Гуногунии зинаҳои фазоӣ-вақтии ҳастӣ

Вақт яке аз падидаҳои нодир аст, ки бо ду тарз тафсир карда мешавад: а) гузашта-ҳозира-оянда; б) пештар-дар як вақт-дертар. Ин намуди тафсирҳо вобаста ба он далел аст, ки дар фаҳмидани вақт ҳам ҷиҳати меъёри миқдорӣ ва ҳам тобиши субъективӣ-психологии дарки ҷараёни вақт, баҳои ҷаҳонбинонаи маҷрои вақт ҳузур доранд. Дар мавриде, ки хусусияти миқдории вақт қайд карда мешавад, он гоҳ тафсири дуюм авлотар дониста мешавад. Маслан, 4 дақиқа пештар, 5 дақиқа дертар ва ғ. Ҳампайвандии мафҳумҳои «гузашта-ҳозира-оянда» барои беҳтар баён кардани тасвири психологӣ ва сифатан мазмунии вақт истифода мешавад. Ин ду забони вақтӣ соли 1908 аз ҷониби Ҷон Мак Таггар ҷудо ва ҳудудгузорӣ карда шудааст, ки тавассути он муайян кардани тафовути вақтҳои объективӣ ва субъективӣ муяссар гардид. Ҳодисоти гузашта, ҳозира ва оянда муайянияти вақтии худро бетанаффус иваз мекунад: ҳодисаи гузашта боз ҳам дуртар ва оянда боз ҳам наздиктар мешавад. Вақт ҳамчун дарозии ченакикунонидашуда дар ҳаёти инсон аҳамияти калон дорад. Фард ба ҷараёнҳои вақтӣ ҳамчун мушоҳидачӣ ва иштирокчӣ ворид буда, рафту маҷрои ҳодисот аз бисёр ҷиҳат бо ӯ вобаста мешаванд. Мафҳуми вақти субъективӣ маҳз ҳамин вобастагиро инъикос менамояд. Агар инсон аз болои вақти объективӣ (физикӣ) ҳокимӣ надошта бошад, пас ташкил намудани ҳаёту фаъолияташ ва мавзунияти онҳo аз инсон вобастаанд. Инсон дар вақт хосияту қобилиятҳояшро ошкор мекунад, то ки вақтро судманд ва оқилона истифода намояд. Аз нуқтаи назари таҳлили ретроспективӣ (тарҷеӣ) ҳамаи ҳодисаҳо дар хати занҷираи вобастагӣ саф оростаанд ва алоқаи ҷиддӣ ва аниқи байни гузашта, ҳозира ва оянда ба назар мерасад. Аммо ба оянда назар афкандан кифоя аст, ки маълум намоем – оянда ҳолати пешакӣ додашуда набуда, аз фаъолият ва интихоби инсон вобаста мебошад. Файласуфи олмонӣ Г.Рейхенбах вобаста ба ин масъала қайд карда буд, ки мо гузаштаро тағйир дода наметавонем, аммо мо метавонем ояндаро тағйир диҳем. Мо зикри воқеаи гузаштаро карда метавонем, аммо ояндаро не.

Қайд кардан мумкин аст, ки мавҷудияти инсон ҳамчун: а) макросистемаи мураккаб; б) организми зинда ва в) мавҷудоти иҷтимоӣ гӯё, ки дар миқёси гуногуни вақтӣ бо суръатҳои нисбати ҳамдигаронаш гуногун дар ҳамон меъёри ягонаи вақти физикӣ мегузарад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Вақти субъективӣ – ин дарозии ченакикунонидашудаи аз вақти объективӣ сифатан фарқкунанда мебошад, ки дар шуури мо дар асоси ҳаҷми иттилооти хотираи психологиамон силсилаи ҳодисоту ҳолатҳои баргузоршуда, мавҷуда ва эҳтимолиро инъикос менамояд. Вай тобиши рӯҳиявӣ (психологӣ) дошта аз шиддати ҳиссиёти ботинӣ, таҷрибаи рӯҳ, хотира, тасаввурот ва ғайрати инсон вобаста мебошад. Бинобар ин, дар бораи вақти психологӣ гуфтан ҷоиз аст. Вақти психологӣ манзараи иттилоотиро таҷдид намуда, на танҳо ба мавҷудияти физикии гузаштаю ҳозираи ҳодисоту равандҳо, ҳамчунин ба аҳамиятнокии онҳо барои инсон ишорат менамояд.

