Шеър дар бораи хохар – хохаракам, шеъри кудакона >>
Гули анор,
Нағмаи тор,
Бӯйи баҳор,
Хоҳаракам.
Аллаи шаб,
Хандаи лаб,
Хонаи гап,
Хоҳаракам .
Мурғи саҳар,
Ширу шакар,
Ранги писар,
Хоҳаракам.
Лола ба рӯ,
Ҳалқа ба мӯ,
Ғунча ба бӯ,
Хоҳаракам.
Дасти ба даст,
Ҷӯйи ба шаст,
Барраи маст,
Хоҳаракам.
Навпару бол,
Донаи хол,
Кони савол,
Хоҳаракам.
Гулчеҳра Сулаймонӣ