Хашароти зараррасони сахро ва обчакори. Малахи сахрои (катори ростболхо). Сангпуштаки зараррасон (катори ганданафасакхо). Гамбуски хартумчадори лаблабу ва гамбуски колорадои.
Ба соҳаи кишоварзӣ ҳайвонҳои гуногун зарар мерасонанд, ки дар байни онҳо намудҳои ҳашарот аз ҳама зиёданд.

Малахи саҳроӣ (қатори ростболҳо)
Дар байни малахҳо намуди аз ҳама маълум – малахи сайёри осиёгӣ, малахи марокашӣ аст. Солҳои пеш ин намудҳо ба соҳаи кишоварзӣ, махсусан, ба зироатҳои ғалладона зарари бениҳоят калон мерасониданд. Онҳо тамоми барги рустаниҳои дар сари роҳашон бударо хӯрда, нест мекарданд.
Бо шарофати корҳои зиёди олимон, сараввал ҷойи афзоиши онҳоро муайян карда, бо роҳҳои гуногун мубориза мебаранд. Дар замони ҳозира ин намудҳо на он қадар хавфи калон доранд. Ҷойи асосии тухмгузорӣ ва афзоиши ин малахҳо қамишзорҳои соҳили дарё, заминҳои бекорхобида ва чарогоҳҳо мебошанд.
Модина дар нимаи дуюми тобистон тухмро дар хок мемонад. Онҳо луоби махсус баро варда, тухмро бо заррачаҳои хок час понда, кӯзача ҳосил мекунанд (ба расми 98 нигаред). Аз тухмҳо баҳор (март-апрел) кирмина ме барояд. Кирминаҳо аз кӯзачаҳо ба болои замин баромада, пӯст мепартоянд ва рустаниҳоро хӯрда, калон шуда, ба киштзорҳо мераванд. Инҳо малахи сафарианд. Кирминаҳо пас аз 4-5 бор пӯст партофтан, бол пайдо карда, аз ҷойи афзоиш ба масофаи дур парвоз мекунанд.
Сангпуштаки зараррасон (қатори ганданафасакҳо)
Асосан, ин навъи ҳашарот ба ғалладона маҳз ба гандум зарар мерасонад. Сангпуштак тавассути узви даҳониаш дони нимхомро сӯрох карда, ба он луоби даҳонашро мегузорад (расми 107). Луоб ширеш (клейковина)-и гандумро вайрон карда, маҳсулоти ҳалшударо мемакад. Ин ҳашарот дар давраи болиғӣ зимистонро дар зери баргҳои дарахтони ҷангалҳо мегузаронанд. Дар фасли баҳор ба киштзори зироатҳои ғаладона парвоз карда, дар барги ғалладона тухм мемонанд. Узви даҳонии кирминаҳо ба монанди ҳашароти болиғ халандаю маканда мебошанд.
Гамбӯски хартумчадори лаблабу ва гамбӯски колорадоӣ
Аз ҳашароти мансуб ба қатори сахтболҳо ба киштзор ва обчакорӣ, гамбӯски хартумчадори лаблабу ва гамбӯски колорадоӣ зарар мерасонанд (расми 107).
Гамбӯски хартумчадори лаблабу дар як шабонарӯз то 10 рустании ҷавонро нобуд мекунад. Зарари ин гамбӯск, асосан, ба давраи афзоиши лаблабу рост меояд. Модина тухмашро дар хок, дар назди ниҳолҳои лаблабу мемонад. Кирминаҳо аз тухм баромада, решаҳои лаблабуро мехӯранд. Сипас, кирминаҳо ба зоча табдил меёбанд. Гамбӯскҳо тобистон аз зоча баромада, то баҳори соли оянда дар хок меистанд.
Гамбӯски колорадоӣ
Гамбӯски колорадоӣ зараррасони хавфноки картошка аст. То солҳои наздик ин намуд дар Тоҷикистон мавҷуд набуд. Бадани ин гамбӯск зард буда, дар сар ва сина доғҳои сиёҳ дорад. Дар ҳар рӯйбол панҷторӣ рахи сиёҳи барқад дорад. Модинаи он то 2400 адад тухмро дар пушти баргҳои картошка мегузорад, ранги тухмҳо норинҷӣ аст. Дар тобистон ин гамбӯск якчанд бор насл мемонад. Гамбӯскҳои болиғ ва кирминаи онҳо барги картошкаро мехӯранд. Ватани гамбӯски калорадоӣ Амрико аст. Онро бо ҳамроҳии картошка ба Аврупо оварданд ва он тадриҷан дар ҳамаи минтақаҳои картошкакор паҳн шуд. Агар хӯрок афзун бошад ва душманони табиӣ набошанд, гамбӯски колорадоӣ бо суръати тез афзоиш карда, ба дигар ҷойҳо паҳн мешавад.
Тестҳо
- Малахҳо дар куҷо тухм мегузоранд?
А) дар барги дарахт; Б) дар рустаниҳои обӣ; В) дар хок; Г) дар обанборҳои истода.
- Кадом ҳашароти номбаршуда зараррасони асосии картошкапарварӣ ба ҳисоб меравад?
А) малахи саҳроӣ; Б) сангпуштаки зараррасон; В) гамбӯски хартумчадори лаблабу; Г) гамбӯски колорадоӣ.
- Сангпуштаки зараррасон ба кадом қатори ҳашарот дохил мешавад?
А) нимсахтболҳо; Б) ростболон; В) баробарболон; Г) дуболаҳо.