Инъикоси идрокии вақт – ин дарки вақт дар ҳиссиёти одамон. Вақти психологӣ ба монанди вақти физикӣ андозанок аст: гузашта, ҳозира, оянда. Аммо бо ҳамин фарқият, ки дар вақти психологӣ табдили иттилоотӣ-имконӣ мумкин аст: яъне инсони воқеан ва ҷисман дар вақти ҳозира мавҷудбуда имкон дорад, ки ба кӯдакӣ «ғарқ» гардад, аз таассуроти гузашта ба ваҷд ояд, гаронии талафоти имкониро эҳсос намояд ва ғ. Ба вақти психологӣ ҳаракат бо тири вақт аз лаҳзаи ҳозира ба оянда ва гузашта ё такрор намудани ҳодисоти ҳозира дар таассурот хос аст. Вақти психологӣ ба равандҳои воқеии гузаштаистода хусусияти аҳамиятнокӣ бахшида, баҳо, эҳсосот ва шиддати таассуротро ба онҳо мегузаронад. Вақти психологӣ умуман нобаробар буда, дар он ченаки ягонаи ҳақиқӣ вуҷуд надорад. Дар нисбати оянда инсон дорои он «нақшҳои инъикосӣ» нест, ки дар сохтори мағзи сар ҷойгир бошанд, аммо дар сатҳи психикӣ модели ҳодисоти дарпешистода ва манзараи ояндаи эҳтимолиро сохта метавонад. Дар асоси чунин пешдид ва моделсозӣ як навъ барномаи ҳолати оянда, рафтору фаъолияти оянда сохта мешавад, ки аҳамияти муайянкунанда-самтбахшандагӣ дорад. Ҷараёни вақти ба оянда бо тарзи иттилоотӣ давомёбанда ва модели иттилоотии оянда ба вуҷуд меояд, ки бо нерӯи шуури худи субъект офарида мешавад. Хусусияти хоси ояндаи вақти субъективӣ дар ҳамин зоҳир мегардад.

Бо вақти субъективӣ идрок кардани ҳозираро В.Вундт ҳамчун «идроки даряклаҳзагӣ»-и якчанд ҳодисаҳои пайдарҳам маънидод кардааст (гуфтан мумкин аст, ки сухан феълан дар бораи нусхабардории дарозии вақт меравад). Инсон дискретии (номуттасили) ҳарсониягии вақтро намефаҳмад ва идрок намекунад, баръакс ӯ худро дар муҳосираи вақти континуалӣ (муттасил) ҳис мекунад. Квант (ҳадди хурдтарин)-и вақти субъективӣ метавонад дар худ ҳам пайғоми иттилоотии гузаштаро дошта бошад, ҳам дар худ ирсолоте барои оянда дошта бошад. Дар воқеияти ботинии субъективаш инсон ба осонӣ «дар вақт ҷой иваз мекунад» ва бинобар он, лаҳза ҳамчун лаҳза боқӣ монда, ҷоришаванда ва давомёбанда намоён мешавад. Ин хоси ҳолатҳое мебошанд, ки «таассуроти дучарха» ном гирифтааст. Дар ин ҳолат риққат (стресс) чунон пурзӯр мегардад, ки инсон лаҳзаҳои гузаштаи ҳаёташро ҳамчун селаи таассуроти вақти ҷории ҳозираро роҳбаладикунанда тасаввур мекунад. Нақши ҳодисоту ҳолатҳои азбайнрафта дар сохтори нейронии мағзи сар боқӣ мемонанд ва аз ин «бойгонӣ» бозгирифтаю фаъол гардонида мешаванд. Асосгузори кибернетика Н.Винер фарзия баён карда буд, ки мувофиқи он дарки интуитивии вақт бо назми майнаи инсон, аз ҷумла бо алфа-ритм, ки фаъолнокии инсонро муайян мекунад, вобастагӣ дорад.

