Сухандон бошед, дӯстон!

Андар пешӣ ҷустан дар сухандонӣ

Эй писар, бояд ки мардум сухандону сухангӯй бувад ва аз бадон сухан нигоҳ дорад. Аммо ту, эй писар, сухан рост гӯй ва дурӯғгӯй мабош ва хештан ба рост гуфтан маъруф кун то агар ба зарурат дурӯғе аз ту бишнаванд, бипазиранд. Ва ҳарчӣ гӯйӣ, рост гӯй. Валекин рости ба дурӯғ монанда магӯй, ки дурӯғи ба рост монанда беҳ, ки рости ба дурӯғ монанда, ки он дурӯғ мақбул бувад ва он рост номақбул.

Аммо бидон, ки сухан аз чаҳор навъ аст: яке надонистаниву нагуфтанӣ ва яке ҳам донистаниву ҳам гуфтанӣ. Ва яке гуфтанисту нодонистанӣ ва яке донистанисту ногуфтанӣ…

… Ва он ки ҳам донистаниву ҳам гуфтанист, сухане бувад, ки ба ҳар ду ҷаҳон ба кор ояд, аз гуфтану шунидани он гӯянда ва шунавандаро нафъ бувад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ва он ки донистаниву ногуфтанӣ чунон бувад, ки айби муҳташаме ё айби дӯсте туро маълум шавад, то аз тариқи ақл ё аз кори ҷаҳон туро тахайюле бандад, ки он на шаръ бувад. Чун бигӯйӣ, ё хашми он муҳташам туро ҳосил ояд, ё озори он дӯст ё бими шӯридани ғавғову омма бувад бар ту, пас он сухан донистанӣ буваду ногуфтанӣ. Аммо аз ин чаҳор навъ, ки гуфтам, беҳтарин он аст, ки ҳам донистанисту ҳам гуфтанӣ. Аммо ин чаҳор навъ сухан ҳар якеро ду рӯ аст: яке неку ва яке зишт.

Сухан, ки бар мардумон намойӣ, накутарин намой то мақбул бувад. Мардумон дараҷаи ту бишносанд, ки бузургону хирадмандонро ба сухан бидонанд, на суханро ба мардум, ки мардум ниҳон аст зери сухани хеш. Чунонки ба тозӣ (арабӣ) гӯянд: «Ал-маръу махбузун таҳта лисониҳӣ» (яъне мард дар зери забонаш нуҳуфта аст). Ва сухан бувад, ки бигӯям ба иборате, ки аз шунидани он рӯҳ тоза шавад ва ҳамон сухан ба иборате дигар битавон гуфт, ки рӯҳ тира гардад…

Шунидам, ки Ҳорунуррашид хобе дид бар он ҷумла, ки пиндоштӣ, ки ҷумлаи дандонҳои ӯ аз даҳон берун афтодӣ ба як бор. Ба имдод муаббиреро (таъбиркунандаи хоб) бихонд ва пурсид, таъбири ин хоб чист?

Муаббир гуфт: – Зиндагонии амирулмуъминин дароз бод! Ҳама ақрабои ту пеш аз ту бимиранд, чунонки кас аз ту намонад.

Ҳорунуррашид гуфт: – Ин муаббирро сад чӯб бизанед, ки вай инчунин сухани дарднок чаро гуфт дар рӯйи ман. Чун ҷумла қароботи (хешу табор) ман пеш аз ман бимиранд, пас он гоҳ ман кӣ бошам?

Хобгузори дигарро фармуд овардан ва ин хобро бо вай гуфт.

Хобгузор гуфт: – Бад-ин хоб, ки амирулмуъминин дидааст, далел кунад, ки амирулмуъминин дароззиндагонитар аз ҳама ақрабо бошад.

Ҳорунуррашид гуфт: «Далел-ул-ақли воҳидум» (яъне далели хирад якест). Таъбир аз он берун нашуд. Аммо аз иборат то иборат бисёр фарқ аст. Ин мардро сад динор фармуд.

Одоби сухан кардан бо мардумон

Ва ба донистани розе, ки тааллуқ ба неку бади ту надорад, рағбат манамо ва ҷуз бо худ бо кас рози хеш магӯй. Агар бигӯйӣ, он суханро аз он пас роз махон. Ва пеши мардумон бо кас роз магӯй…

Ҳар сухан ки бигӯянд, бишунав, лекин ба кор бастан машитоб… Ва сардсухан мабош, ки сухани сард чун тухмест, ки аз вай душманӣ рӯяд… Ва ҳарчанд поку порсо бошӣ, хештанситой мабош… Ва бикӯш то сутудаи (яъне лоиқи таъриф) мардумон бошӣ, на сутудаи хеш.

Аз “Қобуснома”-и Унсурмаолии Кайковус


Сухандон бошед, дустон!, Андар пеши чустан дар сухандони, Аз “Кобуснома”-и Унсурмаолии Кайковус

ҚаблӣИлми ботаника (Ботаника чист?)
БаъдӣУзвҳои рустанӣ (Узвхои растани)