Катори пардаболхо ва дуболахо. Катори дуболахо.
Пардаболҳо яке аз калонтарин қаторҳои синфи ҳашарот мебошанд. Дар байни онҳо намудҳои зараррасони зироатҳои хоҷагии қишлоқ (масалан, пармачии пояи ғалладона), намудҳои гардолудкунандаи рустаниҳо (оилаи занбӯри асал), намудҳои муфтхӯр аз оилаи ихневмонидҳо, браконидҳо ва халсидҳо хеле зиёданд. Баъзе намудҳои оилаҳои охир тухми худро дар тухм ва кирмаки ҳашароти зараррасон мемонанд. Кирми аз тухм баромадаи онҳо ҳашароти зараррасонро нест мекунад. Аз ҳамин сабаб, онҳоро дар шароити лабораторӣ парвариш карда, дар муборизаи биологӣ ба муқобили ҳашароти зараррасон истифода мебаранд.
Ба пардаболҳо мӯрча, занбӯри асал, намудҳои зиёди ору мансубанд. Дар Тоҷикистон қариб 30 намуди мӯрча маълум буда, онҳо дар табиат аҳамияти калон доранд. Мӯрчаҳо гурӯҳ-гурӯҳ (дар гурӯҳ аз 500 то 600 ҳазор фард) зиндагӣ мекунанд. Пардаболҳо дар байни ҳашарот беҳтарин гардолудкунандаи рустаниҳоянд. Пардаболҳо ду ҷуфт боли пардамонанди шафоф доранд (расми 106).
Узви даҳонашон хоянда ё лесанда аст. Модинаи пардаболҳо дар қисми охири шикам узви тухмгузор дорад. Дар занбӯри асал ва бомбус террестрис ин узв тағйир ёфта, ба неш мубаддал шудааст. Саргаҳи неш бо ғадуди заҳрбарор робита дорад. Кирминаи пардаболҳо кирмшакл буда, дар бисёр намудҳояшон пой нест. Хӯроки бисёр намудҳои ин қатор шаҳд, гарди гул, моддаҳои ширини ҷудокардаи поя ва барги рустаниҳо мебошанд.
Баъзе намудҳои дигари ин қатор тухмашонро дар кирмина, зоча ва тухми дигар ҳашарот мегузоранд. Онҳоро тухмхӯрҳо ва саворакҳо меноманд.

Қатори дуболаҳо
Дар Тоҷикистон тақрибан садҳо на- муди ин қатор вомехӯранд. Дар байни онҳо зараррасонҳои хавфнок – магаси хонагӣ, хомӯшакҳо, пашаҳо, бӯгалакҳо, ғӯрмагас ва ғайраҳо маълуманд (ба расми 106 нигаред).
Пашаҳои хунмак паҳнкунандаи касалиҳои инсон ва ҳайвон мебошанд. Баръакси дигар ҳашарот, дуболаҳо фақат як ҷуфт боли пардамонанд доранд. Узви даҳонии магасҳо, пашаҳо халандаю маканда ва магаси хонагӣ лесанда аст. Кирминаи дуболаҳо пой надоранд. Дар байни намояндагони ин қатор намудҳои зараррасони рустанӣ, паҳнкунандаи касалиҳои инсон ва ҳайвонот, гардолудкунандаи рустанӣ маълуманд.
Саволҳо
- Кадом ҳашароти шаклдигаркуниашон нопурраро медонед ва онҳо ба кадом қаторҳо дохил мешаванд?
- Кадом ҳашароти шаклдигаркуниашон пурраро медонед ва онҳо ба кадом қаторҳо дохил мешаванд?
- Чанд шакли узви даҳонии ҳашаротро медонед ва сабаби ин гуногуншаклӣ дар чист?
Тестҳо
- Кадоме аз ин ҳашарот ба қатори дуболаҳо дохил мешавад?
А) сӯзанак; Б) малах; В) паша; Г) гамбуски колорадоӣ.
- Кадоме аз ин ҳашарот тухми худро дар кирмина вазочаи дигар ҳашарот мегузоранд?
А) сӯзанакҳо; Б) гаҳвораҷунбонҳо; В) нонхӯракҳо; Г) саворакҳо.
- Магаси хонагӣ ба кадом қатори ҳашарот мансуб аст?А) тӯрболон; Б) ростболон; В) баробарболон; Г) дуболаҳо.