Ҳарчанд, ки дар илмҳои табиатшиносӣ тасаввурот дар бораи фазо ва вақт бо моделҳои физикӣ асос меёбад, вале дар ҳар кадоми ин илмҳо вобаста ба соҳаи тадқиқоташ тасаввуроти хосса доир ба ин мавзӯъ ҷой дорад. Аз ин бармеояд, ки тафсир шудани фазо ва вақт аз мавқеи физика табиатшиносиро то охир қаноатманд карда наметавонад. Масалан, дар биология доир ба фазо ва вақти махсуси мутташаккил, ҳатто оид ба муттасилии фазоӣ-вақтии махсус сухан кардан мумкин аст. Хусусияти фазои биологӣ бо ташкили махсуси низоми биологӣ вобаста аст, ки дар он, масалан, ҷойгиршавии асимметрии (нобаробаронаи) молекулаҳои органикӣ, асимметрияи нимкураҳои чап ва рости мағзи сари инсон нақши муҳим доранд.

Вақти биологӣ низ хусуиятҳои худро дорад, зеро равандҳои вақтии низомҳои зиндаро бо вақти физикӣ ба пуррагӣ шарҳ додан имкон надорад. Агар дар физика барнагардандагӣ ҳамчун эҳтимолияти калон дар ивазшавии ҳолати низом зуҳур ёбад, пас дар биология барнагардандагӣ хосияти универсалӣ ва мутлақ дониста мешавад. Дар фаҳмиши биологӣ «ҳозира» низ давомнокии гуногун дошта метавонад.

Эҳсоси вақт инчунин бо раванди мубодилавии организм вобаста карда мешавад. Азбаски дар пиронсолӣ суръати мубодилаи моддаҳо дар организм нисбатан камтар мешавад, бинобар он, рафти «механизми соат»-и ботинӣ низ суст мегардад. Дар организмҳои зинда як навъ «соати биологӣ» бино ёфтааст, ки кори худро бо назмҳои биологӣ мувофиқ мегардонад. Назмҳои биологӣ бо назмҳои геофизикии ивазшавии фаслҳои сол ва вақти шабонарӯзӣ вобастагӣ доранд. Илова бар ин, вақти ботинӣ на соат дораду на сония.

Ҳастии иҷтимоӣ мисли олами объектҳои моддӣ воқеӣ буда, бинобар ин, фазо ва вақти худро дорад. Фазои иҷтимоӣ ин фазои ғайриевклидӣ мебошад. Ин фазо на ҳамту физикӣ, инчунин фазои махсуси фарҳангӣ-мазмунӣ мебошад, ки ба рафтор ва андешаҳои мо тасири бевосита мерасонад. На танҳо одамон фазои иҷтимоии худро месозанд ва мувофиқи хосту мақсади худ онро ба тартиб медароранд, инчунин фазои иҷтимоӣ худи одамонро фаъолона ташаккул медиҳад. Фазои иҷтимоӣ бо вақти иҷтимоӣ, ки андозаи тағйироти равандҳои ҷамъиятӣ мебошад, алоқамандӣ дорад.

Вақти иҷтимоӣ – ин маҷмӯи робитаҳои дар доираи вақт баамалояндаи ҷамъият, бузургиҳои вақтии фаъолияти одамон аст, ки равандҳои тағйирпазирро дар ҷамъият ифода мекунанд. Вақти иҷтимоӣ муташаккил ва сохторнок аст: а) вақти таърихи халқ ва инсоният; б) вақти равнақёбии миллатҳо ва халқиятҳо, ин ё он низоми ҷамъиятӣ-сиёсӣ, ягон давлат ё мамлакат; в) вақти ҳастии инсон.

