Эчодиёти Чалол Икроми

Эҷодиёти Ҷалол Икромӣ, Чалол Икроми дар ин саҳифа оварда мешавад. Бо мо бошед. Эҷодиёти Ҷалол Икромӣ >>

Ҷалол Икромӣ ҳанўз дар айёми дар омўзишгоҳ хонданаш ба кори эҷодӣ сар карда буд. Он вақтҳо шеър эҷод мекард. Шеъри нахустини ў «Эй духтари ранҷбари тоҷик» ном дошта, соли 1927 ба табъ мерасад.

Устод Айнӣ пас аз мутолиаи шеър Ҷалол Икромиро наздаш даъват намуда, бо ў сўҳбат менамояд ва маслиҳат медиҳад, ки ба наср гузарад. Нависанда маслиҳати устодро қабул мекунад ва ҳамон сол (1927) ҳикояи «Шабе дар Регистони Бухоро»-ро иншо менамояд. Ҳикояро устод Айнӣ хонда, таҳрир намуд ва он дар маҷаллаи «Роҳбари дониш» аз чоп мебарояд. Ҷалол Икромӣ аз нашри ҳикояи худ беҳад шод мегардад. Дар ин бора нависанда чунин мегўяд: «Он хурсандӣ, шодмонӣ ва ифтихореро, ки бо дидани аввалин ҳикояи худ дар маҷалла ба ман рух дода буд, ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунам».

Нашри ҳикояи нахустин ба нависанда илҳоми тоза бахшид ва ў дар давоми солҳои 1928-30 як силсила ҳикояҳо, аз зумраи «Як ҳавзаи пурхун», «Ширин», «Ғалаба», «Рахти хунин»-ро эҷод намуд, ки соли 1934 дар шакли маҷмўа бо номи «Ҳаёт ва ғалаба» чоп шуданд ва дастраси хонандагон гардиданд. Соли 1935 бошад, Ҷалол Икромӣ аввалин повести худ «Тирмор»-ро иншо намуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Повести «Тирмор» ҳам аз нигоҳи мавзўъ ва ҳам аз нигоҳи сабку услуб, сюжету устухонбандӣ тозагиҳои зиёд дорад. Повести «Тирмор» нишон дод, ки нависанда дар ҷодаи адабӣ қадамҳои устувор гузоштааст ва хонандаи тоҷик аз нависанда дар оянда асарҳои сазоворро интизор аст. «Тирмор» ба мавзўи хеле муҳим бахшида шудааст. Дар он ҳаёти халқ ва кишвар бисёр воқеӣ инъикос гардидааст. Зимни образҳои мушаххас ҳодисаю воқеаҳои таърихии солҳои 20-ЗО-ум баён ёфтаанд. Дар маркази асар амалиёту муносибати ду қувваи ба ҳам зид нишон дода шудааст. Некӣ-қувваи пешбари ҷомеа дар симои Сангину Саида, Шокиру Назокат Амонов ва Иброҳим хеле возеҳ ва ҳаққонӣ ҷамъбаст ёфтаанд.

Ҷалол Икромӣ дар тўли ин солҳо ба навиштани асарҳои драмавӣ оғоз карда, асарҳои хуби драмавӣ, аз ҷумлаи «Душман» ва «Шакарханд» эҷод кардааст, ки онҳо ба мавзўъҳои мубрам бахшида шудаанд. Солҳои зиёд ин драмаҳо дар саҳнаҳои театрҳои тоҷик намоиш дода мешуданд. Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки онҳо дар тарбияи идеявӣ ва маънавии мардуми тоҷик роли калон бозидаанд.

Ҷалол Икромӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ як силсила асарҳои пурарзиш эҷод кард. Дар ин давра бештар жанри очерк инкишоф ёфт. Очеркҳои ў дар бораи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Домуллоҷон Азизов («Қаҳрамони канори Днепр»), Ҳодӣ Кенҷаев («Достони марди танкшикан») ва дигарон бо як ҳиссиёти баланд эҷод шуда, ҷавононро ба ҳимояи марзу буми кишвар, озодию худшиносӣ ҳидоят менамуданд. Ҳодӣ Кенҷаев дар яке аз мактубҳояш ба падару модари хеш чунин нигошта буд: «Шумо хотирҷамъ бошед, ки мо фарзандони Шумо бахту саодат ва ҳаёти осудаҳолонаи Шуморо аз хатари душман муҳофизат мекунем. Намегузорем, ки дасти бегонае аз гулзори Шумо гуле канад ва ё қадами хуке ба боғистони Шумо афтад».

