Намунаи таҳлили морфологии исм. Намунаи тахлили морфологии исм
Ҳиндуҳо ҳар рӯз то соатҳои дувоздаҳ дар ҳуҷраҳояшон менишастанд, ғайр аз он рӯзе, ки амир ба сарбозони худ шоҳона медод.
Ҳиндуҳо – исми шахс, моддӣ, ҷинс, ба вазифаи мубтадо омадааст. Исми ҷамъ буда, аз калимаи решагии ҳинду (номи қавм) ва пасванди шаклсози –ҳо сохта шудааст.
Рӯз – исми ифодакунандаи замон, ғайришахс, маънӣ, ҷинс, сода (решагӣ), ба вазифаи ҳоли замон омадааст.
Соатҳо – исми замон, ғайришахс, маънӣ, ҷинс, ҷамъ. Ин калима аз ҳиссаҳои маънодори «соат» ва пасванди -ҳо сохта шуда, ба вазифаи ҳоли замон омадааст.
Ҳуҷраҳошон – исми макон, ғайришахс, моддӣ, ҷинс, ҷамъ. Ин калима аз ҳиссаҳои маънодори ҳуҷра -ҳо – шон иборат аст: ҳуҷра – реша, -ҳо -пасванди шаклсоз,- шон (яшон) – бандакҷонишини шахси сеюми ҷамъ. Бо пешоянди аслии дар ба вазифаи ҳоли макон омадааст. Бо калимаҳои хона, кулба, истиқоматгоҳ, манзил, ошён хусусияти синонимӣ дорад, аммо аз ҷиҳати истеъмол фарқ мекунад.
Амир – исми шахс, ҷинс, моддӣ, танҳо, муайян, сода, ба вазифаи мубтадо омадааст.
Сарбозон – исми шахс, ҷинс, моддӣ, ҷамъ, муайян, исми мураккаб, ки аз исми сар ва асоси замони ҳозираи феъли бохтан (боз), -он пасванди ҷамъсоз сохта шудааст. Бо пешоянди аз ба вазифаи пуркунанда омадааст.
Шоҳона– исми ғайришахс, ҷинс, моддӣ, сохта (аз исми шоҳ ва пасванди -она), ҷузъи номии хабари таркибии номӣ шуда омадааст.
Медод – феъли ёридиҳанда, замони гузаштаи ҳикоягӣ, сиғаи хабарӣ, аз рӯйи шакл сохта аст: аз асоси замони гузашта бо иловаи пешванди ме- таркиб ёфтааст, шахси сеюми шумораи танҳо, ҷузъи ёвари хабари таркибии номӣ.




