Дигаргунсозиҳои таърихӣ вақти иҷтимоии ҷамъиятро инъикос намуда, аз нобаробарии он шаҳодат медиҳанд. Вақти иҷтимоӣ раванди зиддиятнок буда, марҳилаҳои алоҳидаи сустшавӣ ва вусъатёбӣ, карахтӣ ва таркишӣ, даврӣ ва бебозгаштӣ дорад. Чунончи, дар замони дигаргунсозиҳо вақти таърихӣ вусъат меёбад, аз ҳодисаҳои замона пур шуда, «зичтар» мешавад. Тамаддуни муосири мо суръати инкишофашро метезонад, ҳол он ки дар давраҳои ибтидоии инкишофи ҷамъияти инсонӣ онҳо сусттар буданд.

Дар сохтори вақти иҷтимоӣ такроршавӣ ва тавҷеҳ ба анъанаро ҷудо кардан мумкин аст. Албатта, сухан дар бораи такроршавии мутлақ не, балки дар бораи такроршавии нисбӣ меравад. Вале ҷамъият бояд ҳамеша ҳамаи даврҳои инкишофашро такрор намояд: истеҳсолот, тақсимот, мубодилот ва истеъмолот. Дар акси ҳол, вай нобуд мешавад. Одамон низ дар рафти ҳаёту фаъолияташон бояд нақшу вазифаҳои иҷтимоии тақсимшударо ҳамаҷониба такрор намоянд, сохторҳои ҷамъиятӣ дар навбати худ меъёрҳои ниҳодиро риоя намоянд. Вобаста ба ин вақти иҷтимоии синхронӣ (мувофиқати вақтии равандҳо ва таъсири мутақобилаи воқеии онҳо) ва диахронӣ (таъсири мутақобилаи пайдарҳам дар давоми вақт) фарқ карда мешаванд. Аз номувофиқатии равандҳои синхронӣ ва диахронӣ дар вақти иҷтимоӣ метавонанд зиддиятҳое пайдо шаванд, ки ҳаллашон амали фаъолона, иштироки омили инсониро талаб намоянд.

Дар сохтори вақти иҷтимоӣ муназзамӣ ва пайдарҳамӣ ҷудо карда мешаванд. Муназзамӣ ифодакунандаи такроршавии муайяни ҳодисоту равандҳои дар як вақт ё пайдарҳам мавҷуда мебошад. Ба муназзамӣ номуназаммӣ муқобил аст. Ин дар ҳолате, ки дигаргуншавии ҷамъият ва ҳаёту фаъолияти ҷамъият хусусияти бетартибӣ пайдо мекунанд, муайян мегардад. Ягонагии тағйирот ва устуворӣ марҳиларо ба вуҷуд меоварад.

Сохтори вақти иҷтимоӣ нисбати фаъолияти инсон аввал аст. Аз он, ки назми ҳаёту фаъолияти инсон бо назми ҷамъият мувофиқ аст ё аз он ақиб мемонад, сифати ҳаёти инсон вобастагӣ дорад. Дар ҷамъияти баъдисаноатии муосир суръати вақти иҷтимоӣ меафзояд ва «зичтар» мешавад. Назмҳои табиӣ-биологии организми инсон бо назмҳои болоравандаи вақти иҷтимоӣ номувофиқ мешаванд, ки ин ба натиҷаҳои манфӣ сабаб мегардад. Бар зидди «дав»-и беандозаи вақти ҷамъияти баъдисаноатӣ эътироз пайдо мешавад. Гузаштан ба инкишофи босуръати ҷомеа маҳдуд кардани талафёбии вақти иҷтимоиро дар назар дорад. Аммо худи ибораи «сарфаи вақт» танҳо нисбати вақти иҷтимоӣ истифодашаванда аст, на ба вақти физикӣ, ки андозаашро табиат муайян кардааст. Вақти иҷтимоӣ барои фард метавонад ҳаловатбахш бошад ё нисбати ӯ бегонаю душманона баромад намуда, назму суръати тоқатнофарсоро маҷбуран бораш кунад. Бинобар ин, тасвири иҷтимоии лоиҳаи оянда барои инсон хеле муҳим аст. Ин лоиҳакашӣ шаклҳои гуногун мегирад: а) утопияҳо, яъне он чи, ки воқеан иҷронашаванда, ормонӣ аст; б) парастиши оянда, ки барои оянда аз ҳисоби ҳозира қурбонӣ карданро пеш меоварад. Аммо дасткашӣ аз тасвири лоиҳаи оянда ба пайдоиши мақсадҳое сабаб мешавад, ки мувофиқи он «лаҳзаро дастгирифтан», бо як рӯз зистан, ба эътибор нагирифтани гузашти вақт муҳим буда, аз насл ба насл интиқол додани таҷриба мубрамии худро гум мекунад.

