Миқёс ва намудҳои он (Масштаб дар харита)

Аз таърифи нақша фаҳмидем, ки миқёс (масштаб) шакли хурдкардаи қитъаи сатҳи Замин мебошад. Барои хурд карда ба нақша гирифтани қитъаи сатҳи Замин аз миқёс истифода мебаранд. Дар маҳале, ки мо онро ба нақша мегирем, масофа бо метр ва километр чен карда мешавад. Мувофиқи миқёси интихобкарда онҳоро ба сантиметр ва миллиметр гардонида нақшаи маҳалро тартиб медиҳанд.

Миқёс гуногун мешавад: адади, хаттӣ ва номӣ.

1.Миқёси ададӣ. Пеш аз он ки бо миқёси ададӣ шинос шавем, бояд донист, ки худи миқёс чист?

Миқёс чист?

Миқёс адади касрӣ буда, сурати он воҳид ва махраҷи он шумораест, ки дар нақша нисбат ба маҳал чанд маротиба хурд карда шудани масофаи аслиро ифода мекунад.

Агар мухтасар гӯем, миқёс нисбати масофаи нуқтаҳо дар нақша бар масофаи аслии онҳоро нишон медиҳад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Миқёс дар ҳама қисми нақша як хел аст. Он ба мо бузургии назар ба маҳал дар нақша хурд кардани масофаро аниқ нишон медиҳад. Барои мисол нақшаи дар миқёси 1:1000 тартибдодаро (расми 7) таҳлил мекунем. Дар он ҳудуди маҳал (тамоми масоҳати маҳал) нисбат ба аслаш 1000 маротиба хурд карда ба нақша гирифта шудааст. Дар поёни нақша таносуби 1:1000 навишта шудааст, ки онро миқёси ададӣ меноманд, чунки вай фақат бо адад ифода шудааст. Он дар нақша нисбат ба маҳал чанд маротиба хурд кардани масофаро ифода мекунад. Дараҷаи хурд кардани масофаро аз рақами махраҷи касри миқёси ададӣ фаҳмидан мумкин аст. Агар рақам дар махраҷи каср ҳар қадар калон бошад, масофа дар нақша мутаносибан ҳамон қадар хурд, агар хурд бошад, калон нишон медиҳад.

2. Миқёси хаттӣ.  Дар нақша миқёси хаттӣ бо хатҳои рост ифода карда мешавад. Онро ба қисматҳои баробар тақсим намуда, дар ҳар як ҳиссаи тақсимшуда масофаи аслӣ, яъне ба маҳал баробар менависанд. Аз ин сабаб ин миқёсро миқёси хаттӣ меноманд. Кашидан ва тартиб додани он душвор нест. Барои ин аввал дар охири қисми чапи нақша хатҳои рости мувозӣ кашида, ба миқдори 1 см ҷудо карда, аз тарафи рости он 0 мегузорем. Баъд аз он ин 1 см-ро ба 10 ҳиссаи баробар тақсим мекунем. Сипас аз 0 сар карда порчаи боқимондаи хатҳои ростро бо қисмҳо (1 см) тақсим карда, дар болои ҳар як қисм масофаи аслии ба маҳал мувофиқбударо менависем (расми 8).

8. Ҳолати паргор ҳангоми чен кардани масофа дар нақша

Ин намуди миқёсро ҳангоми аз рӯйи нақша иҷро кардани корҳои ченкунӣ васеъ истифода мебаранд. Тавассути он масофаи байни нуқтаҳо ва андозаи объектҳои дар нақшаи маҳал сабтгардида хеле аниқ чен карда мешавад. Аз рӯйи миқёси хаттӣ ва бо ёрии паргор на танҳо дарозии хатҳои рост, балки дарозии хатҳои каҷро ҳам муайян кардан мумкин аст.

  1. Миқёси номӣ. Барои саҳеҳтару беҳтар кашидан ва чен кардани масофаи байни нуқтаҳо ва андозаи ашё дар нақша аз миқёси номӣ истифода мебаранд. Одатан, онро бо калима ифода мекунанд. Дар нақшае, ки бо миқёси ададӣ 1:1000 тартиб дода шудааст, 1 см дар нақша ба 1000 см дар маҳал рост меояд. Агар онро бо миқёси номӣ ифода намоем, дар ин сурат вай чунин навишта мешавад: 1 сантиметр = 10 метр. Инро бузургии миқёс меноманд. Барои он масофаи байни ду нуқтаи маҳалро муайян карда, дар нақша кашида мешавад. Ҳамин тавр, миқёсеро, ки бо калима ифода карда мешавад, миқёси номӣ меноманд. Масалан, аз рӯйи нақша муайян кардан лозим аст, ки дарозии боғи назди мактаб чӣ қадар аст? Агар дарозии боғи назди мактаб дар нақша 7 см ва бузургии миқёс 10 м бошад, барои ёфтани дарозии аслии боғ 7-ро ба 10 м зарб мезанем: 7х10 м.=70 м. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки дарозии боғи мактаб 70 м будааст.

Одатан, дар нақшаҳо маҳалро дар миқёси на хурдтар аз 1:10000 инъикос мекунанд. Дар поёни нақша ҳар се намуди миқёс: ададӣ, хаттӣ, номӣ навишта мешаванд.

Нақша ва харита

Саволҳо

  1. Микёс чист? Он барои чи лозим аст?
  2. Кадом намуди микёсро медонед ва онхо аз якдигар чи фарк доранд?
  3. Дар микёси адади чанд маротиба хурд кардани масофаро чи тавр фахмидан мумкин аст?

Микёс ва намудхои он, намудхои микёс, Микёси адади, Микёси хатти, Микёси номи, масштаб бо забони точики, масштаб дар харита, ченкунии масштаб.

ҚаблӣАломатҳои шартӣ (дар харита)
БаъдӣМаҳал (Самт ва Уфуқ)