Ушнаи торфи ва хосил шудани торф.
Ушнаи торфӣ ё сфагнум чун дигар намуди ушнаҳо бошандагони ботлоқзорҳо мебошад. Он тақрибан 300 хелро дар бар мегирад.
Ушнаи торфиро бо ибораи дигар ушнаи сафед ҳам мегӯянд, чунки дар ҳолати хушк будан зарду сафед ё ба пуррагӣ сафед аст. Дар ботлоқзорҳои сернам сфагнум пӯшиши қолинмонанди яклухтро пайдо мекунад. Дар он ҷойҳое, ки ушнаҳои торфӣ месабзанд, дигар рустаниҳои дарахтӣ бад сабзида, пажмурда мешаванд 10.

Ушнаҳои торфӣ гиёҳҳои бисёрсола буда, пояи дарози шохронда доранд. Пояи онҳоро баргҳои борики хурд фаро гирифтааст. Дар ушнаҳои торфӣ реша ва ризоид дида намешаванд. Сабзиши поя дар натиҷаи тақсимшавии ҳуҷайраҳои нӯгии поя ва шохчаҳояш ба амал омада, дар давоми сол тақрибан 2-3 см дароз мешавад. Дар баробари ин қисми поёнии поя тадриҷан хушк мегардад.
Барги ушнаҳои торфӣ аз ду хел ҳуҷайраҳо иборат аст, ки он ҳо аз рӯйи сохташон аз якдигар фарқ мекунанд. Яке аз ин
ҳуҷайраҳои зинда хлорофиллдор буда, дигараш ҳуҷайраҳои мурдаи обнигоҳдоранда мебошанд. Ҳу ҷайраҳои хлорофиллдор борику дароз буда, бо иштироки доначаҳои хлорофиллашон раванди фотосинтез амалӣ мегардад. Дар байни ҳуҷайраҳои борики хлорофиллдор ҳуҷайраҳои байзашакли (тухмшакли) обнигоҳдо ранда, ки бо ҷилди ғафс пӯшида буда, сӯрохичаҳо доранд, ҷойгир шудаанд. Тавассути ин сӯрохичаҳо ба ин ҳуҷайраҳо об ворид шуда, онҳо бо об пур мегарданд. Дар вақти хушк шудани рустанӣ ин ҳуҷайраҳо обро бухор карда, бо ҳаво пур мешаванд ва ушна ранги сафедро мегирад. Ҳангоми дар об тар шудани рустании хушк ин ҳуҷайраҳо чун исфанҷ бо тезӣ оби зиёдеро ба худ ҷаббида мегиранд. Қисми зиёди барг ва пояро ҳуҷайраҳои обнигоҳдоранда ташкил медиҳанд. Сфагнум ба туфайли ҳуҷайраҳои зиёди обнигоҳдорандааш 30-40 маротиба зиёдтар аз вазни хушкаш обро ҷаббида мегирад.
Сфагнум рустании дуҷинса мебошад. Яъне, ҳуҷайраҳои ҷин сии занона (архегония) ва мардона (антеридия)-аш дар як рустанӣ, вале дар шохчаҳои гуногун ҷойгир шудаанд.
Бордоршавӣ, одатан, баҳорон ба амал меояд. Нутфа дар об шинокунон то архегония омада, бо он якҷоя мешавад. Аз ҳуҷайратухми бордоршуда поячаи бебарг ва ғӯзача бо сарпӯшчааш инкишоф меёбад. Сипас, спораҳои пухтарасида аз ғӯзачаҳо ба берун пош мехӯранд. Дар шароити мусоид аз онҳо лавҳачаи сабзи (сабзаки) ризоиддор пайдо мешавад.
Ҳамин тавр, навиштаҳои болоӣ нишон медиҳанд, ки ушнаи торфӣ аз рӯйи бисёр хусусиятҳояш ба ушнаи фохтазағирак монандӣ дорад. Вале аз рӯйи чунин аломатҳо, аз қабили надоштани ранги сабзи баланд, дуҷинса будан ва надоштани ризоид аз ушнаи фохтазағирак фарқ мекунад.
Агар ушнаи торфӣ дар сатҳи обанбор ба сабзишу инкишоф шурӯъ кунад (васеъ паҳн шавад), обанбор метавонад дар як муддати кӯтоҳ обашро гум карда, ба ботлоқ табдил ёбад.
Ҳосилшавии торф дар муҳити бағоят зиёди сернам ва беиштироки оксиген ба амал меояд. Аз ин рӯ дар қабатҳои гуногуни торф дар баъзе мавридҳо боқимондаи дарахтон, гард ва гули рустаниҳое, ки ҳазорҳо сол муқаддам сабзидаанд, боқӣ мондаанд. Чунки онҳо бо пуррагӣ намепӯсанд. Набудани оксиген, паст будани ҳарорат ва кислотаҳои органикие, ки ушнаҳо аз худ хориҷ мекунанд, ба инкишофи бактерияҳо ва занбӯруғҳои пӯсонанда монеъ мешаванд.
Ботлоқҳои торфӣ бештар дар Ҷумҳурии Белоруссия, Федератсияи Русия васеъ паҳн гардидаанд ва қариб 60%-и захираи торфи умумиҷаҳониро ташкил медиҳанд.
Торф сарвати пурқимати табиӣ мебошад. Онро ҳамчун нурӣ ба замин меандозанд. Инчунин, торфро ба сифати сӯзишворӣ, ашёи сохтмоние, ки қобилияти баланди гармӣ ва хунукинагузаронӣ доранд, васеъ истифода мебаранд. Аз торф зифт, спирти чӯб, парафин, кислотаи карбонат, коғази ғафс (картон) ва дигар маводи зарурӣ мегиранд.
Тестҳо
1.Ушнаи торфӣ аз фохтазағирак бо чӣ фарқ мекунад?
- А. Бо доштани барг ва гул
- Б. Бо доштани ранги сабзи баланд ва гул
- В. Бо доштани ҳуҷайраҳои мурдаи обнигоҳдоранда, надоштани ранги сабзи баланд, ризоид ва дуҷинса будан
- Г. Бо доштани пояи бебарги бо мӯякча пӯшида
2.Аз торф чӣ истеҳсол мекунанд?
- А. Нурии маъданӣ
- Б. Сафеда, оҳар, равған
- В.Зифт, спирти чӯб, парафин, коғази ғафс (картон)
- Г. Ангиштсанг, оҳак