Шеърхо дар васфи ВАТАН

Шеърхо дар васфи Ватан бо забони точики барои шумо. Шеър дар бораи Ватан, шеърхо дар васфи Ватан аз сомонаи www.DONISHJU.net >>

Ватан сар мешавад аз гаҳвора

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора*,
Ки онро сохта дастони модар.

Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан хушномию фирӯзии мост.

душанбе фото 2020

Ватан сар мешавад з-огарди* деҳқон,
Зи «майдо»-ҳои хирманбодгарҳо*.
Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,
Ки мо хӯрдем аз хони* падарҳо.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ватан дилҷамъию озодии мост,
Ватан хушбахтию ободии мост.

Ватан сар мешавад з-он остоне,*
Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.
Ватан сар мешавад з-он пардабоме,
Ки парвозӣ шудему пар кушодем.

Ватан имрӯзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.

Лоиқ Шералӣ


Ватан дар синаам бо ин бузургӣ

Ватан дар синаам бо ин бузургӣ
Ба монанди диле маъво* гирифтаст,
Ки гӯё чун раги хун аз дили ман
Ба саҳро роҳи нав дарё гирифтаст.
Сафи амвоҷ* ҳамчун сатри шеърам
Шавад иншо ба рӯйи дафтари дил.

Ситода* рост гӯё кӯҳсораш
Ба мисли посбоне бар дари дил.
Даруни синаи ман хуфта* гӯё,
Ҳама сарбозҳои ҷонсупурда.
Агарчи хуфта онҳо дар дили хок,
Валекин ёдашон дар дил намурда.

Даруни синаи ман бешазорест,
Даруни синаи ман кӯҳу саҳрост.
Даруни синаи ман кӯҳсорест,
Даруни синаи ман ними дунёст.
Ватан дар синаам бо ин бузургӣ
Ба монанди диле маъво* гирифтаст,
Ки гӯё чун раги хун аз дили ман
Ба саҳро роҳи нав дарё гирифтаст.

Ҳабибулло Файзулло


Инчунин хонед:

Шеър дар бораи Ватан

Ифтихорам аз ватан дорем


  • тавора – девор
  • з-огарди деҳқон – аз ҷӯякҳои деҳқон
  • «майдо»-ҳо – сурудҳое, ки дар замони пеш ҳангоми кӯфтани гандуму
  • ҷав месуруданд
  • хирманбодгарҳо – деҳқононе, ки дар ҷойҳои махсус (хирман) гандуму ҷавро мекӯфтанд
  • хон – дастархон
  • з-он остон – аз он даромадгоҳи хона
  • маъво – ҷой, манзил, маскан
  • амвоҷ – мавҷҳо
  • ситода – истода
  • хуфта – хобида

ватан шеър, шеър дар ватан, шеър дар бораи ватан, шеър васфи ватан, шеър дар васфи ватан, шеър дар васфи ватан точикистон, шеър дар бораи ватан точикистон, шеър барои ватан, сарбози ватан шеър, ба ватан шеър, шеър дар васфи ватан модар

ҚаблӣИфтихор аз ватан дорем
БаъдӣМЕҲРИ ВАТАН