Гул-гулшукуфии фарҳанги халқи тоҷик дар давраи Сомониён (асрҳои IX-X)

Баъди забти давлати Сосониён арабҳо ба истилои Хуросону Варорӯд, ки мулки бою пурфайз буд камар бастанд. Хуросону Варорӯд дар арафаи ҳуҷуми арабҳо гирифтори парокандагии феодалӣ буданд, аз ин рӯ, ба арабҳои ғосиб муяссар гардид, ки ин сарзаминро ба осонӣ забт намоянд. Бо ҳамин дар Осиёи Миёна ҳукмронии арабҳо оғоз ёфт.

Аз тарафи арабҳо забт карда шудани давлати Сосониён, аз ҷумла Варорӯду Хуросон ба пешрафти тамаддуни халқҳои ин сарзамин таъсири манфӣ расонид. Тамоми дастовардҳои фарҳангии мардуми Эрон, Варорӯд ва Хуросон ҳамчун боқимондаҳои дини бутпарастию зардуштӣ несту нобуд карда шуда, ба ҷои забонҳои маҳаллӣ забони ягонаи арабӣ ҷорӣ кар­да шуд. Аз ҳамин вақт cap карда, дар Эрон, Варорӯд ва Хурсон ба ҷои анъанаҳои ахлоқию фарҳангӣ ва маънавии маҳаллӣ меъёрҳои нави ахлоқию фарҳангӣ, маънавию маишии исломӣ ҷорӣ карда мешавад. Тафаккури нави арабӣ ва маънавиёти он мазмун ва мундариҷаи асарҳои адабию бадеӣ ва ҳатто эҷодиёти даҳонии халқҳои ин кишварҳоро фаро мегирад. Ислом дар ин давра чӣ дар Шарқи Наздик ва чӣ дар Осиёи Миёна симои тамаддунро муайян менамуд.

Дар ҳаёти фарҳангию маънавӣ, динию илмии мардумони Эрону Осиёи Марказӣ арзишҳои тозаи исломӣ (мусулмонӣ) ва дар илми таърих мафҳуми нав – «тамаддуни арабӣ – исломӣ» мавқеъ пайдо кардан мегирад.

Аз асри IX cap карда, дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик саҳифаи нав – эҳёи иқтисодию фарҳанги миллӣ оғоз меёбад. Бо дарназардошти комёбиҳои беназири ин давра дар соҳаи сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, санъат, адабиёт, илму дониш, хоҷагии заминдорӣ, инкишофи касбу ҳунар, давлатдорӣ, шаҳрсозӣ, савдо, тиҷорат ин давраро «асри тиллоӣ» меноманд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бо гузашти айём дар Мовароуннаҳру (арабҳо Вародӯдро айнан тарҷума карда, Мовароуннаҳр номгузорӣ карданд) Хуросон аввалин давлатҳои миллӣ бо номи Тоҳириён (солҳои 821-­873), Саффориён (солҳои 873-903) ва Сомониён (солҳои 875-999) ташкил карда шудаанд.

Ин давлатҳо дар ибтидои таъсисёбии худ ҳарчанд расман тобеи хилофат бошанд ҳам, вале сарварони он бо ҳар роҳ кушиш менамуданд, ки дар ташкили хоҷагии кишвар, ба роҳ мондани умури омӯзишу парвариш ва риояи суннатҳои фарҳангию маънавии худ мустақил бошанд. Маҳз ҳамин истиқлол имконият дод, ки хокимияти устувори давлатӣ, хоҷдгии муназзам ва суннатҳои фарҳангию маънавии аҷдодӣ барқарор карда шаванд.

Рушду нумуи ҳаёти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии халқӣ тоҷик асосан ба давраи ҳукмронии сулолаи Сомониён (солҳои 875-999) рост меояд. Сараҷдоди сулолаи Сомониён – Сомонхудот аслаш аз ашрофони тоҷики Балх Самарқанд ва ё Тирмиз будааст. Ӯ дар замони арабҳо дини исломро қабул кар­да, ба пуштибонии волии Хуросон — намояндаи халифаи Бағдод -Асад ибни Абдуллоҳ мушарраф мегардад. Вақте, ки дар оилаи Сомонхудот писар таваллуд меёбад ӯ ба хотири дусташ Асад идни Абдуллоҳ писарашро Асад ном мегузорад. Асад ба воя расида, соҳиби чаҳор писар (Нӯҳ Аҳмад, Яҳё, Илёс) мегардад. Ии наберагони Сомонхудот баъди ба воя расидан ба хидмати хилофат ҷалб мешаванд ва дар давраи халифа Маъмун Нӯҳ дар Самарқанд, Аҳмад дар Фарғона, Яҳё дар Чочу Усрушан ва Илёс дар Ҳирот ҳоким таъин мешаванд.

