Принсипҳои асосии мантиқи диалектикӣ

Принсипҳои асосии мантиқи диалектикӣ. Принсипхои асосии мантики диалектики.


Принсипҳои асосии мантиқи диалектикиро В.И. Ленин дар асарҳои «Боз як бори дигар дар бораи иттифоқҳои касаба…» ва «Дафтарҳои фалсафӣ» баён намудааст.

Усули олии методологӣ (услубшиносӣ) – ин усули таҳқиқи объективии зуҳурот мебошад. Ин усул аз ҳалли материалистии масъалаи асосии фалсафа бармеояд, яъне чизҳои моддӣ якумин буда, чизҳои идеалӣ дуюмин дониста мешаванд. Принсипи объективии таҳқиқи зуҳурот тақо-зо менамояд, ки таҳқиқи ҳаргуна, обьектро на аз ақидаи мо дар  бораи вай, балки аз худи вай оғоз намудан лозим аст. Ашёро ба тафаккур не, балки тафаккурро ба ашё, ба мантиқи дохилӣ, ҷиҳатҳои алоқамандии он тобеъ намудан лозим аст.

Усули таҳқиқи обективие, ки дар маърифати иҷтимоӣ истифода мешавад, на танҳо талаботи ба асос гирифтани худи объект (мудрак), қонунҳои амалу инкишофи он ва илова накардани чизеро талаб менамояд, балки дуруст фарқ карда тавонистани муносибатҳои моддию идеологӣ, омилҳои объективию субъективӣ, ҳастии ҷамъиятию шуури ҷамъиятӣ, эътирофи омилҳои объективии моддӣ (муносибатҳо), эъти-рофи ҷиҳати якумӣ ва муайянкунандагии ҳастии ҷамъиятӣ, дуюмӣ ва ба ҳаёти моддии одамон, муносибатҳои иқтисодии онҳо вобаста будани маънавиёт, муносибатҳои идеологӣ ва зуҳуроти афкори ҷомеаро низ дар бар мегирад. Маҳз дар чунин тарзи ифода  принсипи объективият ба субъект (мудрик) имкон медиҳад, ки ба маърифати зуҳуроти иҷтимоӣ дуруст сарфаҳм равад.

Масалан, ҳангоми пешгӯии ҷиноят онро ба назар мегиранд, ки  нисбат ба дигар зуҳуроти иҷтимоӣ, ки сабабгори ӯст, дуюмин мебошад. Яъне пешгӯии ҷиноят пешгӯии дуюмине аст, ки тағйироти зуҳуроти минбаъдаи иҷтимоии ба пешгӯи таъсиррасонандаро инъикос мекунад. Пешгӯии ҷиноят бояд аз паси пешгӯии зуҳуроту ҳодисаҳое, ки ба динамика, савия ва сохти ҷиноят таъсири амиқ мерасонанд, қадам ниҳад. Аз ин рӯ сараввал бояд пешгӯие тартиб дода шавад, ки ба марҳилаи якум – ни-зоми сабабгорӣ, соҳаи сабабҳо, вобаста бошад, пас, вай дар ҳамин зами-на, ба марҳилаи дуюм – ба ҷиноят пайваст мешавад. Таҳқиқи пешгӯии марҳилаи аввал – вазифаи иқтисодшиносон, сотсиологҳо, демографҳо ва дигарон буда, таҳқиқи марҳилаи дуюм – кори криминологҳо (ҷиноят-шиносон) мебошад.

Натиҷаи муҳимтарини принсипи таҳқиқи объективии зуҳурот он аст, ки мувофиқи талаботи вай ҳангоми таҳкиқ диққати субъект (мудрик) на ин, ки аз зуҳуроти дуюмӣ ба сӯи сабабҳои он равона  шавад, балки аз зуҳуроти якумӣ, аз сабабҳо сар карда, тамоми натиҷаҳои имконпазирро собит намудан лозим аст. Нисбат ба ҷиноят усули мазкурро ин тавр баён кардан мумкин мебошад: аз ҷиноят ба сӯи сабаби он нарафта, балки барои таҳқиқи  ҷиноят шароити моддии ҳаёти  воқеии одамонро омӯхтан лозим аст.

