Мавзӯи 8. Моҳият ва мазмуни раванди тарбия

Мавзӯи 8. Моҳият ва мазмуни раванди тарбия, Мохияти раванди тарбия ва мазмуни раванди тарбия


Нақша

  1. Хусусиятхои раванди тарбия
  2. Диалектикаи раванди тарбия
  3. Шахсияти тарбиягар
  4. Система ва таркиби раванди тарбия
  5. Конуниятхои умумии раванди тарбия
  6. Мазмуни раванди тарбия
  7. Ташхиси тарбия

1.Хусусиятҳои раванди тарбия

Дар яклухтии раванди педагогӣ ҷараёни тарбия ҷои махсусро ишғол мекунад. Моҳият, мавқеъ ва нақши ин равандро аз сохти раванди умумии ташаккули шахсиатиаш ҳам фаҳмидан мумкин аст (ниг. нақшаи 12). Дар он қисме, ки ташаккули шахсият идоракунандааст, характери назорат дар он ҷое, ки одамон шууронагии азмро роҳбарӣ доранд, он ҷо амалиёт на стихиявӣ, балки ба нақшаи пешбинишуда мувофиқи вазифаҳои гузошташудаи тарбия сурат мегирад. Тарбия ин раванди мақсадноки ташаккулёбии шахсият аст. Ин идорашаванда ва назоратшавандаи ҳамкории тарбиятгар ва тарбиягирандагон, ки мақсади ташаккул додани шахсиятро барои ҷомеа зарур ва муфид мебошад, махсусан ташкил карда мешавад.

Мавзӯро пурра хонед >>

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2.Диалектикаи раванди тарбия

 Раванди трабия диалектикист. Ин бо он ифода меёбад, ки он мунтазам инкишофёбанда, динамикӣ, муттаҳаррик, тағйирёбанда аст, он бо таъсири тарбия мутобиқи синну сол ва талаботи замон инкишоф ёфта меистад. Аммо ин тавр ҳам мешавад, ки як воситаи тарбия дар як шароит ба яке таъсири зиёд, ба дигаре бефарқ мегузорад.

Диалектикаи раванди тарбия дар мухолифатҳои ботинӣ ва зоҳирӣ зоҳиру ошкор меёбад. Маҳз мухолифатҳо ҷараёни нерӯи динамикиро пайдо мекунанд. Яке аз асостарини мухолифати ботинӣ, ки дар тамоми ҳаёти шахсият арзи вуҷуд мекунад, пайравии мухолифати нав – қонеъгардонии имконияти он мебошад.

Мавзӯро пурра хонед >>


3.Шахсияти тарбиягар

 Шахсияти тарбиягар яке аз омилҳои муҳими объекти тарбия аст. Ягон китоби илмӣ мисли ҳамкории таъсирбахши тарбиягар қобили қабули инъикоси муносибаткунии рӯҳи инсонӣ нозукии тобишҳои муносибати байни шахсиро гирифта наметавонад.

Нақши тарбиягар дар раванди тарбияи муосир нафақат тамоми таъсири тарбия ва роҳбариро ба дасти худ фаро гирифтан, балки ташкил кардан ва роҳбариро ба тариқи демократӣ ҷорӣ намудан аст.

Мавзӯро пурра хонед >>


4.Система ва таркиби раванди тарбия

 Раванди тарбия – системаи мураккаб, динамикӣ ва ҳар қисмати ин система дар навбати худ ҳамчун система ва мазмуни қисматҳои худро дорад. Мувофиқи принсипи системаи иерархӣ (дараҷаҳо) ҳар система фақат аз як қисми хеле возеҳ иборат аст. Масалан, ҳар кадом марҳалаи раванди тарбия нисбатан ҳамчун унсур муносибат дорад, вале худаш дар худ низ система ва дар як вақт системаи ояндаи маълумот мебошад, ки бештар дар нақши унсури система баромад мекунад. Ҳар кадом система бидуни муҳити муайян вуҷуд дошта наметавонад, он метавонад фақат дар якҷоягӣ амал кунад. Ана барои ҳамин ҳам рафти система ба таҳлили раванди тарбия ҳатман алоқаманд бо муҳит омӯхта мешавад.