Дар солҳои ҷанг дар саҳнаи театрҳои драмавӣ песаи «Дили модар» ва «Хонаи Нодир» намоиш дода мешуд, ки Ҷалол Икромӣ дар маркази ин ду асар талошу мубориза, қаҳрамонию далерӣ, фидокорию ҷоннисории фарзандони беҳтарини халқи тоҷикро алайҳи фашизм тасвир намудааст. Ғайр аз ин ҳаёти ақибгоҳ, меҳнату заҳмати модарону занон барои ғалаба ҳаққонӣ ба қалам дода шудаанд. Нависанда дар песаи «Дили модар» дар образи Ховархола симои модари мушфиқу меҳрубон, адолатхоҳу ҳақиқатҷўро ҷамъбаст намудааст. Дар нақши духтари Ховархола Мавҷигул образи занони меҳнатдўст, поквиҷдонро офаридааст, ки онҳо бо меҳнати ҳалол, бо саъю кўшиши зиёд дар ғалабаи сарбозони Ватан саҳмгузоранд. Мавҷигул хоҳари шафқат аст. Вай садҳо сарбозони маҷрўҳро аз майдони набард бароварда, табобат кардааст ва ба онҳо умри дубора бахшидааст. Ў дили бузургу рўҳи қавӣ дорад. Аз зарби тиру тўп наметарсад. Аз ин нигоҳ ҳам ў ҷасуру қаҳрамон аст.

Умуман, зимни асарҳои хурду калоне, ки нависанда дар ин давра эҷод кардааст, мавзўи Ватан, муборизаю талошҳои бемислу монанди фарзандони тоҷик дар солҳои ҷанг хеле барҷаста инъикос ёфтаанд.

Ҷалол Икромӣ дар солҳои пас аз ҷанг асарҳои зиёде офарид. Дар онҳо масъалаҳои муҳими рўзмарра ҳалли худро ёфтаанд. Аз тарафи дигар, сабку услуби нависанда муай

Манучеҳри Миронӣ, [04.03.21 16:20]
ян гардида, дар адабиёти муосири тоҷик симои воқеии худро равшан намуд. Повестҳои «Ситора», «Тори анкабут», «Ман гунаҳгорам» ва «Устоди ман, мактаби ман, худи ман» аз рушду камоли эҷодии адиб шаҳодат медиҳанд. Махсусан повестҳои «Ман гунаҳгорам» ва «Тори анкабут» мавқеи нависандаро ҳамчун адиби рўҳшинос, воқеъбин дар адабиёти тоҷик муайян намудаанд.

Дар маркази повести «Ман гунаҳгорам» кору зиндагӣ, ҳаёти гуногунпаҳлуи зиёиёни тоҷик инъикос ёфтаанд. Маънавиёти шахс дар оила, дар ҷомеа басо рангин ба қалам дода шудааст. Бешубҳа, дар ҳар як давру замон маънавиёт, оила ва оиладорӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мерафтанд. Дар рўзгори нависанда ҳам ин мавзўъҳо аҳамияти калон доштанд. Аз ин хотир аҳли ҷомеъа ба ин масъалаҳо сахт ниёзманд буданд. Гирудори воқеот ва ҳалли воқеии онҳо дар тарбияи насли ҷавон саҳми арзишманд гузоштанд. Нависанда зимни нақшҳои асоси Анвар, Сурайё, Салимҷон Бақоев, Саодат, Шарофатхола хислатҳои шоистаи инсон-поквиҷдонй, меҳру муҳаббати поки инсонӣ нисбати ҳаёти оилавӣ ва зимнан кибру ғурур нопокӣ, разилию қабоҳат, бемасъулиятӣ нисбат ба оилаю фарзандон ва амсоли ҳамин барин масъалаҳоро инъикос намуда, ҷамъбаст кардааст. Воқеан повест асари психологӣ буда, драматизми он қавист. Нависанда дар рафти ҳодисаю воқеаҳо, яъне дар амалиёт симои воқеии персонажҳояшро кушода додааст. Пеши чашми хонанда симои ботинии қаҳрамонони асосӣ хеле барҷаста намудор мегардад. Муваффақияти Ҷалол Икромӣ ҳам маҳз дар ҳамин мебошад.

