Ҳаёт ва фаъолияти Сайфи Фарғонӣ / Сайфи Фаргони

Зиндагиномаи / хаёт ва фаъолияти Сайфи Фаргони.


Рӯзгори шоир

Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ яке аз сухансароёни маъруфи адабиёти тоҷику форс маҳсуб мешавад. Ӯ дар нимаи аввали асри XIII дар Фарғона таваллуд ёфтааст ва дар ҳамин ҷо илму дониш омӯхтааст. Ӯ дар натиҷаи саъю кӯшиши зиёд аз илмҳои маъмули замона бархӯрдор мегардад.

Сайфиддин илмҳои таърих, забону адабиёти тоҷику форс ва арабро аз худ намуда, пайваста ашъори адибони пешинро хонда, аз бар менамояд. Дар баробари ин дар назди устодон илми арӯз, қофия ва санъатҳои бадеиро аз худ менамояд ва оҳиста-оҳиста абёти шогирдонаи хешро низ иншо менамояд. Вале ҳаёти осудаю ороми шоир ба шаби тор бадал гардида, ба таъқиби муғулон, ки аллакай Мовароуннаҳру Хуросонро фатҳ карда, давлату савлат меронданд, гирифтор мегардад. Оқибат маҷбур мешавад, ки як умр Фарғонаро тарк намуда, ба тарафи Эрон роҳ пеш гирад. Ӯ дар роҳ сахтиҳои зиёд мебинад, ба таъқиби муғулҳои истилогар дучор гардида, ниҳоят ба Табрез меояд. Табрез он рӯзгор андак орому осуда буд.

Шоир он ҷо муддате меистад. Аз тарафи дигар, дар он ҷо уламою удабо аз бисёр шаҳрҳои Моваруннаҳру Хуросон омада буданд. Доираҳои адабӣ дар ин шаҳри бузург диққати меҳмонони шеърдӯсту ҳунарманд ва аҳли адабро бештар ба худ ҷалб мекард. Сайфи Фарғонӣ маҳз дар ҳамин ҷо асарҳои Шайх Саъдиро хонда, бо ӯ ғоибона шинос гардид. Дере нагузашта ба Шероз ба зиёрати Саъдӣ рафт. Саъдӣ Сайфро хуш қабул намуда, бо ҳам дӯсти ҷонӣ гардиданд.

Метавон гуфт, ки аз ҳамин вақт сар карда, Саъдӣ барои Сайфи Фарғонӣ мураббӣ ва дар ҳама кор мададгор гардид. Ба Сайф ёрии моддӣ мерасонд. Сайф баъд аз чанд муддат боз ба Табрез омад. Сабаби бозгашташ он буд, ки мамдӯҳи ӯ, вазири подшоҳи Элхонӣ Шамсиддини Соҳибдевон, ки марди шеърдӯсту шоирпарвар буд, чашм ба роҳаш дошт. Сайф муносибати хешро бо ин вазир ба Саъдӣ ҳикоят карда буд, бинобар ин дар рафтани шоир ризоят дод. Сайф қиссаи ба ҳузури Шамсиддин шарафёб шуданашро ба Саъдӣ ҳикоят намуда буд:

«Чун мулозимони вазир ба арзаш расонданд, ки аз диёри Фарғона шоире омадааст, ки хешро Муҳаммад Сайфиддини Фарғонӣ гӯяд ва он кас хоҳиши зиёрати шумо доранд. Боз шеърҳои тозаэҷоди худро ҳамчун армуғон овардаанд. Шамсиддини Соҳибдевон пасон меҳмонро қабул намуд ва перомуни шеъру шоирӣ ва каломи бадеӣ бо ҳам хеле суҳбат карданд ва Сайф аз қасидаю ғазалҳои тозаэҷодаш барои ӯ қироат кард. Шоиста он буд, ки ҳам суҳбат ва ҳам ашъори Сайф ба вазир писанд афтод ва ӯро аз ҷумлаи хосони хеш баргузид. Баъд бо кумаки Шамсиддин соҳиби ҳавлию ҳамсар гардид. Албатта, дигар наметавонист, ки дар Шероз бимонад. Бозгашт, вале дӯстии байни Саъдию Сайф устувор монд. Онҳо ба воситаи нома аз ҳолу аҳволи якдигар воқиф мегардиданд ва асарҳои тозаэҷоди хешро нисори якдигар мекарданд.

Вале, мутаассифона, ҳаёти осуда, базму шабнишиниҳои дӯстона дер давом накард. Низоъҳои дарборӣ домон зад. Муқобилони Шамсиддини Соҳибдевон бар зидди ӯ бархостанд ва тавонистанд суханашонро дар назди хон гузаронанд ва хиёнату ҷинояти вазир Шамсиддини Соҳибдевонро исбот бикунанд. Бо амри хон Шамсиддин бо як гурӯҳ наздиконаш ба қатл расид ва боз Сайф бо аҳлу аёли худ гурезон шуд. Акнун боз ба Осиёи Сағир, ба Туркия рӯ овард ва дар шаҳри Оқсаройи туркони усмонӣ манзил ихтиёр кард. Ин ҳодиса дар соли 1286 ба вуқӯъ омада буд.

Ҳаёти шоир дар Оқсарой чандон хуб набуд. Вале ба ҳар ҳол осуда ва ором мегузашт, нафаси озод мекашид. Дигар иғвою дасисабозиҳои дарбори элхонӣ ӯро ранҷу озор намедод. Ҳамдаму ёри меҳрубонаш китобҳо, асарҳо ва эҷодкориҳои солҳои пешинаш буданд, ки дилашро мебардоштанду бо ҳамон умед зиндагӣ мекард. Ӯ бо ёди ватан, ёди ёру дӯстон ва бо навои рӯди ботамкини Сир шабонро рӯз карда, дилро таскин медод.

Ҳамин тавр, Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ дур аз ватан соли 1306 дар шаҳри Оқсаройи Туркия чашм аз ҷаҳон пӯшид. Барои мо равшан нест, ки то имрӯз марқади шоир дар ин шаҳр барҷост ё на. Аммо хуб медонем, ки осори ин шоири ширинкалом – Сайфи Фарғонӣ то ба имрӯз бо мост ва оянда ҳам дар қалби одамони сайёра ҷовид хоҳад монд.

Мавзӯҳои вобаста

Савол ва супориш

  1. Зодгоҳи шоирро аз харита ёбед.
  2. Дар бораи водии Фарғона шумо чӣ маълумот доред?
  3. Ба сари Сайфиддин чӣ фалокат омад?
  4. Сайфи Фарғониро Шайх Саъдӣ чӣ хел қабул кард?
  5. Чаро Сайфиддин боз ба Табрез омад?
  6. Чӣ ҳодиса шуд, ки Сайф ба Туркия ҳиҷрат кард?
  7. Дар бораи хоксории шоир шумо чӣ гуфта метавонед?
ҚаблӣМақоми қасида дар девонҳои Амир Хусрави Деҳлавӣ
БаъдӣМероси адабии Сайфи Фарғонӣ