир аз итоати ӯ сар кашиданд.

Хулоса, давлати бузурги Муҳаммади Хоразмшоҳ аз дарун маҳкам ва устувор набуд ва бинобар ин дар натиҷаи зарбаҳои истилогарони муғул ба осонӣ аз по афтод.

ҚаблӣДавлати Ғуриён / Гуриён (1147-1215)
БаъдӣИлму фарҳанги тоҷик дар асрҳои XI – XII