Фарҳанги Ҳиндустон (таърих, Хиндустони Кадим)

Фарханги Хиндустон (таърих, Ҳиндустони Қадим). Дини Хиндустони Кадим. Санъат. Донишхои Илми. Хат.


Дар замони Магаду Маврҳо дар Ҳиндустони қадим фарҳанг хеле инкишоф ёфт. Он дар пешравии фарҳанги халқҳои ҷаҳон саҳми арзанда гузоштааст.

ХАТ

Хатте, ки дар Ҳиндустони қадим ба вуҷуд омада буд, махсусан, дар асри III пеш аз милод ба таври васеъ паҳн мегардад. Дар ин бора навиштаҷоти давраи шоҳ Ашок, ки дар ҳудудҳои Ҳиндустон ва Афғонистон ёфт шудаанд, низ шаҳодат медиҳанд. Онҳо бо хатҳои браҳмӣ, оромӣ, кхароштҳӣ, юнонӣ ва бештар бо хатти браҳмӣ навишта шудаанд.

Барои навиштан барги дарахти нахл ҳамчун навъи коғаз истифода бурда мешуд. Ёдгориҳои хаттии дар барги ин дарахт навишташуда то замони мо омада расидаанд. Навиштаҷоти асри II пеш аз милод шоҳиди он аст, ки дар ин давра ҳам якчанд намуди хатти браҳмӣ вуҷуд доштааст. Дар китоби буддоии «Лалитавистара», ки ба ибтидои солшумории милодӣ тааллуқ дорад, 64 намуди ин хат ёдоварӣ шудааст. Онҳо дар асоси хатҳои маҳаллии буддоӣ ва хориҷӣ тартиб дода шуда буданд.

Хат дар ҳаёти ҳиндуёни қадим мақоми баланд дошт. Китобҳои муқаддаси динӣ ба воситаи он навишта мешуданд. Шоҳону амалдорон ва тоҷирон барои додугирифт ва мукотиба аз он ба таври васеъ истифода мебурданд.

ДОНИШҲОИ ИЛМӢ

Дар замони Магаду Мавр илмҳои риёзӣ, ситорашиносӣ, тиб ва забон ба вуҷуд омаданд.

Яке аз олимони бузурги Ҳиндустони қадим Панини, ки дар қарнҳои V-IV пеш аз милод зиндагӣ кардааст, оид ба забон «Аштадхяи» («Ҳашткитоб»)-ро таълиф намудааст. Сифати таҳлил ва сабки навишти асари ин олим хеле ҷолиб аст. Дар асри IV пеш аз милод «Аштадхяи»-ро олими дигари ҳинд Катяяна дар китоби худ шарҳ медиҳад. Дар асри II пеш аз милод Патанчалӣ ном донишманд грамматикаи забони ҳиндиро таълиф мекунад. Ин асарҳои илмӣ барои инкишофи забон ва забоншиносӣ дар Ҳиндустони қадим хизмати калон кардаанд.

Дар давраи ҳукмронии Магаду Мавр дар Ҳиндустон китобҳои зиёди буддоӣ офарида шудаанд. Қонуни буддоӣ солҳои 80-уми пеш аз милод дар Сейлон таълиф шуда буд. Дар худи ҳамин вақт дар адабиёти ҳинд шеър ҳам пайдо мешавад, ки онро «кавя» меномиданд. Дар соҳаи усули идораи давлат низ асарҳои илмӣ навишта мешуданд. Яке аз онҳо «Артхашастра» ном дошт. Онро амалдори олимақоми шоҳи маврии Чандра Гупта – Каутил таълиф кардааст. Каутил дар китоби худ қайд мекунад, ки давлат на ҳама вақт вуҷуд дошт. Он барои ба низом даровардани тартибу интизом ва қонуният ташкил карда шудааст. Каутил ба шоҳ муроҷиат карда, менависад, ки ӯ бояд халқи худро аз беадолатию бедодгарӣ ҳимоя кунад. Ошубҳои дохилӣ, менависад ӯ, нисбат ба хавфи хориҷӣ хатарноктаранд, зеро онҳо имкон фароҳам меоранд, ки мардум ба шоҳ ва ҳокимияти мавҷуда бовар накунанд. Дар асари Каутил ба мақоми корҳои махфии давлатӣ диққати калон дода мешавад. Ӯ дар идоракунии давлат ҷазоро хеле муҳим мешуморад.

Илми ситорашиносӣ ҳам арзи вуҷуд карда буд. Олимони Ҳиндустони қадим ҳаракати Офтобу Моҳтоб ва ситораҳоро меомӯхтанд. Дар натиҷаи ин онҳо тақвими қадимаи ҳиндиро сохтанд. Мувофиқи он сол иборат аз 12 моҳ ва ҳар як моҳ иборат аз 30 рӯз буд. Номувофиқатии 12 моҳу ҳар моҳ 30-рӯзиро дар зарфи ҳар 5 сол як маротиба ба воситаи «моҳи 13-ум» ислоҳ мекарданд. Рисолаҳои қадимтарини ситорашиносии ҳиндӣ ба асри VI пеш аз милод рост меоянд. Ситорашиносони ҳиндӣ ҳанӯз ҳамон вақт муайян карда буданд, ки Замин дар атрофи меҳвари худ давр мезанад ва Моҳ рӯшноиро аз Офтоб мегирад.

Ҳиндуёни қадим дар рушди илми риёзӣ ҳам саҳми калон гузоштаанд. Ба ҳисоб дохил кардани «0» – «холӣ» («сифр») кашфиёти хеле муҳим буд. Ба рақамҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 сифрро ҳамроҳ карда, ин рақамҳоро даҳ, сад, ҳазор ва миллион баробар зиёд мекарданд. Масалан, ба рақами 1 сифр ҳамроҳ карда, рақами «10», ду сифр ҳамроҳ карда, рақами 100, се сифр ҳамроҳ карда, рақами 1000-ро ба вуҷуд меоварданд.

САНЪАТ

Дар давраи Магаду Мавр дар Ҳиндустон ду навъи санъат: меъморӣ ва ҳайкалтарошӣ бештар тараққӣ карда буд.

Биноҳоро дар ин давра асосан аз чӯб месохтанд. Бинобар ин то замони мо танҳо харобаҳои онҳо боқӣ мондаанд. Онҳо дар бораи санъати баланди меъмории онвақтаи Ҳиндустон гувоҳӣ медиҳанд. Устоҳои ҳиндӣ дар сохтани бино батадриҷ аз санг бештар истифода мебурданд. Дар натиҷаи ҳафриёт дар ҷойи шаҳри Паталипутра харобаҳои қасри шоҳ ёфт шудаанд, ки он 100 сутуни боҳашамат дошта, бо ҳайкалҳою кандакорӣ зебу зинат дода шудааст.

Меъмории Ҳиндустон дунявӣ ва динӣ буд. Ибодатхонаҳои буддоӣ дар Санча ва Бпарҳута ёфта шудаанд. Онҳо тахминан ба асрҳои III–II пеш аз милод рост меоянд.

Биноҳо, қасрҳо ва ибодатхонаҳо аз ҳайкалҳо пур буданд.

ДИНИ ҲИНДУСТОНИ ҚАДИМ

Дини ҳиндуёни қадими замони Магаду Маврҳо аз эътиқодҳои динии қадимтарини халқҳои Ҳиндустон оғоз меёбад. Онҳо дар он вақт қувваҳои табиатро мепарастиданд. Парастиши оташ дар Ҳиндустон ҳам паҳн шуда буд. Оташро ҳиндуёни қадим сардори муқаддаси хона меҳисобиданд. Баъдтар дар Ҳиндустон дини бараҳманӣ паҳн гардид. Мувофиқи таълимоти ин дин, ҷамъият аз кастаҳои алоҳида иборат аст.

Дар асри VI пеш аз милод дар Ҳиндустон дини буддоӣ ба вуҷуд омад. Дини нав минбаъд дини бараҳманҳо ва динҳои дигарро танг карда баровард. Ин дин дар асри III пеш аз милод қариб дар тамоми Ҳиндустон паҳн гардид. Сабаби ғалабаи дини буддоӣ он буд, ки дини бараҳманҳо мардумро ба кастаҳо ҷудо мекард.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дар бораи хатти Ҳиндустони қадими замони Магаду Маврҳо нақл кунед.
  2. Олими Ҳиндустони қадим Панинӣ кадом китобро навиштааст? Он дар бораи чӣ нақл мекунад?
  3. Дар Ҳиндустони қадим «кавя» гуфта чиро меноманд?
  4. Китоби «Архашастра»-ро шарҳ диҳед. Он ба кадом илм дахл дорад?
  5. Ситорашиносони Ҳиндустони қадим чӣ хизматҳо кардаанд?
  6. Дар бораи саҳми олимони риёзии Ҳиндустони қадим далелҳо биёред.
  7. Мақоми «0»-и ихтироъкардаи ҳиндуёни қадимро дар илми риёзӣ баён кунед.
  8. Дар бораи рушди санъати Ҳиндустони қадим нақл кунед.
  9. Дар бораи дини Ҳиндустони қадим маълумот диҳед.
  10. Чаро дини буддоӣ бар дини бараҳманӣ ғалаба карда, дар тамоми Ҳиндустон паҳн гардид?
ҚаблӣЗан – модар (иншо)
БаъдӣТаъсиси давлати Чини Қадим