Суруди халқии «Шӯриши Восеъ»

  1. Ай ҷавру зулми мирон,

Гардида мулк вайрон,

Ҷазир гаштан1 фақирон.

  1. Восеъ ғазост2 имрӯз,

Ҷон мубталост имрӯз,

Ғавғои рӯзи маҳшар

Дар фақирост имрӯз3.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Чӣ тӯфон аст имрӯзо,

Дар гирифт кӯҳу сангҳо,

Офтоб наздики моҳо…

  1. Кӯҳҳо чӣ тавр нолонай,

Офтоб гирифт, зулмонай,

Охири зулм вайронай…

  1. Восеъ хамбид4 Санги Мир5,

Муқобили зулми мир,

Бояд намудан тадбир.

  1. Восеъ рафт сӯйи Даштак6,

Ба фақирон дод калтак,

Ҷамъ шудан пеши Талхак7.

  1. Лақай рафт Борикдара8,

Мекунад мира пора,

Мир тарсид, задаш наъра.

  1. Восеъ хамбид Дараи Борик,

Рӯз равшану шаб торик,

Мир тарсид аз халоиқ…

  1. Восеъ хамбид Тути Қозӣ9,

Мирро андохт дар бозӣ,

Кардак ӯ найзабозӣ.

  1. Восеъ марди майдонай,

Замину замон ларзонай,

Бегу қозӣ ҳайронай.

  1. Восеъ даромад дар майдон,

Монанди шери биёбон,

Хонаи мира кард вайрон.

  1. Восеъ рафт сӯйи Норак,

Кӯпрукша кардай порак,

Манғит шудай оворак…

  1. Восеъ сари сангонай,

Пойи аспуш лангонай,

Худуш марди майдонай.

  1. Восеъ дар Кӯҳнадара,

Аспуш дар Ишкелдара,

Чашми чапуш мепара.

Шуриши Восеъ. Ҷунбишҳои мардумӣ дар солҳои 80-уми асри XIX

  1. Баромадан рӯйи банд,

Ҳанги дили мардум канд,

Фақирора куштан ба фанд10.

  1. Аз Ҳисор омад сарбоз,

Шамшера кардан пардоз,

Хатлона кардан тороҷ…

  1. Восеъ бурдан Балҷувон,

Бикуштан ёшу ҷавон,

Хатлона кардан яксон11

  1. Дарвоза чӯби тут аст,

Тани Восеъ кабут аст,

Куштанаш рӯзи ҳут12 аст.

  1. Дарвоза чӯби бед аст,

Хонаи Восеъ сафед аст,

Дили онаш ноумед аст…

  1. Гулъузор монда ҳайрон,

Кӯзачаш сари сангон,

Хун мегиря чу борон.

  1. Восеъ мега: «Ма мирум,

Мулло Назир вазирум,

Балҷувона мегирум.

  1. Мақсади мо на мирӣ,

Маломатум накунӣ,

Эй халқ, чува меховӣ?

  1. Ҷамъ шавед эй ёрон,

Асир нашвед ба мирон,

Зулм дидед бепоён!..».

  1. Отама бурдан Бухор,

Пӯшондан ҷомай гулдор,

Кашидануш рӯйи дор

Вой алами Гулъузор!

  1. Маҳрум мондум аз падар,

Ибрат шавад ба дигар,

Дод аз дасти ситамгар,

Вой алами Гулъузор!

Суруду тарона (дар адабиёт)


Луғат

  1. Ҷазир гаштан – ҷазир гаштанд, яъне хонахароб шуданд.
  2. Ғазо – бо душмани дин ҷанг кардан.
  3. Маънои байт: фақирон, яъне ситамдидагон шӯриш бардошта маҳшаре, яъне рӯзи қиёмат барпо карданд.
  4. Хамбид – фуромад.
  5. Санги Мир – мавзее дар наздики Балҷувон, дар тарафи ҷануби Қалъаи Балҷувон майдони санглох воқеъ буда, дар таги қалъа санги калоне будааст, ки он ҷойро ба ҳамин унвон ном мебурданд.
  6. Даштак – номи макон дар қарибии Қалъаи Балҷувон.
  7. Талхак – номи сой дар тарафи Даштак.
  8. Борикдара – номи мавзее дар Балҷувон.
  9. Тути Қозӣ – номи мавзеъ.
  10. Фанд – фиреб.
  11. Яксон – яъне харобу валангор карданд.
  12. Рӯзи ҳут – моҳи ҳут, ки аз рӯйи моҳшумории пештара ба моҳи феврали соли 1885 рост меояд.

Суруди халкии «Шуриши Восеъ», Восеъ газост имруз, Восеъ мега: Ма мирум, шеърхо дар бораи Шуриши Восе, шеър.

ҚаблӣСурудҳои таърихӣ
БаъдӣТарона (дар адабиёт)