Рўзгори тайкардаи қаҳрамонони асосии «Ман гунаҳгорам» Анвар ва Сурайё басо ибратомўз аст. Нависанда ҳаёти оилавии онҳоро реалистона ба қалам додааст. Ҳар ду омўзгоранд ва оилаи хуберо ташкил додаанд. Вале Анвар нисбати Сурайё хиёнат карда, ба Зайнаб ишқварзӣ менамояд, ба роҳи хато меравад. Аммо Сурайё масъаларо фаҳмида бо роҳу воситаҳои гуногун Анварро аз роҳи хато бармегардонад. Анвар ҳам хатои хешро фаҳмида, пушаймон мегардад ва аз «ишқи» Зайнаб даст мекашад. Умуман нависанда кору рафтори Анварро воқеӣ тасвир намудааст. Инсон бе камбудӣ намешавад. Ҳаёт пасту баландиҳои зиёд дорад. Анвар дар як давраи ҳаёташ ба роҳи хато рафт, аммо бо ёрии ёри вафодораш камбудиашро фаҳмид, ислоҳ шуд. Вале дар асл Анвар дар повест ҳамчун марди поквиҷдон, масъулиятшинос тасвир ёфтааст.

Дар нақши Сурайё Ҷалол Икромӣ хислатҳои ҳамидаи занони тоҷик-покдоманӣ, ишқи пок, поквиҷдонӣ, ростқавлию матиниродагии онҳоро ҷамъбаст намудааст. Аз ҳама муҳимаш боз он аст, ки Сурайё дар натиҷаи саъю кўшиши зиёд Анварро аз роҳи ғалат бармегардонад. Ҷалол Икромӣ нисбати Анвару Сурайё таваҷҷўҳи беандоза дошта, беҳтарин андешаҳои ахлоқии хешро дар симои онҳо ба қалам додааст.

Пас аз Инқилоби Октябр дар Бухоро вазъияти кишвар ба ҳолати ногувор афтод. Аксулинқилобчиён барои сарнагун намудани давлати навташкил аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебурданд. Одамони ба ҳукумат содиқро мекуштанд, ҳабс мекарданд ва бо баҳонаи девонагӣ ба табобатхонаи Хоҷаўбониҳо мефиристоданд. Вазнинии кор пеш аз ҳама дар он буд, ки аксулинқилобчиён бевосита дар сохторҳои давлатӣ дар вазифаҳои масъул ҷой гирифта буданд ва ҳамаи ин корҳоро аз номи ҳукумат сомон медоданд. Ҷалол Икромӣ, ки шоҳиди ин ҳодисаю воқеаҳо буд, мавод ҷамъ намуда, баъдтар асари «Тори анкабут»-ро офарид. Ҳамин тавр зимни нақшҳои асосӣ таърихи як давраи муайяни халқи тоҷикро реалистона ба қалам дод. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат повести «Тори анкабут»-ро асари таърихӣ ҳам мегўянд.

Ҳодисаю воқеаҳои асар характери қаҳрамонҳои асосии повест-Мурод, Остонзода, Акамирзо, Ғиёсиддин, Ҳалимҷон ва Лутфияро кушода, симои воқеии онҳоро равшан намудаанд. Аз тарафи дигар, мавзўъ ва проблемаи асар ҳаллу фасл гардидааст. Акамирзо ва Ғиёсиддин, ки чанд муддат дар девонахонаи Хоҷаўбонӣ маҳбус буданд, оқибат раҳо ёфта, дар кушодани хиёнат ва разолати душманони синфӣ Шайх Хоҷаўбонӣ, Нозир Афандӣ, Ҷаноби Саидӣ, Ҳамдамча ва амсоли инҳо роли бағоят муҳим бозиданд. Дар анҷоми асар сирру асрори девонахона кушода шуда, хиёнаткорон ба ҷазояшон мерасанд.

Гуфтан лозим аст, ки бо иншои асарҳои «Ман гунаҳгорам» ва «Тори анкабут» қалами нависанда бурро ва андешааш расою фарохтар гардида, барои эҷоди романҳои таърихӣ беҳтар

Романи «Шодӣ»-и Ҷалол Икромӣ (иншо)

Романи «Шодӣ»-и Ҷалол Икромӣ (иншо)

Қаблӣ#18 Саволнома бо мукофотпулӣ – 12.03.2021
Баъдӣ#19 Саволнома бо мукофотпулӣ – 14.03.2021