Инкишофи шаҳрҳо дар замони Сомониён

Нишонаи мустаҳкамшавии сохти феодалӣ дар асрҳои IX-Х ташаккули пурраи шаҳрҳои феодалӣ буд. Дар замони Сомо­ниён густаришёбии шаҳрҳо гуногун буд. Баъзе шаҳрҳо дар дохили шаҳристонҳо васеъ шуда, аз доираи вай ҳам берун мебаромаданд. Дигар шаҳрҳо дар заминаи работҳо ривоҷ ёфта, намуди навро мегирифтанд. Гурӯҳи сеюми шаҳрҳо бевосита аз шаҳрҳои кӯҳна пайдо мешуданд. Яке аз шаҳрҳои он замон Бухоро аз се қисм – арк, шаҳристон ва работ иборат буд.

Шаҳристон маркази иқтисодӣ – сиёсӣ буда, дар он ҷо бозор, гузари ҳунармандон, корвонсаройҳо, масҷиду мадрасаҳо, қасру кушкҳо ҷойгир буданд. Дар қисми Регистон бошад, дар бори амир, биноҳои девонҳо бунёд шуда буданд. Берун аз девори Шаҳристон дар се тарафи дигар дӯконҳои атторон, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, гузаргоҳҳои тоҷирону ҳунармандон работро ташкил медоданд. Работ девор ва ёздаҳ дарвоза дошт. Кӯчаҳои Бухоро сангфарш буда, иморатҳо аз хишт, килк ва чӯб сохта мешуданд.

Маркази иқтисодӣ-сиёсӣ аз шаҳристон ба работҳо кучид ва работҳо дар ташкили шаҳрҳои феодалӣ нақши махсус доштанд. Бо ин роҳ шаҳрҳои Самарқанд, Марв, Нишопур ва ғайра пеш мерафтанд. Дар ин шаҳрҳо қасрҳои боҳашамати феодалон, корчалонҳо, савдогарон, руҳониён, арбобони давлатӣ, биноҳои маъмурӣ, масҷиду мадраса, хонакоху ҳаммомҳо сохта шуда буданд.

Ин мавод ба сомонаи DONISHJU.NET тааллуқ дорад

Шаҳрҳо бо ёрии корезҳо, қубурҳои сафолин, наҳрҳои зеризаминӣ ва ҳавзҳои сунъӣ аз об таъмин карда мешуданд. Ба тозагӣ қатъиян риоя карда мешуд. Шаҳрҳои Осиёи Миёнаи он давра назар ба шаҳрҳои Аврупо пешрафта буданд. Дар Самарқанду Марв то 200 ҳазор аҳолӣ иқомат мекарданд. Сармоядорон ва ашхоси савлатманди шаҳрҳо дар деҳот ҳам соҳибони мулку заминҳои зиёд буданд. Масалан, руҳониён дар шаҳр соҳиби раста ва дуконҳои сайдоӣ буда, дар деҳот заминҳои зиёде доштанд.

Теъдоди асосии шаҳриёнро ҳунармандон ташкил дода, дар гузарҳои кулолтарон, заргарон, чармгарон, бофавдагон, оҳангарон, чӯбтарошон ва ғайра сукунат доштанд. Ҳунapмандоне, ки побанди феодалон буданд метавонистанд худро аз феодал харида озод кунанд. Дар ҳунармандӣ тақсимоти табақавӣ ва меҳнат ҳукмфармо буд. Косибон ба устод – хуҷаин, муздвор – ёрдамчии устод ва шогирд тақсим мешуданд. Дар ҳунармандӣ меҳнати занон ва мардикорон ҳам истифода мешуд. Густариши тиҷорат ва ҳунармандӣ раванди аз кишоварзӣ ҷудо шудани чорводорию ҳунармандиро тезонид.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз нимаи аввали асри X cap карда, дар Осиёи Миёна тартиботи таълимоти Қарматӣ оғоз ёфта буд. Ин таълимот дар заминаи ҳаракатҳои зидди феодалии деҳқонон ва бодиянишинони вилоятҳои марказии хилофати араб дар нимаи дуюми ас­ри IX пайдо шуда, баъдтар дар дигар вилоятҳо низ паҳн гар­дид.

Бисёр намояндагони пепқадами илму адаби ҳамон замони тоҷик – Рудакӣ, Фирдавсӣ, Сино ва дигарон ба таълимоти қарматиён то андозае таваҷҷӯҳ доштанд. Дертар қарматиён бо исмоилиён омехтанд.


Гул-гулшукуфии фарханги халки точик дар давраи Сомониён (асрхои IX-X 9-10), Инкишофи шахрхо дар замони Сомониён

ҚаблӣГул-гулшукуфии фарҳанги халқи тоҷик дар давраи Сомониён (асрҳои IX-X)
БаъдӣИқтисодиёт дар замони Сомониён