Вазифаи феъл дар ҷумла (забони тоҷикӣ)

Вазифаи феъл дар чумла (забони точики)


Феъл дар ҷумла асосан ба вазифаи хабар меояд: Латофат ба укачааш як дунё бозичаҳо харид. (Б.Ортиқов)


Машқи 366. Матнро хонед, гӯед, ки калимаҳои ишорашуда дар ҷумла ба кадом савол ҷавоб мешаванд.

1.Туҳфахон боз ба ошхона баргашту аз хӯроки дег хабар гирифт ва оби гарми сатилро барои ҷомашӯйӣ рӯйи ҳавлӣ баровард. (Иноят Насриддин) 2.Овардаанд, ки ӯ дар куҳансолӣ издивоҷ кард ва соҳиби ду фарзанд гардид, ки яке ба номи Шоҳ Нӯъмон дар ду сафари Ҳиндустон вафот ёфт ва дигаре дар синни кӯдакӣ дар Шероз даргузашт. Ҳамсари Ҳофиз низ пеш аз худи Ҳофиз бо ҷаҳон падруд гуфт. (М.Турсунзода) 3. Ёдгор ба Пӯлод чӣ қадар майлон карда бошад, ин ҳам бо он ҳамон қадар моил шуда буд. (С.Айнӣ)

Луғат: издивоҷ – зану шавҳар шудан


Савол

  1. Феълҳои ишорашуда муродиф доранд ё не?
  2. Шероз зодгоҳи кадом шоирони машҳур аст?

Машқи 367. Матнро хонед ва нависед, дар зери хабарҳо хат кашед.

Онҳо ба ғор даромаданд. Кӯфти роҳ, машаққати ҳезумчинӣ, борони ногаҳонӣ ин ғори нимторикро ба назарашон беҳтарин истироҳатгоҳ гардонда буд. Модар ҳезумашро ба девораи кӯҳ ҷафс кард ва нишаст. Гадо дузону зада, сарашро ба зонуи модар монд. Аз сару рӯ, аз мижгонҳои дарозаш қатра-қатра донаҳои борон мечакид.

Ӯрун Кӯҳзод

ҚаблӣФеъл ва аломатҳои морфологии он (Феъл чист?)
БаъдӣШахс ва шумора дар феъл (грамматикаи забони тоҷикӣ)