Намудҳои шабака. Намудхои шабака

Намудҳои шабака. Намудхои шабака


Ҳамаи шабакаҳои ҳисоббарор асосан аз рӯи нишондиҳандаи ҷуғрофиашон ба намудҳо ҷудо карда мешаванд. Одатан шабакаҳои локалӣ (ШЛ-LAN), регионалӣ (ШР-MAN) ва глобалӣ (ШГ-WAN)-ро ҷудо мекунанд. ШЛ дар дохили як бино ё қисми шаҳр амал менамояд. Ба сифати воситаи ирсоли қиматҳо кабелҳои гуногун – ҷуфти печон (витая пара, UTP), коаксиалӣ ва оптикӣ истифода мешаванд. ШР шабакаҳои локалиро муттаҳид месозад ва дар он одатан, кабелҳои оптикӣ истифода мешаванд. ШГ бошад ба сифати муҳити ирсоли қиматҳо воситаҳои телекоммуникатсионӣ: ҳатҳои телефонӣ, радифҳо ва ирсолкунандагони микромавҷиро истифода менамояд. Лекин, дар шабакаи мазкур нисбати ду шабакаи аввала суръати интиқоли маълумотҳо суст буда, миқдори зиёди хатогиҳои ирсолкунӣ ҷой дорад.

Аз рӯи тақсимоти захиравӣ низ шабакаҳои ҳисоббарор ба намудҳои махсус ҷудо мешаванд. Одатан, шабакаҳои яксатҳӣ, дусатҳӣ (бо сервери алоҳида) ва омехтаро фарқ мекунанд.

Дар шабакаҳои яксатҳӣ ҳамаи компютерҳо нисбати ҳамдигар мустақил ва ҳуқуқҳои баробар дошта, идоракунии захираҳо ва барномаҳои хидматии компютерҳо мутамарказонида нашудаанд. Як компютер ҳар лаҳза метавонад функсияҳои мизоҷ ё серверро иҷро намояд, захираҳои худро пешкаш намояд ё имкониятҳои компютери дигарро истифода барад. Чунин шабакаҳоро ҳамон вақт истифода бурдан мувофиқи мақсад аст, агар ба шабака на зиёда аз 12-15 компютер пайваст буда, барномаҳои ягонаи паҳншаванда истифода нашаванд.

Дар шабакаи дусатҳӣ як компютер ҳамчун сервер таъин карда шуда, барои таъмин намудани бехатарӣ ва идоракунии мутамарказ истифода бурда мешавад. Чунин система нисбатан мураккаб буда, бо баробари он, имкониятҳои беҳтари таъмини бехатарӣ ва идоракунии умумии шабакавиро доро мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Интернет маҷмуи  ҳамаи шабакаҳои капютерии ба ҳам алоқаманд аст, ки дар асоси як стандарт кор мекунанд.Интернет меноманд.

ҚаблӣМушакҳо ва вазифаи онҳо. Кори мушакҳо. Бофтаи мушак
БаъдӣПротсессори матнии Microsoft Word