Фарҳанги давраи Ислоҳот (асрҳои XVI-XVII)

Давраи муҳимтарин дар инкишофи фарҳангию таърихии Европа давраи Ислоҳот (Реформатсия) маҳсуб мешавад. Ислоҳотчигӣ (реформатсия) ин ҳаракати васеи динӣ ва иҷтимоию сиёсӣ мебошад, ки дар аввали асри XVI дар Германия ба вуҷуд омада, барои тағйиру ислоҳотҳо даровардан дар дини иасронӣ нигаронида шуда буд.

Ислоҳотчигӣ аввалин баромади қатъии буржуазия бар зидди тартиботи кӯҳнаи асримиёнагии феодалӣ ба шумор меравад. Намояндагони барҷастатарини ислоҳотчигӣ Мартин Лютер, Томас Монтеер, Жан Калвин, Ҷон Усенлиф, Эразми Роттердамӣ ва дигарон буданд. Онҳо масьалаҳои ислоҳоти католитсизм, демократнкунонии калисо, барқарор намудани муносибатҳои одилонаи байни Худо, калисою диндорон ва маҳдуд кардани ҳуқуқи Папаи Римро ба миён гузошта буданд.

Фарҳанги Юнони Қадим

Ислоҳотчигӣ дар натиҷаи буҳрони шадиди сохти феодалӣ, ба вуҷуд омадан ва мустаҳкам гардидани мавқеи синфи бур­жуазия дар ҷомеа, барпо гардидани давлатҳои марказиятноки европоӣ, умумиевропоӣ гардидани Папаи Рим ва калисои каголикӣ, буҳроии калисои католики ва канда шудани алоқаи он бо халқ, қафомонӣ аз ҳаёт, паҳншавии босуръати ақидаҳои гуманистӣ дар Европа, ташаккулёбии худшиносии шахсият ва фардият, афзоиши таъсири таълимоти зиддикатоликии динию фалсафӣ ба вуҷуд омадааст. Ислохотчигӣ ба он оварда расонид, ки дар асри XVI мазҳабҳои мухталифи насронӣ аз католитсизм ҷудо шуда, ба худ номи протестантизмро гирифтанд. Равияҳои мазҳабии протестантизм инҳо лютерчигӣ ва калвинизм мебошанд. Аҳамияти таърихии ислоҳотчигӣ дар он аст, ки вай ба идеологияи муборизаи сиёсӣ барои ислоҳоти калисо ва зидди католитсизм ибтидо гузошт, ки он дар давоми асри XVI ва минбаъд қариб дар ҳамаи мамлакатҳои Европа давом кард. Ин мубориза ба он оварда расонид, ки католитсизм дар як қатор мамлакатҳои Европа рӯ ба таназзул оварда, боиси худмуайянкунии тақсимоти динӣ дар он ҷо гардид. Дар натиҷаи ислоҳот равияҳои гуногуни протестантизм (ба мисли лютеранӣ, калвинизм ва дигарон) дар Германия, Шветсария, Британияи Кабир, Голландия, Дания, Шветсия, Норвегия ба вуҷуд омада, тантана карданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ихтирои коғаз


Фарханги давраи Ислохот (асрхои XVIXVII), асри 16-17, Реформатсия бо забони точики.

ҚаблӣФарҳанги давраи Эҳё
БаъдӣАҚЛ ва БОАҚЛӢ – Хазинаи маърифат