Алоқаи мутақобилаи узвҳои рустанӣ

Алокаи мутакобилаи узвхои рустани / растани.


Фаъолияти ҳамаи узвҳои рустаниҳои гулдор ба ҳамдигар зич алоқаманд мебошанд. Масалан, дар баргҳои сабз агар обро решаҳо ҷаббида дастраси барги рустаниҳо нагардонанд, фотосинтез гузашта наметавонад. Бе моддаҳои маъдание, ки онҳоро решаҳо ҷаббида мегиранд, моддаҳои органикии мураккаб, хусусан сафедаҳо наметавонанд ҳосил шаванд.

Дар навбати худ решаҳо ҳам наметавонанд нағз сабзида, ба ҳар тараф шоха ронанд, агар аз барг ба бофтаҳои ҳосилкунандаи нӯги реша моддаҳои ғизоии органикӣ, яъне маҳсулоти фотосинтез ворид нашаванд. Ҳамин тавр, рустаниҳои гулдор организмҳои томи серҳуҷайра буда, сохти мураккаб доранд ва ҳар як узви онҳо бо хусусиятҳои хосаш вазифаи муайянеро иҷро мекунад.

Чӣ тавре ки аллакай сухан рафт, реша обу намакҳои маъдании хокро меҷаббад ва рустаниро дар замин устувору пойдор нигоҳ медорад.

Поя ба боло сабзида баргҳои рустаниро ба рӯшноӣ мебарорад ва тавассути вай обу намакҳои маъданӣ ва маҳлули моддаҳои органикӣ ба ҷойҳои лозима бурда мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар рӯшноӣ дар хлоропласти барги рустаниҳо моддаҳои органикие, ки барои ғизогирии ҳуҷайраҳои ҳамаи узвҳои рустанӣ заруранд, ҳосил мешаванд. Барг обро бухор мекунад ва бо ин васила баҳамалоқамандии тамоми узвҳо таъмин гардида, кору вазифаҳои базиммадоштаи онҳо мунтазам амалӣ мегарданд.

Гулу мева узвҳои афзоиши тухмии рустаниҳо мебошанд. Зеро, ҳар кадом рустании гулдор баъди гардолудшавӣ, ки аз паси он бордоршавӣ ба амал меояд, инкишоф ёфта, аз як ҳуҷайра – зигота ба организми бисёрҳуҷайра мубаддал мешавад. Ҷанини серҳуҷайра инкишоф меёбад. Дар шароити мусоид аз ҷанин рустании гулдор сабзида баркамол мешавад. Рустанӣ бо ҳамин роҳ аз тухм меафзояд.

Ҳамин тавр, дар давраи муайяни ҳаёташ рустании гулдор афзоиш мекунад. Сарфи назар аз он, ки вай аз тухм ё бо роҳи нашвӣ афзудааст, рустании ба худ монандро ба вуҷуд меорад.

Баҳамалоқамандии узвҳои рустанӣ боиси вобастагии тарафайни инкишофи узвҳои рӯйизаминӣ ва зерихокӣ мешавад. Масалан, пояи буридашуда ё сахт осебдида ниҳоят нобуд мешавад. Ҳамин ҳодиса бо решае, ки пояаш бурида шудааст, низ рӯй медиҳад. Чунки дар натиҷаи осеббинӣ ё бурида шудани узвҳо баҳамалоқамандии онҳо вайрон мешавад ва онҳо чун рустании тому ягона фаъолият карда наметавонанд. Вале дар баъзе рустаниҳо қобилияти барқароркунии узвҳои нобудшуда хеле инкишофёфта мебошад, бинобар он ин хел рустаниҳо дар шароити мусоид метавонанд дар поя- ашон решаҳои иловагӣ ё дар решаашон муғҷаҳои иловагӣ пайдо карда (чӣ тавре ки дар афзоиши  нашвӣ дида мешавад), сабзишу инкишофашонро пурра барқарор кунанд.

Баъзан дар шароити муайян ҳангоми бошиддат сабзишу инкишоф ёфтани узвҳои алоҳидаи рустанӣ узвҳои дигари он тағйир меёбанд. Масалан, баъди ба рустанӣ ғизои иловагии маъданӣ (селитра) додан барг калонтар ва рангаш баланд (сабзи кабудчатоб) шуда, дар он моддаҳои органикӣ бештар ҳосил мешаванд, рустанӣ бештар ғизо мегирад. Ин боиси нашъунамои узвҳои дигар мегардад.


  1. Баҳамалоқамандии узвҳои рустаниҳои гулдорро бо мисолҳо шарҳ диҳед.
  2. Хусусиятҳои узвҳои рӯйизаминӣ ва зерихокии рустаниҳои гулдорро номбар кунед.
  3. Баҳампайвастии узвҳои рустаниҳоро чӣ тавр маънидод кардан мумкин аст?
ҚаблӣМубодилаи моддаҳо ва табдили энергия (дар рустаниҳо)
БаъдӣРоҳҳои ҳаракати моддаҳо дар рустанӣ