Саъдӣ ва подшоҳи ноинсоф

Саъдии Шерозӣ

Муътақиф1 будам дар Димишқ ки яке аз мулуки араб, ки ба беинсофӣ мансуб буд, иттифоқан ба зиёрат омаду намоз кард ва ҳоҷат хост.

Он гоҳ маро гуфт:

-Аз он ҷо, ки ҳиммати дарвешон аст ва сидқи муомилати эшон, хотире ҳамроҳи ман кунед,2 ки аз душмани саъб3 андешанокам.

Гуфтамаш:

-Ба раияти заиф4 раҳмат кун, то аз душмани қавӣ заҳмат набинӣ!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

ФАРД

Ба бозувони тавонову қуввати сари даст,
Хатост панҷаи мискини нотавон бишкаст.


Ҳар он, ки тухми бадӣ кишту чашми некӣ дошт,
Димоғи беҳуда пухта, хаёли ботил5 баст.
Зи гӯш пунба берун ору доди халқ бидеҳ;6,
В-гар ту менадҳӣ дод, рӯзи доде ҳаст!


Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!


Калимаю ибораҳои тоза

  1. Муътакиф – шахсе, ки дар масҷид ҷой гирифта, ибодат мекунад.
  2. Хотире хамроҳи ман кунед – яъне маро дуо кунед.
  3. Саъб – пурхатар, хатарнок,сахт.
  4. Раият – халқ.
  5. Ботил – ночиз, ноҳак.
  6. Доди халқ бидеҳ – яъне ба доди халқ бирас.
ҚаблӣПанду андарз аз Саъдии Шерозӣ
БаъдӣШуҷоати маликзода (ҳикоя аз Саъдии Шерозӣ)