Мавзӯро пурра хонед >>


 5.Қонуниятҳои умумии раванди тарбия

 Худуди амалиёти қонуниятҳои умумӣ дар тамоми системаи раванди тарбия паҳн карда мешавад. Қонуниятҳои умумӣ алоқаи байни қисматҳои бештар муҳиму зарурии раванди мазкурро ифода мекунанд. Қонуниятҳое, ки алоқамандии қисматҳои равандро муайян мекунанд, ҷузъ (аниқ) ном доранд. Раванди тарбия ба қисми бештари раванди педагогикаи умумӣ, ба қонуниятҳои раванди мазкур итоат мекунад. Ба ғайр аз ин дар он пайдо мешаванд ва хусусияти бо дигар системаҳо низ алоқамандӣ доранд, ки инкишоф ва ташаккулёбӣ мебошад. Аз ин боз нисбати мураккабӣ ва бисёрсоҳагии раванди омӯхтаистода хулоса баровардан мумкин аст. Табиист, қонуниятҳое таҳлил карда мешаванд, ки ҳамаи алоқаҳоро ифода намекунанд, онҳо фақат қисми хурди таҳлилшавандаи системаи тааллуқдор мебошанд.

Мавзӯро пурра хонед >>


6.Мазмуни раванди тарбия

 Дар таҳти мазмуни тарбия системаи донишҳо, эътиқод, малакаҳо, сифат ва хислатҳои шахсият, одатҳои устувори рафтор фаҳмида мешавад, ки бояд талабаҳо мувофиқи мақсад ва вазифаҳои гузошташударо азхуд кунанд. Тарбияи фикрӣ, ҷисмонӣ, меҳнатӣ ва политехникӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ дар ягонагии аклухти раванди педагогиро ташкил намуда, имконият медиҳанд, ки ба мақсади асосии тарбия – рушди мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият ноил шаванд.

Мавзӯро пурра хонед >>


7.Ташхиси тарбия

Чунон ки мо медонем, тарбия раванди бомухолифат ва дарозмуддат аст. Дар он душвориҳои ҷиддӣ рӯй дода меистад, баъзан канда мешавад. Натиҷаҳои тарбия гоҳо хусусияти дуродурро мегирад, ки ба ҳисобгирии онҳо душворӣ меорад. Тарбия пеш аз ба мактабоӣ сарчашма гирифта, дар равандди фаъолияти меҳнатӣ ҳам идома меёбад. Дар синну соли муайян тарбия ба худтарбиякунӣ мепайвандад. Инчунин ислоҳи рафторҳои ношоями радшуда тавассути азнавтарбиякунӣ ба вуқӯъ мепайванданд.

Пурра ё қисман ба мақсадрасии раванди тарбияро чӣ тавр бояд донист? Табиист, ки барои ин он тарбияи қаблан гирифтаро бо натиҷаҳои тарбияи нав гирифтаи воқеӣ муқоиса кардан лозим аст. Бидуни донистани натиҷаҳои ноилшуда, ҳамчун андармиён ва охирин на банақшагирӣ, на идоракунии раванд мумикн нест. Дар таҳти натиҷаҳои раванди тарбия дараҷаи ноилгардии тарбияи шахсият ё коллектив қайд карда мешавад. Он метавонад ба нақшаи гирифташуда мувофиқат ва ё аз он фарқ кунад. Ба зоҳир намудани дараҷаи муайян ташхис ёрӣ мерасонад. Ба мо ҳоло маълум, ки ин тартиб барои муайян кардани вазъиият, зоҳир намудани сатҳи ҳақиқии тарбия хуб равона карда шудааст. Маълумотҳои омӯзиши ташхиси бо натиҷаҳои аввалини шахс муқоиса карда мешавад, фарқияти байни аввалину охирин самарабахшии раванди тарбияро муайян мегардонад.

Мавзӯро пурра хонед >>


Санҷиши контролӣ

  1. Раванди тарбия чист?
  2. Мақсаднокӣ равонакунии раванди тарбия чиро мефаҳмонад?
  3. Мураккабии раванди тарбияро чӣ муайян мекунад?
  4. Комплексии раванди тарбия дар чист?
  5. Кадом мухолифатҳо ба «ботин» ва «зоҳир» тааллуқ доранд?
  6. Моҳияти шахсияти тарбиягар дар раванди тарбия аз чӣ иборат аст?
  7. Қонунияти умумии раванди тарбияро тавсиф диҳед.
  8. Мазмуни раванди тарбия чист?
  9. Қисматҳои асосии тарбияро маънидод кунед: а) шаҳрвандӣ; б) коргар; в) оиладорӣ.
  10. Ташхиси тарбияёбӣ чӣ маъно дорад?
ҚаблӣТашхиси тарбия
БаъдӣХусияти присипхои тарбия