Достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» – и Амир Хусрави Деҳлавӣ

Достони «Дувалрони ва Хизрхон» – и Амир Хусрави Дехлави – иншо эссе.


Мавзӯъ: Достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» – и Амир Хусрави Деҳлавӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Ҳаёти мухтасари шоир
  2. Мазмуни асосии достон
  3. Тараннуми ишқу муҳаббати инсонй ва дӯстиву садоқатдар достон

Хулоса

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Амир Хусрави Деҳлавӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун шоир ва нависандаи хамсанавис эътироф гардидааст. У намояндаи бузурги аҳли илму адаби тоҷикзабонони Ҳиндустон буда, соли 1253 дар мавзеи назди Деҳлй ба дунё омадааст. Баъд аз хатми таҳсили Мадраса ба шеъру адаби форей шавқу ҳаваси зиёде пайдо мекунад ва дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун шоири мумтоз шӯҳрати зиёде касб менамояд.

Амир Хусрави Деҳлавӣ шоири сермаҳсул буда, эҷодиёти рангин дорад. Эҷодиёти ӯ асарҳои зиёди назмию насрй ва девони ғазалиётро дар бар мегирад.

Мавзӯи дӯстиву рафоқат дар эҷодиёти шоир мавқеи хоса дорад. Аз ин рӯ, ӯ дойр ба дӯсткву рафоқати байнд инсонҳо дар ҷамъият асаре эҷод намудааст, ки бо номи «Дувалронй ва Хизрхон» дар адабиёти классики ёд карда мешавад. Дэр ин достон мавзӯи ишқу муҳаббати поки инсонй тараннум карда 1лудааст. Бояд зикр намуд, ки дар баробари ин кинаю адоват, рашку ҳасади инсонҳо дар ҷамъият душманию нотавонбинии онҳоро танқиду мазаммат карда мешавад. Мазмун ва мундариҷаи достон ба ҳодисаву воқеаҳои хонадон ва сулолаи яке

аз шоҳони замони Амир Хусрав бо номи Алоуддини Хилҷӣ алоқамандиву вобастагй дорад. Аз рӯйи накду ривояти шоир достони мазкур хаёлй набуда, балки асоси воқей доштааст.

Дар ҷангҳои байниҳамдигарии шоҳони ҳамон давр Дувалронй ном ҳиндудухтаре асир афтода, ба дарбори султон Алоуддавла оварда мешавад. Дар дарбори шоҳ писари даҳсолаи шоҳ-Хизрхон бо Дувалронй, ки ҳамагй ҳаштсола буд, бо ҳам бозй мекарданд. Бо гузашти вақт байни онҳо муносибати дӯстиву рафоқат барқарор карда мешавад. Ниҳоли дӯстии онҳо мустаҳкамтар мешавад. Дӯстии байниҳамдигарии онҳо ба ишқу муҳаббат табдил меёбад. Чун ҳамеша, аз муҳаббати дилдодагон волидайни онҳо хабар ёфта, онҳоро аз ҳам ҷудо месозанд.

Волидайн, ҳатто, аз нигоҳи мазҳабӣ байни онҳо тафриқа меандозанд, ба хонадоршавии онон монеъ мешаванд. Падари Хизрхон аз ӯ напурсида, духтари тағояшро барои ӯ ҳамчун арӯс интихоб менамояд. Хизрхон бошад, аз ин амали падар сахт ошуфта мешавад. У ҳамеша дар хобу хаёли Дувалронй буд. Онҳо ба ҳам нома навишта ҳамдигарро ба бевафой айбдор мекунанд. Хизрхон бар муқобили фикру андешаҳои волидайни худ баромада, аз духтари тағояш ҷудо мешавад ва Дуволрониро ба акди никоҳи худ медарорад.

Бадгӯёну нотавонбинон ба падари Хизрхон ҳар хел фикрҳои бадро мерасонанд, ки гӯё Хизрхон толиби тоҷу тахт бошад. Падар аз он гуфтаҳои душманон ба хашм омада, уро дар зиндони маҳбусон ҳабс менамояд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ошиқон бо ҳам вомехӯранд. Дар ин миён Алоуддин вафот мекунад. Ноиби ӯ, ки хостори тоҷу тахти шоҳӣ будааст, идораи мамлакатро ба дасти худ мегирад ва Хизрхони маҳбусро бо лагадкӯбиҳои зиёд кӯр мекунад. Сипае, тарафдорони Хизрхон бошанд, шоҳро нобуд месозанд^Муборакшоҳ, ки яке аз писарони шоҳ буд, ба сари тахт нишаст. У ниҳоят шахеи разилу фитнакор будааст. Муборакшоҳ ба корҳои бад даст зада, мехосг, Дувалрониро аз они худ намояд. Кор то ба ҷое расид, ки ҳатто барои қатли бародараш фармон содир намуд. Дувалронй аз марги Хизрхон хабар ёфта, худро огаш зада худсӯзй мекунад.

Шоир дар достон ба воситаи тасвири ишқу муҳаббаттт ҷавонон масъалаҳои дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои ҳиндуҳо ва мусулмононро ба миён гузоштааст. Амир Хусрав дар он замоч аввалин шуда, бо васфу ситоиши симои намояндагони ду гурӯҳи иҷтимой дӯстиву рафоқати онҳоро тарғибу ташвиқ намудааст.

ҚаблӣВазъияти сиёси ва хаёти мадани-адаби дар асри XX
БаъдӣДостони «Лайли ва Маҷнун» – и Шамсиддин Шоҳин