Чунин рафтҳои вақтро низ ҷудо намудан мумкин аст: а) суст ҷорӣ шудани вақти иҷтимоӣ; б) вақти муборизаи шадиди байни гузашта ва оянда; в) вақти таркишмонанд ё рафти ҷаҳишмонанди вақт; г) вақти даврӣ. Шаклҳои дигари баҳсноталаби вақти робитаҳои сохторҳои иҷтимоӣ ҷудо карда шуданаш мумкин аст: а) вақти тахайюлию ботилона; б) вақти номӯътақидӣ, ки бо суръатнокшавии номунтазам ва номуайянии вазъи иҷтимоӣ-ҷамъиятӣ вобаста аст; в) вақти оҳистараванда, ҳангоме ки гузашта дар ҳозира падид меояд ва нақш мебандад; г) вақти хуш ва нохуш, бомуваффақият ва бемуваффақият ва ғ.

Вақти фарҳангӣ-таърихӣ дар он ифода меёбад, ки вай хусусияти инкишофи таърих ва фарҳангро маълум менамояд. Вақти фарҳангӣ-таърихӣ давомнокии мавҷудият ва ивазшавии сифатии тамаддунҳоро, ки вақти пайдоиш, равнақёбӣ ва таназзул доранд, баён мекунад. Вақт дар фарҳанг бо эҳсоси бебақо будани ҳаёт, бо таассуроти маънавии инсон ва ҷустуҷӯи ҷавоб ба саволҳо дар бораи маънои ҳаёти инсон, маъно ва мақсади таърих вобастагии ногусастанӣ дорад. Вақти фарҳангӣ-таърихӣ ба давраҳои то тавлидшавии пайғамбар Исои Масеҳ ва баъди он тақсим мешавад (аммо истисно набояд кард, ки барои баъзе ҷомеаҳо чунин «даврабандӣ» эҳтимол қобили қабул набошад). Дар таърихи фарҳанг мафҳуми вақти «маросимӣ» вуҷуд дорад, ки ба он одатҳо, қурбонӣ кардан ва ғ.-ро марбут донистаанд. Дар дин вақти инсонро ба таври хос ҳамчун табдилшавӣ тасаввур карда мешавад: марги ҷисмонӣ ҳамчун тавлидшавӣ барои ҳаёти нав, тавлиди ҷисмонӣ ҳамчун роҳи пурмашаққати тайёрӣ ба тавлидоти нав (марг) талқин карда мешавад. Истиораҳои зиёд мавҷуданд, ки дар онҳо хусусияти вақти фарҳангӣ-таърихӣ нишонрас ифода ёфтаанд: «вақти масҷид», «вақти тоҷирон», «вақти ситамгарон» ва ғ.

Хусусияти вақти фарҳангӣ-таърихӣ ин фардиятӣ таҷассум ёфтани он мебошад. Яъне вақт номи махсус гирифта, мубоҳисаи фарҳангиро истиоравӣ ҳусн мебахшад: толеъ, тақдир, асри тиллоӣ, қиёмат, маризии замона ва ғ. Фардиятӣ таҷассум кардани вақт дар асотир, ашъор, адабиёти бадеӣ васеъ паҳн шудааст ва ба нутқи муқаррарӣ низ роҳ ёфтааст. Чуноне ки файласуфи рус Н.Бердяев қайд намудааст, ин масъалаи мазкури вақт бо масъалаи марг вобаста аст.

