Иштироки Чумхурии Точикистон дар системаи логистикии байналхалки (кори курси)

КОРИ КУРСӢ аз фанни «Фаъолияти иқтисодии байналхалқии корхона»

дар мавзӯи «Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи логистикии байналхалқӣ бо назардошти шароитҳои ҷӯғрофии мамлакат»


КОРИ КУРСИ аз фанни «Фаъолияти иктисодии байналхалкии корхона»

дар мавзуи «Иштироки Чумхурии Точикистон дар системаи логистикии байналхалки бо назардошти шароитҳои чугрофии мамлакат»


груз Таджикистан Логистика в Таджикистане

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Кори курсиро боргирӣ кунед (скачать)


МУНДАРИҶА

Сарсухан

БОБИ 1. НАЗАРИЯИ ПАЙДОИШИ МАФҲУМҲОИ ЛОГИСТИКА ВА МОҲИЯТИ ОНҲО ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

1.1. Таърихи пайдоиши логистика ва асосҳои назариявии он

1.2.  Моҳияти системакунонии логистикаи тиҷоратӣ

БОБИ 2. ЛОГИСТИКАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ОНҲО

2.1. Интихоби намуди нақлиёт дар минтақаи Тоҷикистон

2.2. Иттиҳодияи Аврупоии Иқтисодӣ (ЕврАзэс) ва Тоҷикистон

БОБИ 3. ИМКОНИЯТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НИСБАТИ ТАШКИЛИ МАРКАЗҲОИ ЛОГИСТИКӢ

3.1. Банақшагирии ташаккули маркази логистикӣ бо назардошти шароитҳои ҷуғрофӣ

3.2. Коркарди ҷойгиркунии маркази логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хулоса

Адабиётҳои истифодабурдашуда


Сарсухан

Имрӯзҳо идоракунии ҷараёнҳои инсонӣ, энергетикӣ, молиявӣ ва ғайра, ки дар системаҳои иқтисодӣ мавҷуданд, ба логистика дохил мекунанд.

Фанни мазкур логистикаро ҳамчун назария ва амалии идоракунии ҷараёнҳои моддӣ ва иттилоотии ба он алоқамандро дида мебарояд.

Идоракунии ҷараёнҳои моддӣ дар системаҳои иқтисодӣ инҳоро дар бар мегирад: амалиёти бевосита бо ҷараёнҳои моддӣ; амалиёти тиҷоратӣ, ки дар натиҷаи он шартномаи тарафҳо оиди гузаштани ҷараёнҳо ва нишондиҳандаҳои он; ҷустуҷӯи намудҳои ратсионалии хизматрасонии нақлиётӣ-экспедитсионии қабулкунандагони бор; муайянкунии роҳҳои беҳтарини ҳаракати ҷараёнҳои моддӣ, ва инчунин ҷойҳое ҷамъшавии он ва ғайра.

Идоракунии ҷараёнҳои моддӣ аз ду қисм иборат мебошанд.

–  қабули қарор;

–  амалигардонии қарори қабулшуда.

Вобаста ба ин мафҳуми логистикаро ҳамчун илм ва фаъолияти хоҷагидорӣ фарқ мекунанд:

  1. Логистика — илм дар бораи нақшагирӣ, назорат ва идоракунии боркашонӣ, анборкунӣ ва дигар амалиёти моддӣ ва ғайримоддӣ, ки дар раванди бурда расонидани ашё ва мавод то корхонаи истеҳсолкунанда, коркарди дохили корхонавии ашё, мавод ва масолеҳи нимтайёр, расонидани моли тайёр то истеъмолкунанда, бо назардошти талаботи ӯ, инчунин дастраскунӣ, нигаҳдорӣ ва коркарди маълумоти мувофиқ, мебошад.
  2. Логистика — раванди идоракунии ҳаракат ва нигаҳдории ашё, қисматҳо ва маҳсулоти тайёр дар гардиши хоҷагидорӣ ҳангоми пардохти маблағ барои дастраскунии маҳсулоти тайёр ба истеъмолкунанда (қоидаи пардохти маблағ қабули пардохт) мебошад.

Объекти омӯзиши логистика ҷараёнҳои дар байн буда, мебошад.

Предмети омӯзиши логистика оптималӣ гардонии ҷараёҳои моддӣ, хизматрасонӣ ва ҷараёнҳои ба он алоқаманд мебошад.

Кори курсиро боргирӣ кунед (скачать)

ҚаблӣҲамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо
БаъдӣНазарияи пайдоиши мафҳумҳои логистика