Ибораҳои “There is” ва “There are” дар забони англисӣ

Дар якчанд матлабҳои гузашта вақте, ки сухан дар бораи макони ҷойгиршавии инсон ва ҳайвонот мерафт, мо намуди зерини ҷумлаҳоро истифода карда будем:

1.The cat is in the room.

2.The cats are in the room.

Ҳоло мо он ду ҷумларо бо истифодаи ибораҳои “there is” ва “there are” меорем:

1.There is a cat in the room

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2.There are cats in the room

Ҳамаи чор ҷумлаи дар боло зикршуда дар бораи ҷои ҷойгиршавии ашё хабар дода истодаанд. Лекин бояд гуфт, ки аз нуқтаи назари мантиқ дар байни он ҷумлаҳо фарқиятҳо вуҷуд доранд. Ҳоло ба тарҷумаи тоҷикии он чор ҷумла назар афканед:

1.Гурба дар хона аст.

2.Гурбаҳо дар хона ҳастанд.

3.Дар хона гурба аст.

4.Дар хона гурбаҳо ҳастанд.

Акнун чӣ хеле ки аз тарҷумаи ҷумлаҳои мазкур огоҳ гаштед, дар ду ҷумлаи аввал, ки бо артикли муайянии “the” шурӯъ шудаанд, зимни тарҷумаи тоҷикиашон аввал исм ном гирифта мешавад ва сипас ҷои ҷойгиршавии он. Дар ду ҷумлаи охир, ки бо ибораҳои “there is” ва “there are” шурӯъ шудаанд, ҳангоми тарҷума аввал макони ҷойгиршавии исмҳо ном гирифта мешавад ва сипас номи исмҳоро меоранд.

Фарқияти дигари миёни ҷумлаҳои мазкур он аст, ки дар ҷумлаҳое, ки бо артикли муайянии “the” cap шудаанд, сухан дар бораи он “гурба” ва “гурбаҳое” меравад, ки ба мо шинос ҳастанд. Дар ҷумлаҳои сеюму чорум бошад, сухан умуман дар бораи гурбаҳо рафта истодааст, яъне ким – кадом гурба ва гурбаҳо.

Ба ибораи дигар, агар вақте сухан аз хусуси ҷойгиршавии исмҳо раваду ҷумлаҳо бо артикли муайянии “the” омада бошанд, дар маркази диққати гуянда исм меистад на ҷои ҷойгиршавии он. Дар ҷумлаҳое, ки бо ибораҳои “there is” ва “there are” шурӯъ мешаванд, дар маркази диққати гӯянда Чои ҷойгиршавии исмҳо меистад, на худи исмҳо. Ибораи ”there is” бо исмҳои танҳо ва шумурданашаванда истифода мешавад.

Тарҷумаи ибораҳои мазкур метавонад, ки чунин бошад:

There is – ҳаст, аст, мавҷуд аст

There are – ҳастанд, мавҷуданд

Ибораҳои мазкур асосан дар бораи дар як ҷои муайян ҷойгир шудани исмҳои номуайян хабар медиҳанд. Аз ин сабаб, пас аз ибораҳои “there is” ва “there are” набояд артикли муайянии “the” ва ҷонишинҳои соҳибӣ (my, his, our…) истифода шаванд. Барои пурратар гаштани маълумоти шумо дар бораи ибораҳои “there is” ва there are” ва ҳамчунин барои аниқ фарқ кардани маънии ҷумлаҳои дар боло овардаамон ҳоло ду то аз он ҷумлаҳоро васеътар шарҳ медиҳем.

Ҷумлаи якум:

The cat is in the room.

Гурба дар хона аст.

Гурбае, ки дар ин ҷумла омадааст, ҳам ба гӯянда ва ҳам ба шунаванда маълум аст. Тасаввур кунед, ки шумо гурбаи худро гум кардаед ва нафаре аз пайдо шудани он гурба ба шумо хабар медиҳад. Дар ин ҳолат бо баробари шунидани ин хабар, ҳарчанд шумо гурбаро надида истода бошед ҳам, лекин ранги он, бузургиаш, шаклаш пеши назари шумо ҷилвагар мегардад.

Ҷумлаи дуюм:

There is a cat in the room.

Ин ҷумла метавонад тарҷумаҳои зерин дошта бошад.

Дар хона гурба ҳаст.

Дар хона гурбае ҳаст.

Дар хона як гурба ҳаст.

Дар хона ким – кадом гурба ҳаст.

Чӣ хеле ки аз тарҷумаҳои ҷумлаи мазкур дида истодаед, ин ҷо сухан умуман дар бораи гурба – як навъ ҳайвон рафта истодааст, яъне он гурбае, ки гӯянда шояд бори аввал мебинад ва шунаванда шояд ҳоло надидааст. Дар хотир нигоҳ доред, ки зимни дар бораи ҷои ҷойгиршавии исмҳо сухан рондан аз ибораҳои “there is” ва “there are” ба таври хеле фаровон истифода мебаранд. Акнун якчанд мисолҳои дигарро бо истифодаи ибораҳои зикршуда бо тарҷумаашон меорем:

There is a tea spoon in the cup. – Дар даруни пиёла қошуқча ҳаст.

There are table spoons in the kitchen. – Дар ошхона қошуқҳо ҳастанд.

There is a big tree in front of the shop. – Дар пеши дукон дарахти калоне ҳаст.

There are red roses in the gar­den. – Дар боғ гулҳои cypx ҳастанд.

Дар ҳамаи он ҷумлаҳое, ки мо бо истифодаи ибораҳои “there is” ва “there are” овардем, шумо инчунин иштироки пешоянҳои макон, яъне “in”, “behind”, “at”, “in front of” – ро дида истодаед. Ҳоло пеш аз он ки маълумотамонро дар бораи ибораҳои мазкур такмил диҳем, баъзе пешояндҳои дигарро низ аз назар мегузаронем. Пешояндҳои “on”, “over”, “under”, “next to” хам пешояндҳои макон ба шумор мераванд. Ҳар яки онҳоро дар алоҳидагӣ шарҳ медиҳем.


ИБОРАХОИ “THERE IS” ВА ’THERE ARE”

ҚаблӣАҲЛИ САОДАТ (насихат)
БаъдӣПешояндҳои “on”, “over”, “under”, “next to” дар забони англисӣ