Тасаввурот дар бораи вақти фарҳангӣ-таърихӣ, ки бо хусусияти ҳар кадом таъсисоти фарҳангӣ вобаста аст, ба фаҳмидани «нерӯ»-и вақт мадад мерасонад. Раванди инкишофи фарҳанг дар вақт, дар маҷмӯи арзишҳои фарҳангӣ, ки ҳар як насли оянда мерос мегирад, сабт шудааст. Вақти фарҳангӣ-таърихӣ ба алоқамандии анъанаҳо ва навовариҳо, ба статика ва динамикаи вақт ишорат мекунад. Вақти фарҳангӣ-таърихӣ, ки хусусияти хос дорад, бо вақти физикӣ алоқаи мустаҳкам дорад. Чунончи, санадҳои таърихӣ асосан кашфиётҳо, воқеаҳои бузург ва комёбиҳои олии ягон давраи инкишофи ҷамъиятро нишонгузорӣ намуда, таърихи гузаштаро дар хотироти инсоният нигоҳ медоранд, ки бе он ҳозираи ҷамъият мавҷуд буда наметавонад.

Ҳамчунин бояд қайд кард, ки дар илми муосир доир ба ҷудо кардани тасаввуроти геологӣ-географии фазо ва вақт масъалагузорӣ карда мешавад. Дар ин маврид сухан дар бораи муттасилии фазоӣ-вақтӣ меравад, ки дар доираи он таҳаввулоти Замин амалӣ мегардад. Чуноне гуфта будем, тасаввуроти физикӣ дар бораи фазо ва вақт дар табиатшиносӣ ба сифати бунёдӣ баромад мекунад. Ин сабаб гардид, ки дар дар геология фаҳмиши духелаи вақти геологӣ ба миён ояд. Раванди геологӣ ҳамзамон дар дохили вақти физикӣ (новобаста аз хусусияти объектҳои мазкур) ва вақти геологӣ (вобаста аз хусусияти низоми инкишофёбанда) ҷараён мегирад. Бинобар ин, барои ифода кардани равандҳои геологӣ мафҳуми «вақти хос» истифода мегардад, ки хусусияти суръати ҷорӣ шудани ҷараёнҳои низоми муайяни геологиро инъикос мекунад. Вобаста аз ин, кӯшиши муайян кардани меъёр, ки нисбати он муайян кардани силсилаи вақтии ҳодисаҳо имкон хоҳад дошт, пеша карда шуд.

Дар охир якчанд хулосаи муҳимро доир ба мавзӯи фазо ва вақт баррасӣ менамоем. Вақт ҳамчун ченак тағйироти ҳолатҳои объекти инкишофёбандаро ба қайд мегирад. Дар чунин сифаташ вақт нисбати кулли низомҳои табиӣ истифодашаванда мебошад. Вале хусусияти ҷараёни вақтии равандҳо, суръату мавзунии онҳо аз хусусияти сохтори низоми таҳқиқшаванда вобастагӣ доранд, ки агарчӣ барояш андозаҳои вақти физикӣ ё астрономӣ ба сифати бунёдӣ баромад мекунад, вале то андозае тасҳеҳ («ислоҳ») мегарданд. Фазо хусусияти имтидолнокии низомҳои мухталифро ифода менамояд, ҳамчунин ҳатман вобаста аз ташкили фазоӣ низоми мушаххас тафсир карда мешавад. Бинобар ин, тасвири физикии хусусияти фазоӣ-вақтӣ модели нисбатан абстрактӣ (идеалишуда) буда, он гуногунии воқеии ҳолатҳои олами иҳотакарда ва зинаҳои гуногуни онро ба пуррагӣ инъикос карда наметавонад.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама