Марги ман чист? – Шеърхо аз Алишери Мухаммади

Шеър аз Алишер Мухаммади, Шеърхо Алишер Муҳаммадӣ, Шеъри Алишери Мухаммади дар ин саҳифа

Марги ман чист? - Шеърхо аз Алишери Мухаммади

Марги ман чист?

Марги ман чист?
Чанд рӯзе гиряхҳои носавоби модарам,
Хандаҳову шӯхиҳову тираакси ман ба хоби хоҳарам,
Лаҳзае чанд ашки шўру ҳасрату андӯҳи талх
Бар ҷабини нуқратоби ҳамсарам,
Баъди чанде боз хушҳолию хушгӯйӣ– фаромӯшии ман.

Марги ман чист?
Норасида бар замин афтодани себ аз дарахт,
Номаҳал бар тифлаконам бевафоиҳои бахт,
Даври хона – ёру душман,
Байни хона – мову рахт,
Баъд аз ин танҳоию ман,
То замоне бистари холӣ канори ҳамсарам.

Марги ман чист?
Шеърҳои нимсуруда,
Бӯсаҳои норабуда,
Киштаҳои нодуруда,
Бар замин афтодани як ахтари наҳс аз само,
Роҳ бурданҳои марди хокие сўйи Худо.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Даҳ байти ноб аз Алишер Муҳаммадӣ

1. Дар ҷустуҷӯи мақсад шамъи замона ҳастем,
Ҳамроҳи кӯрдилҳо гарчи равона ҳастем.

2. Гӯянд ба хобаш биҷӯ, ар рӯз наёбӣ,
Аммо чӣ кунам ман, ки шабе хоб надидам.

3. Раҳрав шудаему охири роҳ расид,
Огаҳ шудаему мавсими оҳ расид.

4. Мегурезад ғам аз ин ҷо то биёбони адам,
Офтоби умри кӯтоҳаш лаби бом омада.

5. Дар дилат ҷо кардаам, эй бегунаҳ, рӯзи ҷазо
Молики дӯзах чӣ сон баҳри азобам мебарад?

6. Гуфта будам, даст бардорам зи кори ошиқӣ,
Боз ошиқ мешавам аз пофишориҳои дил.

7. Дил-сорбон, тан-корвон, дар дашти паҳнои замон,
Дар хайли ин оворагон як раҳраве ноқобилам.

8. Дили беишқ ғайри бори тан нест,
Варо манзил ба ҷуз печи кафан нест.

9. Худо аз лабгазиданҳои пурҳасрат нигаҳ дорад,
Таги дандони худ барги лаби гулдона мехоҳам.

10. Ишқи ту маро масҷиду ҳуснат шуда меҳроб,
Мулло шудаму масҷиду меҳроб надидам.

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед