Сохт ва инкишофи устухонҳо

Системаи такягоху харакат, Сохт ва инкишофи устухонхо, Вазифаи системаи такягох ва харакат


Вазифаи системаи такягоҳ ва ҳаракат. Скелету мушакҳо такягоҳи бадани инсон ва аъзои ҳаракат мебошанд. Онҳо ба ҳам пайваст шуда, ковокиҳои махсусро ҳосил мекунанд (расми 6). Дар ин ковокиҳо узвҳо ҷойгир ва ҳимоя карда мешаванд. Масалан, дил ва шушро устухонҳои қафаси сина ва мушакҳои синаю тахтапушт узвҳои холигии шикам (меъда, рӯда, гурдаҳо)-ро қисми поёнии сутунмуҳра, устухонҳои кос, мушакҳои тахтапушт ва шикам муҳофизат мекунанд. Мағзи сар дар косахонаи сар, ҳароммағз дар ковокии сутунмуҳра, узвҳои таносул дар холигии устухонҳои кос ҷой гирифтаанд.


Бофтаи устухон

Бофтаи устухон. Устухон (скелети)-и бадани одам аз бофтаи васлкунандаи устухонӣ таркиб ёфтааст (расми 21). Бофтаи устухонӣ дорои тори асаб, рагҳои хунгард ва ҳуҷайраҳои шохадор мебошад. Ҳуҷайраҳои устухон ва шохаҳои онҳо бо ҷӯйчаҳои бориктарини пур аз моеи байниҳуҷайрагӣ иҳота шудаанд. Ин ҳуҷайраҳо тавассути ин ҷӯйчаҳо ғизо ва нафас мегиранд.

Сохти устухон
Расми 21. Сохти устухон

Сохти устухонхо

Сохти устухонҳо. Андоза ва шакли устухон (скелети)-и бадани одам гуногун аст. Асосан се намуди устухонҳоро фарқ кардан мумкин аст: 1) найшакл; 2) суфта (ҳамвор); 3) кӯтоҳ (ноҳамвор).

Устухонҳои дарозро инчунин, найшакл меноманд, чунки даруни онҳо холӣ мебошад. Чунин сохти устухонҳои дароз дар як вақт боиси мустаҳкамӣ ва сабукии онҳо мегардад. Канали устухони найшаклро бофтаи пайвасткунандаи серчарб – мағзи зард пур кардааст. Устухони бадан аз устухонпарда, моддаи зич ва моддаи исфанҷмонанд иборат аст. Танаи устухони найшакл бештар аз моддаи сахту мустаҳкам ва сараки он аз моддаи исфанҷмонанд иборат мебошад. Дар холигии моддаи исфанҷмонанди устухон мағзи сурх ҷойгир шудааст. Устухонҳои кӯтоҳ бисёртар аз моддаи исфанҷӣ таркиб ёфтаанд. Устухонҳои суфта аз моддаи зич ва исфанҷӣ иборатанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Инкишофи устухонхо

Инкишофи устухонҳо. Устухони одам дар бачагӣ ва наврасӣ месабзад, яъне дароз ва ғафс мешавад. Ташаккули скелет дар синни 22-25 – солагӣ анҷом меёбад. Ғафсшавии устухон аз ҳисоби тақсимшавии ҳуҷайраҳои сатҳи дарунии устухонпарда ба амал меояд.

Дар натиҷа, дар рӯйи устухон қабатҳои нави ҳуҷайра ба вуҷуд омада, дар атрофи ин ҳуҷайраҳо моддаи байниҳуҷайравӣ ҳосил мешавад. Дарозшавии устухонҳо аз ҳисоби тақсимшавии ҳуҷайраҳои бофтаҳои тағоякӣ, ки нӯги устухонҳоро мепӯшонанд, ба амал меояд. Инкишофёбии устухонҳо аз тарафи ҳормони сабзиш танзим карда мешавад.

Ба ҳормони инкишоф, ҳормони қисми пеши ҳипофиз дохил мешавад. Дар ҳолати зиёд ҳосил шудани ин ҳормон бо суръати баланд дарозшавии устухонҳо мушоҳида мешавад. Қади чунин одамон хеле баланд мешавад (гигантизм). Дар ҳолати кам ҷудо шудани ин ҳормон инкишофи устухон суст мешавад ва қади чунин одамон паст мешавад (карлик) (расми 22).

Азимҷуссагӣ ва паканагӣ ҳамчун натиҷаи вай роншавии кори ҳипофиз дар синни кӯдакӣ
Расми 22. Азимҷуссагӣ ва паканагӣ ҳамчун натиҷаи вай роншавии кори ҳипофиз дар синни кӯдакӣ

Таркиби кимиёвии устухон

Таркиби кимиёвии устухон. Устухонҳо аз моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ таркиб ёфтаанд. Ба моддаҳои ғайриоганикӣ об ва намакҳои менералӣ дохил мешаванд. Моддаҳо устухонро сахт ва мустаҳкам мекунанд.

Барои дақиқ кардани ин устухонро як шабонарӯз дар маҳлули 10-фоизаи кислотаи сулфат (H2SO4) ё ҳидрогенхлорид HCl нигоҳ медорем. Намакҳои калсий ва фосфор ҳал мешаванд ва устухон хосияти мустаҳкамии худро гум карда, чунон нарм мегардад, ки онро гиреҳ бастан мумкин мешавад.

Ба моддаҳои органикӣ осеин, осеомукаидҳо, равғанҳо ва ғайра дохил мешаванд.

Вобаста ба синну сол таркиби кимиёвии устухон ҳам тағйир меёбад. Таркиби устухони ҷавонон ва миёнсолон бештар аз моддаҳои органикӣ бой мебошад. Таркиби устухони пиронсолон бисёртар моддаҳои ғайриорганикӣ дорад.


Дониши худро санҷед:

  1. Системаи такягох ва харакат чи ахамият дорад?
  2. Сохти бофтаи устухони чи хел аст?
  3. Кадом намуди устухонхоро медонед?
  4. Сабуки ва мустахкамии устухонхои бозу ба чи вобаста аст?
  5. Аз чи сабаб устухонхо гафс ва дароз мешаванд?
  6. Вобаста ба синну сол таркиби кимиёвии устухон чи хел тагйир меёбад?
  7. Таркиби чойгиршави ва ахамияти магзи сурх ва магзи зарди устухонро фахмонед.
  8. Вобаста ба синну сол таркиби устухон чи хел тагйир меёбад?

ҚаблӣҒадудҳои тарашшуҳи дохилӣ. Гадуди сипаршакл
БаъдӣСкелети одам