Онҳо баъди ба сари ҳокимият омадани худ барои ташкил додани давлати марказиятноки Сомониён камар мебанданд. Нахуст ташкили ин кор насиби Нӯҳ мегардад. Вале дере нагузашта ӯ вафот мекунад. Кори оғозкардаи Нӯҳро бародараш Аҳмад идома медиҳад. Ҳанӯз дар давраи зиндатиаш Аҳмад ҳукмронии Самарқандро ба писараш Наср супорида буд. Баъди вафоти Аҳмад дар давраи ҳукмронии Насри I ибни Аҳмади Сомонӣ (солҳои 864-892) сулолаи Сомониён нуфузи зиёд пайдо карда, хеле мустаҳкам мегардад. Соли 875 хилофат Насри 1-ро ҳамчун асосгузори сулолаи Сомониён эътироф намуда, ба вай ҳуҷҷати идораи давлатро супорид.

Давлати мутамаркази Сомониён бо пойтахташ дар шаҳри Бухоро асосан дар давраи ҳукмронии Исмоили Сомонӣ (солҳои 892-907) мавқеи хоса пайдо менамояд. Аз рӯи гуфти сайёҳи араб Ибни Ҳавкал (нимаи дуюми асри X) «дар миёни подшоҳони Аҷам аз силсилаҳое, ки подшоҳиро аз якдигар ба ирс мебаранд, силсилае монанди Сомониён вуҷуд надорад. Зеро инон каримуннасланд». Дар ҷои дигар ӯ доир ба Исмоили Сомонӣ чунин гуфтааст: «Исмоил подшоҳи бузург ва нексиришт ва соҳиби маноқиб ва маҳосини бисёр ва осори хуб мебошад».

Воқеан ҳам Оли Сомон бо маданиятнокӣ, бофарҳангӣ ва додхоҳии худ хеле машҳур гашта буданд. Беҳуда нест, ки шоир Лукарии Ғазнавии чангнавоз дар яке аз шеърҳои ба вазири шоҳи Сомонӣ Убайдуллоҳ ибни Аҳмад бахшидааш таъкид ме­кунад, ки аз пешонии ӯ «шуои дод» медурахшад ва шоир аз Ху­до илтиҷо мекунад, ки чашми бадро аз вазири Сомонӣ баргардонад:

Ба сурат одамӣ омад, ба тинат нури субҳонӣ,

Худоё, чашми бад хоҳам, к-аз он сурат бигардонӣ.

Адолатпарастии Исмоили Сомониро Низомулмулк (солҳои 1017-1092) дар китоби «Сиёсатнома»-аш тасдиқ карда, ӯро «сахт одил» номидааст. Ба қавли файласуф ва муаррихи форсу тоҷик ибни Мискавейҳ Исмоили Сомонӣ қувваи асосии фатҳу зафарҳои худро дар иттиҳоди қавом ва пешравон, «ақлу хирад, ҳушёрӣ ва аҳду ноаҳди ҷумла» медид. Ҳамин сиёсати сулҳу оштӣ, додхоҳӣ, адолатпарастӣ ва муттаҳидии дохилӣ буд, ки Исмоили Сомонӣ тавонист ҳуҷумҳои чандинкаратаи Амр ибни Лайсро рафъ намояду худи ӯро асир гирифта, барои ҷазо ба Бағдод фиристад ва ба узру омурзиши ӯ ноил гардад. Маҳз сиёсати адолатпешагӣ ба Исмоили Сомонӣ имконият дод, ки дар сарзамини дар натиҷаи задухурдҳои дохилӣ харобу парешонгардида давлатӣ бузургеро ташкил диҳад. Исмоили Сомонӣ ташкилотчии моҳир ва сиёсатмадори беҳамто буд. Ӯ тавонист, ки ҳучумҳои бешумор ва пай дар пай муттахидаи туркони кучманчии тохтугозгарро зада гардонда, онҳоро дар лонаашон асир гардонад.

Давлатӣ Сомониён маҳз дар давраи ҳукмронии Исмоили Сомонӣ аз тобеияти хилофати араб пурра озод гардида, истиқлолияти том ва соҳибихтиёрии мутлақро ноил гардид. Исмоили Сомонӣ тавонист, ки ин давлатро ба давлатӣ мутамарказонидашуда, ободу зебо ва дар миқёси ҷаҳон бонуфузу боэътибор табдил диҳад.

Дар ии сарзамин халқу миллатҳои гуногунзабон ва гуногунмаҳзаб дар иттиҳоди байниҳамдигарӣ дӯстона ҳаёт ба cap мебурданд. Ҳудуди давлатӣ Сомониён дар шимол то дарёи Талас тӯл кашида, дар ҷануб ва ғарб сарзамини Хуросон, вилоятҳои шимоли Афгонистони имрӯза ва Эрони шарқиро дар бар мегирифт.

