Ташкили идоракунии давлати Сомониён (менеҷмент)

Ташкили идоракунии давлати Сомониён (менечмент)


Ташкили идоракунии дастгоҳи давлати Сомониён ба фаъолияти вазирҳои бозаковати Насри II Сомонӣ, Абӯабдуллоҳ Муҳаммади Вайҳонӣ (с. 914-918) ва Абулфазл Мухаммад Ибни Убайдуллоҳи Балъамӣ (с.918-938) тааллуқ дорад. Сарвари давлати Сомониён Амир буд. Дастгоҳи марказии давлатӣ аз даргоҳҳо (департаменти подшоҳӣ) ва девонҳо (раёсати низоми-шаҳрвандӣ) иборат буд. Сарварии сиёсиро дар дарбор соҳибони (амирони) ваколатдори подшоҳ, ки фармонҳои эшонро иҷро мекарданд, баҷо меоварданд. Дар итоати соҳибон теъдоди зиёди иҷрокунандагон (чӯбдорон) мавҷуд буданд. Дар дарбор инчунин ҳайати коркунони хизматрасон (маъмурҳо, дастурхончиҳо, аспбонҳо ва дигар хизматгорон) мавҷуд буданд.

Дар ташкили девонҳои марказии (раёсатҳо) Сомониён таҷрибаи идоракунии Сосониёнро истифода бурда, онҳоро хеле содда карда буданд. Ҳамагӣ даҳ девон амал мекард:

  1. Девони вазир ё хоҷаи бузург, ки ба он кулли девонҳои боқимонда итоат мекарданд.
  2. Девони Амир-ул-мулк – кулли муносибатҳои сафирӣ (дипломатӣ) ва ҳуҷҷатҳои муҳими давлатиро қосидӣ мекард.
  3. Девони Соҳибушрат-горд ва лашкари подшоҳро сарварӣ мекард, инчунин қосиди шуғли умури дохилӣ буд.
  4. Девони Соҳиббарид – алоқа, почтаро қосидӣ мекард, бар фаъолияти ҳокимияти маҳаллӣ тавассути хизматчиёни хеш дар маҳалҳо назорати махфӣ мебурд.
  5. Девони Мухтасаб – бозорҳоро қосидӣ мекард – бо тафтиши тарозуҳо ва асбобҳои ченкунӣ шуғл дошт, дуруст муқаррар шудани нархи молҳо, рафтору одоби одамон, (зиёрати масчид, истифодаи машрубот)-ро тафтиш мекард.
  6. Девони Мушриф (назораткунанда) – ташаккули буҷа ва махсусан қисми истифодашавии онро қосидӣ мекард.
  7. Девони Муставфӣ – фаъолияти молиявиро қосидӣ мекард.
  8. Девони қозия (судяҳо).
  9. Девони аз-зиё – моликияти давлатиро қосидӣ мекард.
  10. Девони вақф – моликияти идораи диниро қосидӣ мекард

Муассисаҳои вилоятӣ, нохиявии девонҳо бо раёсатҳои маҳаллӣ алоқаи зич дошт. Ба онҳо бидуни девони барид, девонҳои марказии хеш ва ҳокимияти маҳаллӣ итоат мекарданд. Вилоятҳо ва ноҳияҳоро ҳокимон идора мекарданд, онҳоро одатан тибқи анъана кадхудо меномиданд. Ҳокимонро тибқи пешниҳоди Амирони Сомонӣ аз зумраи феодалҳо, сарлашкарон таъин мекарданд. Бештар ин вазифаҳо (мансабҳо) аз мерос мегузаштанд. Шаҳрҳо аз ҷониби раисҳо, шахсони мансабдори хоса идора карда мешуд. Ҳокимони онҳоро бештар аз ҷумлаи шаҳриёрони машҳур ва диндорон таъин мекарданд. Дар сохтори ташкили идоракунии давлат диндорон мавқеъи калонро мебозиданд. Сарвари диндоронро Шайхулислом меномиданд, дар маҳалҳо бошад идораи масчидҳоро хатибҳо сарварӣ мекарданд.1

Идоракунӣ дар таърихи илму фарҳанги тоҷик анъанаҳои хеле қадим ва бой дорад. Хусусан ин мавзӯъ дар ҳикмати амалӣ, қисми мустақили он, илми сиёсат, давлатдорӣ мавриди баррасии махсус қарор ёфтааст. Доир ба сиёсат, идоракунии давлат ва ҷомеа асарҳои зиёде, ба монанди «Орои аҳли мадинаи фозила», «Сиёсати мадания»-и Абӯнасри Форобӣ (а. 9-10), «Тадбири манзил»-и Ибни Сино (а.10), «Сиёсатнома»-и Низомулмулк (а.11), «Насиҳатулмулк»-и М.Ғаззолӣ (а.11-12), «Ахлоқи носири»-и Н.Тӯсӣ (а.13), «Захиратулмулк»-и Ш.Ҳамадонӣ (а.14), «Ахлоқи ҷалоли»-и Ҷ.Давонӣ (а.15), «Ахлоқи мӯҳсини»-иҲ.В.Кошифӣ (а.15-16), «Дастурулмулк»-и Хоҷа Самандари Тирмизӣ (а.17), «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»-и А.Дониш (а.19) ва ғайра эҷод гаштаанд. Дар ин асарҳои пурқиммат бисёр масъала ва паҳлӯҳои идоракунӣ, инчунин оини сарварӣ, одобу ахлоқи роҳбар ифода ёфтаанд.

Шайхурраис Абӯали Сино дар рисолаи «Тадбири манзил» оид ба идоракунӣ андешаҳои ҷолибро баён кардааст. Ба ақидаи Ибни Сино доштани қобилияти идоракунӣ, ҳусни раёсату сиёсат барои ҳар як инсон, хусусан барои онҳое, ки зердастон доранд, зарур аст. Сардори оила барои хонаводаро хуб сарварӣ намудан, аввалан, бояд шахси хирадманду ботадбир, инсони оқилу комил бошад. Барои ин худи ӯ ҳамеша дар ислоҳу такмили сирату сурати худ шуғл варзад. Агар шахс худро ислоҳу тарбия намуда, қувваҳои ботиниашро идора карда тавонад, вай қобил аст, ки на танҳо хонавода, балки аз он зиёдро низ сарварӣ намояд. «Арбоби манозил ва сарони хонаводаҳо, ки калону фарзандони онон дар таҳти назару тадбирашон идора мешаванд, бояд дар умури худ дорои ҳусни тадбир бошанд».

Инак, ақида ва ҳикматҳои ниёгонамон оид ба идоракунӣ то ба имрӯз қиммати баланди илмию амалии худро нигоҳ доштаанд ва ниёзманди омӯзиши ҷиддӣ мебошанд.

ҚаблӣТашаккул ва рушди назарияи идоракунӣ (менечмент)
БаъдӣАҷоиботи илми география