Давлатшохи Самарканди ва мероси адабии у

Давлатшохи Самарканди ва мероси адабии у. Давлатшоҳи Самарқандӣ, иншо эссе зиндагинома, тарчумаи холи, мероси, шеърхо, ашъори Давлатшохи Самарканди.


Мавзӯъ: Давлатшоҳи Самарқандӣ в а мероси адабии ӯ

Нақша:

 Муқаддима

  1. Ҳаёти мухтасари шоир
  2. «Тазкиратушшуаро» – ягона ва асоситарин асари қомили Давлатшоҳи Самарқандй
  3. Мӯҳтавои «Тазкиратушшуаро» ва арзиши илмиву адабии он

Хулоса

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Давлатшоҳи Самарканда дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун тазкиранавис маълуму машҳур аст. У соли 1437 дар яке аз марказҳои илмиву адабии ҳамонвақта шаҳри бостонии Самарканд ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоии ӯ таҳти сарпарастии падараш, ки аз шахсони бофазлу дониш будааст, мегузарад. Падараш Алоуддавлаи Бахтшоҳй ба таълиму тарбияи фарзандаш бевосита машғул будааст. Бо ёриву дастгирии падар Давлатшоҳ аз тамоми илмҳои замонааш бархӯрдор мешавад. Баъди ба камол расидан, бо ҳамроҳии падар ба дарбори Шоҳрухмирзо ва Ҳусайн Бойқаро даъват карда мешавад. Муддате дар дарбор бо аҳли илму адаб аз наздик ошно мешавад. Давлатшоҳ дарборро базудй тарк мекунад. Дар ин бора худи ӯ чунин мефармояд: «… Аммо, нафасро дар маросими он хидмат номақбул дидам..,. Ва пой аз он даркашидам».

Давлатшоҳ беиггари вақти хешро ба таҳлилу баррасии осори бузургон ва _сӯҳбати аҳли илму адаби замони худ сарф мекардааст. У бо намояндагони мактаби адабии Ҷомй ва, бевосита, бо худи ӯ робитаи қавй дошт ва ин амали неки худро то охирҳои умр идома додааст. Давлатшоҳ дар ин муддат доир ба аҳволи шоирон ва адибони замони худ маводи зиёде ҷамъоварй намуд. Ҳамаи ин маводро ҷамъоварй намуда, асари бузурги худ «Тазкиратушшуаро»-ро таълиф мекунад. Давлатшоҳ баъд аз 4 соли таълифи асари худ соли 1491 вафот мекунад.

Давлатшоҳ мероси адабии зиёде надорад. Аз ӯ танҳо ҳамин тазкира боқй мондааст. Аз гуфтаи баъзе сарчашмаҳо бармеояд, ки ӯ табъи шоирй низ доштааст. Намунаи ашъори ӯ, ки аз рубой, қасида, қитъа иборат будааст, дар «Тазкиратушшуаро» оварда шудааст.

Асари шоир аз муқаддима, 7 табақа ё аз 7 боб ва хотима иборат будааст. «Тазкиратушшуаро» асаре будааст, ки дар бораи зиёда 141 нафар шоирону нависандагон маълумот дода, аз эҷодиёт ва мероси адабии онҳо намунаҳо меоварад. Асари шоир аз маълумотҳои илмиву адабй иборат аст. Давлатшоҳ дар тазкираи худ дар бораи он шоирону нависандагоне маълумот додааст, ки онҳо дар байни мардум маълуму машҳур будаанд. Бештари онҳо соҳибдевон буда, дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик мақоми баландеро касб кардаанд. Фикру андешаи хешро доир ба устод Рӯдакй, Масъуди Саъдй Салмон, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавй, Хусрави Деҳлавй, Ҳасани Деҳлавй, Ибни Ямин, Убайди Зоконй, Камол, Ҳофиз баён намуда, ба эҷодиёти онҳо баҳои баланд медиҳад.

Яке аз хусусиятҳои хуби тазкираи шоир дар он аст, ки тамоми ҳодисаву воқеаҳо ва маълумотҳои заруриро дар барои ин ё он шоир ба таври муфассал меоварад. Тазкира.и Давлатшоҳи Самарканда як давраи дурударози таърихиро дар бар мегирад. Дар «Тазкиратушшуаро» адабиёти қариб 600-солаи форсу тоҷик ва намояндагони аҳли илму адаби он зикр ёфтааст. Ҳамаи он маълумотномаҳои овардаи Давлатшоҳ бо далелҳои эътимодбахш асоснок карда шудаанд.

Дар ҳақиқат, «Тазкиратушшуаро» имрӯз ҳам дар таърихи адабиёт аҳамияти бузурги илмй дорад. Забон ва услуби нигориши тазкира хеле содаву равон мебошад. Тазкираи Давлатшоҳи Самарқандй бо забонҳои туркй ва русй тарҷума шудааст.

ҚаблӣВазъияти сиёси-адаби, илм ва мадани дар асрхои IX-X (9-10)
БаъдӣВазъияти сиёси ва хаёти мадани-адаби дар асри XX