Феъл ва аломатҳои морфологии он (Феъл чист?)

Феъл ва аломатхои морфологии он. Феъл дар забони тоҷикӣ – грамматикаи забони точики.


Феъл ҳиссаи нутқест, ки амал ва ҳолати предметро ифода карда, ба саволҳои чӣ кор кард?, чӣ кор мекунад?, чӣ шуд? ҷавоб мешавад: давидан, рафтан, кор кардан, гиристан, парвоз кардан, истодан, андеша кардан, дӯст доштан, хурсанд шудан.

Шахсу шумора, замон, намуд, тарз ва сиға аломатҳои морфологии феъл мебошанд.


Машқи 365. Матнро нависед, феълҳои онро муайян кунед ва гӯед, ки онҳо кадом маъноҳоро (амал, ҳаракат, муносибатро) ифода мекунанд.

Солиёни дароз адибе дастури саромаду имрӯзи ҷаҳон варақгардон кард.

Ба суолаш ҷавобе наёфт. Ба чӣ авзо будани дили халқро медонист. Ба ғаму шодии он шарик буд. Менавишт: машқ мекард, маъқулаш намешуд, медаронду месӯзонд.  Боз менавишту боз медаронду боз месӯзонд. То ба чилсолагӣ ба ин ҳол буд, боз ба даҳ сол. То ба панҷоҳсолагӣ ба навиштаҳо дилаш месӯхт, вале хокистаре надошт дили сӯхтаи ӯ:

-Ба дунё чӣ мекунӣ?

-Намедонам.

-Чаро беҳуда худро азоб медиҳӣ?

-Ин азоб не, роҳаташ бечуноне дар биҳишт наёбӣ.

Абдулвайси Азиз


Саволҳо

  1. Амалҳое, ки дар матн ифода ёфтаанд, ба кадом шахс тааллуқ доранд?
  2. Дар ҷумлаҳои панҷуму шашум кадом аъзои ҷумла чида шудааст?
  3. Аз матн чӣ панд гирифтед?
ҚаблӣНамунаи таҳлили морфологии исм
БаъдӣВазифаи феъл дар ҷумла (забони тоҷикӣ)