Дар тарбия ба ҷиҳатҳои мусбат такя кардан

Дар тарбия ба чихатхои мусбат такя кардан, Дар тарбия ба ҷиҳатҳои мусбат такя кардан


Агар шумо дар дастпарвари худ заррае ҷиҳати хубро зоҳир намоед ва ба он беҳбудӣ такя карда кор гиред, онгоҳ муаммои ботини ӯро кашф мекунед, дар тарбияи вай ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил хоҳед шуд. Педагогҳои донишманд суботкорона ҷустуҷӯ мекунанд, ки ақалан дар толибилми тарбияаш душвор ягон сифати мусбатро дарёбанд ва ба он такя намуда, дар ташаккули вай ва дигарон таъсири мусбат расонанд. Ин тарзи корбарӣ нафақат ба худи вай, ҳамчунин ба ҳамсинфонаш низ намунаи ибрат мегардад. Дар ин масъала мардуми мо аз андарзи «Дар, ба ту мегӯям, девор, гӯш дор» хуб истифода мебаранд.

www.donishju.net

Талаботи принсипи мазкур – дар тарбия ба хислатҳои хуб такя кардан аст. Педагог бояд дар дастпарварон сифатҳои ба мардум писандшавандаро пайдо кунад ва ба он пайравӣ намуда, рафторҳои ношоямро ислоҳ намояд. Ин принсипро ҳангоми худтарбиякунӣ ва азнавтарбиякунӣ бештар истифода мебаранд.

Асоси фалсафии ин принсип – қоидаи маълуми файласуфӣ «мухталифият» нисбати табиати инсонаст. Дар одаме, ки сифатҳои муҳим (дӯст доштани ҳайвонот, паррандаҳо, некхоҳии табиӣ, меҳрубонӣ, олиҳимматӣ ва ғ.) ҳаст, метавонад бо осонӣ ва осоиштагӣ бо рафторҳои ношоями худ (ноистодагарӣ дар қавли худ, сохтакорӣ, дурӯғгӯӣ, фитнагарӣ, хасисӣ, коҳилӣ ва ғ.) хайру хуш кунад, ба рафторҳои неки инсонӣ рӯ оварад. Одами комилан сад фоиз ҷиҳатҳои «мусбатдошта» ё тамоман ҳаматарафа «бадрафтор» намешавад. Фақат ба он саъю кӯшиш кардан лозим аст, ки одам сифатҳои муфидро зиёд гирад, рафторҳои ғайримақбулаш кам шавад. Вазифаи асосии тарбиявии ин принсип ҳаминро тақозо мекунад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Барои он ки фаъолияти мураббӣ барор гирад ва зуд натиҷаҳои хуб диҳад, ба қоидаҳои иҷроиши принсип риоя кардан лозим аст.

Дар раванди тарбия тақобул, муборизаи мураббӣ бо тарбияёбанда, муқобил гузоштани нерӯ ва мавқеъ мумкин нест. Фақат ҳамкорӣ, тоқатоварӣ ва ба тақдири тарбиягиранда ғамхорӣ намудани тарбиягар натиҷаҳои судбахш медиҳад.

Диққатро фақат ба таъкиди саҳву хатоҳо ва камбудиҳои рафтори мактабиён равона кардан ҳам мумкин нест. Устодони тарбия бархилофи ин ҳаракат карда, ҷиҳатҳои муфидро дастгирӣ мекунанд. Албатта сифатҳои ғайримақбулро маҳкум ва ислоҳ намудан лозим аст. Муҳимаш хусусиятҳои шоистаро ташаккул додан, афзун гардонидан мебошад.

Ҳамеша ба ҷиҳатҳои мусбӣ пайравӣ намуда, сифатҳои манфиро рафъ намудан роҳи дурусти педагогӣ мебошад. Маҳз бо ҳамин роҳ вазифаҳо фаҳмидагирӣ, дӯст доштани табиат ва вазифаҳои зиёди тарбияи меҳнатӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ ва ғ. – ро ҳал кардан мумкин аст.

Ҷанбаи муҳими дигари принсипи такягоҳи аз рӯҳафозоӣ иборат аст. Ҳамин ки заррае пешравӣ дида шуд тарбияёбандаро бо ифодаҳои рӯҳафзоӣ («офарин», «бале», «қобилак шудаӣ», «фикрат ба ҷо», «оянда дори» ва ғ.) ҳавасманд гардонидан аст. агар тарбиягар мудом камбудиҳои бачаро ёдовар шавад, вай ба қувва ва қобилияти худ бовариро гум мекунад.

Тарбиягарони таҷрибакор бештар бо рӯҳафзоӣ ба олами ботини ниҳони бача такон оварда, ба натиҷаҳои беҳтарин ноил мегаранд. Аз ин лиҳоз педагогро муҳандиси рӯҳи одамизод меноманд.