Натиҷаи дигари усули таҳқиқи объективият – усули мушаххасият аст. Ин усул талаб менамояд, ки ҳангоми омӯзиши объект (мудрак) ба ҳамаи хусусиятҳои он, ба шароитҳои мавҷудияти он бояд диққат дод. Принсипиҳо ва усулҳои таҳқиқи объект барои ошкор намудани ҷиҳат-ҳои ботинии ашёи таҳқиқшаванда ҳамчун роҳнамо бояд хизмат кунанд.

Татбиқи усули диалектикӣ риоя шудани усули мушаххасиятро тақозо менамояд, зеро принсипи мазкур имкон намедиҳад, ки усули диа-лектикӣ ба калиди умумие табдил гардида барои ҳалли тамоми масоили  илмӣ истифода шавад.

Дар ин хусус Ф. Энгелс навишта буд: «Агар усули материалистиро ҳангоми таҳқиқи таърих на ҳамчун дастур, балки чун қолаб, барои тарҳбандию тарҳкушоии далелҳои таърихӣ, истифода баранд, пас он ба акси худ табдил меёбад»[1].

Ҳангоми таҳқиқи объект тамоми робитаву муносибатҳои вайро ба назар гирифтан, принсипи муҳимтарини усули диалектикӣ мебошад. Принсипи мазкур аз принсипи мафкуравии робитаи куллӣ бармеояд, Воқеан, агар ашё ягонагии ҷиҳатҳо ва хосиятҳои ба ҳам алоқамандро ифода намуда, дар айни ҳол, бо ашёи дигар дар робитаҳои гуногун бо-шад, пас барои идроки он зарур аст, ки ҳамаи робитаву муносибатҳо ба инобат гирифта шаванд.

Яке аз принсипҳои муҳими усули диалектикӣ принсипи таърихият аст. Мувофиқи принсипи мазкур объектро ҳамеша дар тағйирёбӣ, худҳаракат ва инкишоф таҳқиқ намуда, пайдоишу аз як марҳилаи инкишоф ба дигараш гуаштани онро собит кардан зарур  аст. Ҳамаи онҳо барои пеш-гӯии вазъияти ояндаи объект мусоидат мекунанд. Принсипи таърихият натиҷаи инкишоф мебошад. Дар ҳакиқат, агар тамоми ашёи воқеият дар ҳаракату тағйирёбӣ бошанд, пас барои таҳқиқи ҳаматарафаи ашё ҷараёни тағйирёбӣ ва инкишофи онҳоро омӯхтан лозим аст.

Принсипи таърихият аслан маънои онро надорад, ки гӯё ҳангоми таҳқиқи объект таърихи онро чӣ хеле, ки дар воқеият зоҳир шудааст, барқарор намоем. Вай тақозо менамояд, ки таҳқиқи объект аз таърихи он оғоз гардад. Сипас, тафаккур барои ошкор намудани қонуниятҳои ивазшавии марҳилаи инкишофи объект нигаронида мешавад. Бешубҳа,  татбиқи амалии талаботи мазкур баёни илмии хосиятҳову робитаҳои объектро имконпазир мегардонад. Маҳз бо  ҳамин роҳ моҳияти  объект-ро ошкор намуда, эҳтимолияти инкишофи минбаъдаи обектро пешгӯӣ кардан мумкин аст. Ниҳоят, боз, як принсипи усули диалектикӣ принсипи ба ду тақсим намудани объекти маърифат ва таҳқиқи тарафҳои муқобили он мебошад, ки аз қонуни ягонагӣ ва муборизаи зидҳо чун натиҷа бармеояд.

Принсипҳои методологӣ якҷоя бо усулҳои маърифату фаъолияти амалии одамон, инчунин, шаклҳои маърифат ҷиҳати прогрессивии усули диалектикиро ташкил медиҳанд.


[1] Маркс К. и Энгельс Ф. Соч., т. 37. с.351.

ҚаблӣМантиқи шаклӣ ва диалектикӣ
БаъдӣПринсипҳои методологии мантиқи шаклӣ