Тарзи давлатдории Исмоили Сомонӣ минбаъд аз тарафи дигар амирони Сомонӣ идома дода мешавад. Масалан, дар давраи ҳукмронии Насри II Сомонӣ низоми давлатдорие, ки Исмоил оғоз карда буд ба як тартибу низоми муайян дароварда мешавад. Дар кишвар сохторҳои давлати таъсис дода шуда, функсияҳои ҳар кадоми онҳо амиқ муайян карда мешаванд. Дар натиҷа кишоварзию иқтисодиёт рӯ ба беҳбудӣ меорад ва касбу ҳунар, илму адаб, санъату фарҳант рушд меёбанд. Дар ин давра анъанаҳои мардумӣ ҷорӣ гардида, забони модарӣ ва адабиёти тоҷик хеле инкишоф меёбанд.

Шаҳрҳои бузурги Бухоро, Самарқанд, Балх, Марв, Нишопур, Хуҷанд, Бунчикат, Хатлон ба марказҳои тамаддуни халқӣ тоҷик табдил ёфта буданд. Дар пойтахти давлати Сомо­ниён – шаҳри Бухоро аз тамоми гушаю канорҳои мамлакат олимону шоирон, рассомону санъаткорони зиёде гирд омада буданд.

Дар давраи Сомониён мусиқии халқӣ тоҷик хеле нашъунамо ёфта буд. Санъаткорон дар жанрҳо ва шаклҳои гуногуни мусиқӣ (тантананокӣ, ҳарбӣ, лирикӣ, мотамӣ) асарҳо эҷод ме­карданд.

Дар мусиқии тоҷик навъҳои гуногуни созҳои мусиқӣ (торӣ, нафасӣ, зарбӣ) паҳн мегарданд, сурудҳо ва оҳангҳои нав ба нав эҷод мешаванд. Дар эҷодиёти шоирон ва олимони намоён Рудакӣ, Сино, Абуҳафси Суғдӣ, Абӯлаббоси Бахтиёр ва ди­гарон асосҳои назарияи санъати мусиқӣ бунёдгузорӣ мешавад.

Дар давраи Сомониён бинобар сабаби рушди шаҳрсозӣ ва инкишофи сохтмони кохҳо, кушкҳо, мақбараҳо ва масҷидҳо санъати меъморӣ, монументалӣ, ороишӣ, кандакорӣ, наққошӣ, гилкорӣ ба таври васеъ ривоҷ меёбанд. Ҳамин гуна пешравӣ дар соҳаҳои кулолгарӣ, техникӣ ва бадеӣ низ мушоҳида карда мешуд.

Ҳамин тавр, агар асри IX дар таърихи халқӣ тоҷик давраи эҳёи иқтисодӣ ва фарҳанги бошад, пас асри X давраи рушду нумуи муносибатҳои феодалӣ, устуворгардии давлати мутамарказ, шукуфоии қувваҳои истеҳсолкунанда, пешравии иқтисодиёт, рушди фарҳангу ҳунар, адабиёт, илму маърифаг маҳсуб мешавад. Вале мутаассифона, дар охирҳои асри X давлати Сомониён ба зиддиятҳои дохилидарборӣ, талош барои тоҷу тахт, чоҳу мансаб рӯ ба рӯ мегардад. Аз ин истифода бур­да, феодалони маҳаллӣ зулму истисмори халқро дучанд зиёд мекунанд. Ин бошад эътирози халқро ба вуҷуд оварда, боиси ҳукмрон гардидани бенизомӣ дар кишвар мегардад. Вазъияти ба амаломада иқтидори давлатро заиф намуда буд. Аз ин вазъият истифода бурда, соли 999 аз тарафи шимол қабилаҳои туркони Карахонӣ бо сарварии Наср ва аз тарафи ҷануб Султон Маҳмуди Ғазнавии турк ба давлатӣ Сомониён ҳуҷум мекунанд ва ба мавҷудияти он хотима мебахшанд.

Аз ҳамин вақт cap карда, дар сазамини тоҷик ҳукмронии туркон оғоз меёбад.

Тоҷикон дар давраи Сомониён дар ҳаёти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва миллии худ ба комёбиҳои зиёди назаррас ноил гардида буданд.

Инкишофи илму фарҳанг дар замони Сомониён


Гул-гулшукуфии фарханги халки точик дар давраи Сомониён (асрхои IX-X)

ҚаблӣФарҳанги халқи тоҷик дар давраи тамаддуни ориёӣ
БаъдӣИнкишофи шаҳрҳо дар замони Сомониён