Дарз ва кукхои дасти.
Ҷойи буридаи пораҳои матоъ тит мешавад, бинобар ин, ҷойи буридашудаи қисмҳо бо кӯкҳои дастӣ (намудҳои бисёр доранд) ва мошинӣ (монанди дарзи – I), кӯкҳои сӯзан аз пеш ва ақиби ришта (дарзи – II), дарзи қаткунӣ (асосан барои қат кардани домани ҳамаи маснуот) ба ҳамдигар пайваст карда мешаванд.
III. Дарзи занҷирча. Ин хел дарз фақат барои ороиши либос истифода бурда мешавад.
- Дарзи кашидадӯзӣ. Ин хел дарз барои дӯхтани гулҳо, унсурҳои рустаниҳо, меваҳо, симои одамон, парандаҳо ва ғайра истифода мешавад.
Кӯки пайваста ё ришта ба пеш
Кӯки ришта ба пеш ё кӯки пайвастаро барои муваққатан пайваст кардани пораҳои матоъ ва муваққатан пайваст кардани ороиш ба матоъ, дар пораҳои матоъ ишора кардани хати мобайн, сохтани чинҳо ва ғайра истифода мебаранд. Кӯки ришта ба пеш як намуд дорад, онро дар тарафи рост ва чапи матоъ ҳамчун кӯки калон ва майда истифода мебаранд. Дарзро аз рост ба чап бо кӯкҳои рост медӯзанд. Барои матоъҳои тунук дарзи кӯк бояд 0, 5 – 1 см, барои матои ғафс 1–3 см бошад. Барои ҳосил кардани чин дарозии кӯк то 0,1 – 0,5 см мешавад.

Барои он ки намунаи чокро аз матоъ тайёр кунед ё пораҳои маснуот ё худи маснуотро ба андозаи муайян дӯзед, чунин қоидаҳоро доимо дар назар доред.
Эзоҳ: Намунаи дарозиаш 12 см, бараш 6 см, дарозиаш 15 см ва бараш 10 см ё бо табъи худ интихоб кунед.