ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хӯҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт.

            Эмомалӣ Раҳмон

Бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ ва заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муд дате вазъи носолим ва низоми дохилӣ ба миён омада, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид сохт.

 Ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили истиқоматӣ маҳрум гашта, қисмате қурбони ин фоҷиаи миллӣ гардиданд. Новобаста ба ин, халқи тоҷик ба субҳи умед эътиод дошта, сафедии шабро интизор шуд ва билохир бо афкори тоза дари саодатро бикшод:

Аз но умедиҳо басе умед аст,

Давоми матн пас аз блоки реклама

 Поени шаби сиёҳ сафед аст.

 Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашуданӣ ва ҳузнангез сабт шудааст, то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад.

 Бешубҳа Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ, буда дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард.

 Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдодӣ сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши кулиеро ба вуҷуд овард.

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

 Дар Иҷлосияи фавқ ба раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати сардори давлат дода шуд. Ба ӯҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва Қонунҳои ҶТ вогузор гардид.

 Хулоса, давлати навтаъсисе, ки ба миён омад, фаъоли яти худро аз Ошти миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон ибтидо бахшид.

 Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, марудмро ба ояндаи дуррахшон бовар кунонид.

 Воқеан, донаи умед ба тарофату файзи борони Оштии миллӣ дар дили ҳар як сокини кишвар сабзид.

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Ҳар сол истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ором, мутанад сурат мегирад. Ҳама пешрафту нумӯи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғоиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Ва барои дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкори ҳидоят намуд.

 Хуллас, ҳар рӯзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо як навъ аз худкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеи демокративу дунявиро талқин мекунад. Вазифаҳои ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кулл ва ҳмфзи сарватҳои Тоҷикистони азиз саҳми худро гзорад. Шодию нишот, бахти баланди одамон ба воситаи дӯстиву рафоқат пайдо мегардад ва баръакс, душманӣ ба рӯзи сахту гарони мардум боис мегардад. Барҳақ, устод Мирзо Турсунзода фармудааст:

Одамон аз дӯсти ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба марду рӯзи сахт.

Барои аз мақолаҳои нави мо хабардор шудан