Забон ҳамчун низоми (системаи) аломатҳо. Мантиқ ва забон

Забон ҳамчун низоми (системаи) аломатҳо. Мантиқ ва забон. Забон хамчун низоми (системаи) аломатхо. Мантик ва забон.


Мафҳумҳои асосӣ: забон, аломат, категорияҳои семантикии забон, қимат, маъно, ном, хосият, муносибат, нишона, истилоҳоти дескриптивӣ, истилоҳоти мантиқӣ, предикатор.

Маълум аст, ки мантиқ шаклҳои тафаккурро таҳқиқ мекунад, тафаккур бошад бо забон узван пайваст аст, бинобар ин мантиқ илм дар бораи забон низ мебошад. Дар мантиқ ҷиҳатҳои алоҳидаи забонҳои та-биӣ ва сунъӣ таҳқиқ мешаванд. Агар забонҳои табиӣ бо таври стихиявӣ пайдо шуда, инкишоф ёбанд, пас забонҳои сунъӣ барои ҳалли ин ё он масъала – ҳамчун забони махсуси мантиқ бунёд мегарданд. Яке аз ин гу-на забонҳо забони мантиқи хабар (предикатҳо) ба ҳисоб меравад, ки онро ҳан-гоми ошкор намудани алоқамандии фикрҳо аз рӯи шаклҳои мантиқи-ашон истифода мебаранд. Бартарии чунин забон дар он зоҳир мешавад, ки дар он бисёрмаъногии ифодаҳои забонӣ бартараф мешавад. Забони мазкур дохил шудани омонимҳо ва ифодаҳои норавшанро истис-но мекунад. Ҳамаи инҳо боиси дуруст гардидани тарзи муҳокимарониҳо мешаванд ва фарқи муҳокимаҳои дуруст ва нодуруст осон мегардад.

Ҳангоми таҳлили мантиқӣ, забонро ҳамчун системаи аломатҳо баррасӣ менамоянд. Аломат –  мӯдраки (объекти) моддиест, ки ҳангоми маърифат ё ки муомилот ҳамчун намояндаи ягон объекти дигар исти-фода мешавад. Одатан, дар ҷараёни маърифат се навъи аломатҳо ис-тифода мешаванд:

  1. Аломати индексҳо;
  2. Аломати нақшҳо;
  3. Аломати рамзҳо (символҳо).

Аломати индексҳо  ба объектҳое, ки ифода мекунанд, алоқаманд буда, робитаи онҳо мисли робитаи натиҷа ва сабаб аст. Масалан, мушо-ҳида шудани дуд аз оташ, баланд гардидани ҳарорати бадан аз беморӣ, тағйири ранги нохунҳо аз касалии узвҳои дарунии инсон, тағйир  ёфтани баландии сутунчаи симоб аз тағйири фишори ҳаво шаҳодат медиҳанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аломати нақшҳо (образҳо) – аломатҳое мебошанд, ки ба объект-ҳои ифода мекардагиашон монанданд. Масалан, харитаи ягон маҳал, расм, нақша ва ғайра.

Аломати рамзӣ – ба объектҳои ифодашаванда, монандӣ ва робита надоранд. Дар илми мантиқ бештар аломатҳои рамзӣ истифода меша-ванд.

Аломатҳо дорои қиматҳои ашёгӣ ва маъноги анд. Қимати ашёии аломат гуфта, объектеро меноманд, ки онро аломат ифода кардааст. Қимати маъноии аломат гуфта, тавсифи объектро, ки тавассути аломати мазкур ифода шудааст, дар назар доранд. Ба ибораи дигар, қимати маъ-ноии аломат – ахбор дар бораи объект аст.

Одатан қимати ашёиро қимат номида, қимати маъноиро маъно ҳам мегӯянд. Азбаски бо ёрии маъно объекти таҳқиқ аз дигар объектҳо фарқ карда мешавад, бинобар ин, қимати аломатро нисбат ба маънои он, ҳамчун мазҳар (функсия) таъбир намудан мумкин. Вале баъзе аломатҳо дорои қимат нестанд, яъне онҳо чунин объектро ифода мекунанд, ки худи объект дар воқеият вуҷуд надорад. Масалан, «мурғи Анқо», «Аҷуз-кампир», «аспи Пегас». Аломатҳое низ ҳастанд, ки онҳо маъно надоранд, яъне онҳо объектро ифода намоянд ҳам, дар бораи худи объект маъ-лумот намедиҳанд.

Ифодаи «2-2»-ро аз назар мегузаронем. Ифодаи мазкур ҳамчун объекти моддӣ адади муайянеро ифода менамояд. Худи ҳамин адад қимати аломат аст. Ифодаи «2-2» дар бораи адади 0 баъзе маълумот (ахбор) медиҳад, ки он маъно ё мундариҷаи аломатро ташкил мекунад.

Нақши аломатҳоро дар маърифат Арасту, Ибни Сино, Насирудди-ни Тӯсӣ ва дигарон таҳқиқ карда буданд. Ин масъала диққати Лейбнис ва дигар олимонро низ ҷалб карда буд. Махсусан дар асри ХIХ, вобаста ба масъалаҳои лингвистика (забоншиносӣ) ва мантиқи рамзӣ, ба таҳқиқи аломатҳо диққати калон дода шуд. Дар натиҷа таълимот дар бораи ало-матҳо инкишоф ёфт. Файласуфи америкоӣ Чарлз Пирс барои пайдоиши илми семиотика – (таълимот дар бораи аломатҳо) – замина гузошт. Дар илми семиотика се фасл: синтаксис (наҳв), семантика (маъношиносӣ) ва прагматикаро аз якдигар фарқ мекунанд, ки онҳо боиси вуҷуд доштани се ҷиҳати забон гардиданд.

Синтаксис гуфта фасли семиотикаро меноманд, ки дар он муноси-бати аломатҳо таҳқиқ мешавад. Ҳангоми таҳқиқ маъною қимати аломатҳо ба инобат гирифта нашуда, диққати асосиро ба қоидаҳои му-раттабсозӣ ва шаклан дигаргунсозии ифодаҳои забон равона мекунанд.

Семантика фасли семиотика мебошад, ки дар он муносибати ало-матҳо ба объектҳои ифодашаванда, инчунин маънои аломатҳо таҳқиқ мешавад.

Прагматика бошад, муносибати инсонро ба аломатҳо, инчунин муносибати байниҳамдигарии одамонро дар ҷараёни муомилот, ки тавас-сути аломатҳо сурат мегирад, меомӯзад.

ҚаблӣТаърихи мантиқ (таърихи мантик)
БаъдӣНомҳо (мантиқ ва забон)