Халилуллоҳи Халилӣ (1913 -1988)

Халилуллоҳи Халилӣ яке аз шоирони тавонои асрии ХХ-и Афғонистон ба шумор меравад. Ӯ ҳамзабони мост. Шоир соли 1913 дар шаҳри Кобул ба дунё омад. Фарҳангу адаб омухт ва дар ин ҷода марди фозил гашт. Асарҳои таърихӣ, адабиётшиносии ӯ дар ҳаллу фасли масоили иҷтимоию фарҳангӣ арзиши бузург доранд.

Вале Халилуллоҳ асосан бо асарҳои адабиаш шуҳрату мақоми хоса дорад.

Бояд тазаккур дод, ки Халилуллоҳ борҳо ба Тоҷикистон омадааст ва дар ҷашни Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намудааст. Халилуллоҳ рӯзҳои вопасини рӯзгори худро дур аз Ватан дар ғарибӣ гузаронд. Пас аз он, ки Армияи Шуравӣ вориди Афғонистон гардид, мардуми зиёд аз аҳди адаб кишварро тарк намуданд. Халилуллоҳ низ аввал ба Покистон ва баъд ба Италия рафт ва даҳ сол охири умри хешро дар он ҷо гузаронид. Адиб бо сад дарду алам дур аз ёру диёр бо ёди Ватан соли 1988 вафот кард.

Адиб дар ғарибӣ бо ёди Ватан мезист, чун булбул дур аз чаман менолид, ашки ҳасрат мерехт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шоир ба ҷавонони афғон хитоб карда, онҳоро ба ягонагӣ, иттиҳод даъват менамуд. Вале, афсус, адиби ватандӯст озодии халқу кишварашро надид. Инак, дар ҳамин мавзуъ чанд шеъри дардомези адибро, ки онҳо садои қалби шоиранд, барои мутолиаи шумо пешкаш менамоем.


Хаёт ва фаъолияти Халилуллохи Халили, зиндагиномаи Халилулох Халили, Эчодиёти Халилулохи Халили.

ҚаблӣҚадри устод (шеър барои устод)
БаъдӣДубайтию рубоиёт аз Халилуллоҳ Халилӣ