Харитаи географӣ

Харита чист?

Харита аз калимаи юнонӣ гирифта шуда маънояш варақ мебошад. Ин ба номи харита мувофиқат менамояд, чунки харитаҳо аз варақҳои қоғаз тартиб дода мешаванд. Онҳо курашаклии Заминро ҳамвор тасвир мекунанд. Аммо шакли кураро ба ҳамворӣ табдил додан бе кандашавӣ ва чиншавӣ тасаввурнопазир аст. Аз ин сабаб дар сохтани харитаҳо ба саҳв роҳ дода мешавад. Он дар саҳеҳ набудани самт, масофа ва масоҳат (дар харита) зоҳир мегардад.

Харита

Барои он ки ҳангоми сохтани харита саҳву хато кам шавад, аз проексияҳои гуногун (нақшаҳои гуногуни картографӣ) истифода мебаранд. Мисол, харитае, ки олими машриқзамин Абӯрайҳони Берунӣ таълиф намудааст, дар асоси проексияҳои конусӣ ва стереографӣ сохта шудааст. Қатъи назар аз он ки харитаҳо дар заминаи кадом проексия сохта мешаванд, вобаста ба таъйиноташон, дар онҳо объект ва ҳодисаҳои мухталифи географӣ (ҷойгиршавии материкҳо, уқёнусҳо, дарёҳо ва кӯҳҳо), самти вазиши шамол, ҳаракати ҷараёнҳои баҳрӣ, соҳаҳои ҳоҷагӣ, ҳудуди давлатҳо ва ғайра тасвир меёбанд ва бо аломатҳои шартӣ ишора карда мешаванд. Аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки харитаи географӣ тасвири хурд ва ҷамъбастгардидаи ҳамвории сатҳи Замин буда, дар он тамоми объектҳо ва ҳодисаҳои объект бо аломатҳои шартӣ ифода шудаанд. Миқёси харитаҳо нисбат ба миқёси сурати маҳал хурданд. Онҳо вобаста ба миқёс ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: калонмиқёс (1:200000), миёнамиқёс (1:200000 то 1:1000000) ва хурдмиқёс (хурдтар аз 1:1000000). Миқёси харита ҳар қадар хурд бошад, маҳал дар он бо тамоми ҷузъиёташ тасвир намеёбад.

Харитаи хурдмиқёсро асосан барои омӯхтани қаламравҳои калон истифода мебаранд. Ҳангоми тартиб додани харитаҳо мавзӯи онро ҳамчун асос баррасӣ менамоянд. Харитаҳо бо мақсадҳои гуногун истифода мешаванд. Аз ин лиҳоз онҳоро аз рӯйи таъйиноташон ба харитаҳои таълимӣ, маълумотӣ, сайёҳӣ ва ғайра ҷудо мекунанд. Аз нигоҳи бузургӣ ва дарбаргирии қаламрав онҳоро ба харитаи ҷаҳон, нимкураҳо, материкҳо, қисмҳои онхо, уқёнусу баҳрҳо, мамлакатҳо ва ноҳияҳои алоҳида ҷудо мекунанд.

1.Тафовути сурати маҳал аз харита. Нақшаи маҳал аз харита на фақат бо миқёс, балки бо дигар ҷиҳатҳо низ фарқ мекунад: а) нақшаи маҳал бевосита дар мавзеи муайян ва ё аз рӯйи сурати аз ҳавопаймо аксбардоришуда тартиб дода мешавад. Барои тартиб додани харита вобаста ба мазмун ва таъйиноташ аз манбаъҳои гуногун, аз ҷумла суратҳои аз кайҳон аксбардоришуда истифода мебаранд; б) дар нақшаи маҳал аломатҳои шартӣ мувофиқи миқёс гузошта мешаванд, дар харита бошад, вобаста ба мазмун ва таъйиноти аломатҳои шартӣ, интихобан гузошта мешаванд; в) ҳангоми ба нақша гирифтани маҳал бо сабаби хурд будани масоҳати он ноҳамвориҳои сатҳи Замин таъсир намерасонанд. Тамоми тарҳ ва масофаи объектҳо бе саҳву хато мувофиқи миқёс инъикос карда мешаванд. Ба харита, ки масоҳати ниҳоят васеъро дар бар мегирад, ноҳамвории сатҳи Замин таъсир мерасонад. Бо ҳамин сабаб дар тартиб додани харита саҳву хатоҳо ногузиранд; г) нақшаи маҳал бе шабакаи дараҷадор тартиб дода мешавад. Харитаро бошад, бе чунин шабака, яъне бе хатҳои мувозӣ ва меридиан тартиб додан ғайри имкон аст; ғ) дар нақшаи маҳал самтҳои шимол ва ҷанубро бо тирча ифода мекунанд. Дар ин сурат тарафи чапи тирча самти ғарб ва тарафи рости он шарқро нишон медиҳад. Дар харита ин вазифаро хати меридиан ва хати мувозӣ иҷро мекунанд. Меридиан шимолу ҷануб, хатҳои мувозӣ ғарбу шарқро нишон медиҳанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Намуди махсуси харитаҳои географӣ харитаҳои контурианд. Дар онҳо тарҳи материку уқёнусҳо, баҳру кӯл, дарёҳо, бо доирачаҳо бошад, ҷойи ҷойгиршавии шаҳрҳо нишон дода мешавад. Бо истифодаи ин харитаҳои контурӣ шумо харитаҳои заруриатонро сохта метавонед.

Нақша ва харита


Харитаи географи, Харита чист? Бо забони точики.

ҚаблӣЗамин: шакл ва бузургии он
БаъдӣШабакаи дараҷадор (шабакаи градусӣ) ва унсурҳои он