Андарзи Озарбоди Мехроспандон

Маълумот дар бораи “Андарзи Озарбоди Мехроспандон” дар ин мақола оварда мешавад.

адабиёт чист

“Андарзи Озарбоди Меҳроспандон”

Чунонки аз номаш бармеояд, андарзномаест, ки муаллифи он Озарбоди Меҳроспандон мебошад. Ӯ аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохтаи мазҳабии давраи Сосониён буда, дар танзим ва шарҳи китоби “Авесто” нақши бузург дошт.

“Андарзи Озарбоди Меҳроспандон” аз силсилаи андарзҳое иборат аст, ки муаллиф онҳоро барои писараш бо номи Зардушт навишта будааст ва дар онҳо аз одоби сухан ва муошират, ростгуфторӣ, ростпиндорӣ, росткирдорӣ, некандешӣ, некномию некзистӣ, порсоӣ, оини интихоби дӯст ва ҳамроҳу ҳамнишин ва ҳамрози нек, хирад ва манфиати омӯзишу фарҳанг, эҳтироми падару модар ва бузургону сарварону шаҳрёрон, додхоҳӣ ва парҳезу парҳезкорӣ, бунёди хонумон, интихоби зан ва интихоби домодон, оини қарз гирифтан, манфиати саҳархезӣ ва ғ. мулоҳиза меронад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар оғози “Андарзнома” зикре рафтааст, ки Озарбод дар аввал фарзанд надошт, баъд соҳиби писар шуд ва ӯро ба хотири росткирдории Зардушти Спитамон Зардушт ном ниҳод ва ба вай фарҳанг омӯзониданӣ шуд ва дар хитоб ба ӯ гуфт: ”Писарам, некандеш бош, на гуноҳандеш, чи мардум то замони ҷовидон зинда набошанд ва чизи менуӣ бештар бояд хост”. Ва сипас силсилаи андарзҳоро меорад, ки бештари онҳо дар осори адибони баъдӣ так рор шудаанд ва то имрӯз дар байни мардум машҳур мебошанд.

 “Андарзнома” аз як саду бисту чаҳор панди ҷудогона иборат аст. Чунончи:

Он чи бигзашт, фаромӯш кун ва барои он чи наомадааст, тимору андуҳ мабар.

***

Ҳар чӣ бароят нек нест, ба дигар кас низ макун!

***

Хештан ба бандагӣ ба касе маспор!

***

Ҳар чӣ бишнавӣ, бишнав, лек ҳарза магӯ!

***

Беҷо маханд!

***

Бо марди ҳарзагӯй ҳамроз мабош!

***

Бо марди пурхӯр ҳамхӯриш мабош!

***

Бо марди маст ҳамнӯш мабош!

***

Бо марди озоднажод ва корогоҳу зирак ва хушхӯ машварат кун ва дӯст бош!

***

Марди баландпояи доноро гиромӣ дор, аз ӯ сухан бипурс ва аз ӯ сухан бишнав.

***

То чанд тавонӣ, мардумон ба сухан маёзор!

***

 Ба кину зиёни мардумон марав!

***

Ошкоргӯ бош! Ҷуз ба андеша сухан магӯ!

***

Зани фарзонаву шармгинро дӯст бош ва ӯро ба занӣ хоҳ!


Муаллифи “Андарзнома” навиштаашро бо чунин ҷумла ба поён расонидааст, ки “Ҷовидонравон бод Озарбоди Меҳроспандон, ки ин андарз кард ва ин фармон дод. Чунин бод!”

Номи касоне чун Озарбоди Меҳроспандон, ки чунин асарҳои намиранда офаридаанд, то ҷовидон хоҳад монд.

Чаро инсон ба Худо эътиқод дорад?

ҚаблӣДарахти Асуриг
БаъдӣКорномаи Ардашери Бобакон

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед