Илм ҳамчун соҳаи назариявии фаъолияти ҳаёти ҷамъиятии одамон

Чуное ки пештар ёдовар шудем фаъолияти ҳиссӣ- амалии одамон бо соҳаи фаъолияти назариявӣ (соҳаи умумии дуюм) зич иртибот дорад ва ин соҳа ба ҷомеа донишҳоро роҷеъ ба он ки олам чи гуна ташаккул ёфтааст (оламе, ки ба дигаркуннии амалӣ гирифтор меояд) пешкаш месозад. Ин дониш шаклҳои хеле гуногун доштаву дар намуди илм, сеҳр, анъанаҳо, астрология вуҷуд дошта метавонад. Дар ҳар мавриди дилхоҳ ҷомеа доиман иттилоотро дар бораи муҳити дар нисбати он берунӣ ҷамъ меоварад ва инро чун касбе барои доираи муайяни ашхос- коҳинон, ходимони масҷиду калисо, уламо қарор медиҳад.

Ҳамин тавр, илм ҳамчун шакли таърихан ташаккулёфтаи фаъолияти одамон буда, ба дарк ва дигаргунсозии воқеияти объективӣ нигаронида шудааст. Дар ин замина илм ҳамчун шакли истеҳсолоти маънавие, ки натиҷаи он аз интихоби мақсаднок ва батанзимдаровардашудаи додаҳо(фактҳо), фарзияҳои мантиқан санҷидашуда, назарияҳои умумигардонидашуда, қонунҳои бунёдию хос, усулҳои муайяни таҳқиқотӣ иборат аст, тасаввур карда мешавад. Аз ин ҷиҳат илм ҳам маҷмӯи донишҳо ва ҳам дар як маврид ҳамчун истеҳсолоти маънавию дар заминаи онҳо омили ба роҳ мондани фаъолияти амалии одамон баромад мекунад. Дар ин ҷо вазифаҳои умумии илм кулан номбар шуда, нақши он дар ҳаёти ҷомеа муайян карда шудааст. Илм ҳамчун низоми куллӣ аз соҳаҳо, фанҳои гуногун иборат буда, ҳар кадоме аз онҳо бо ҳамдигар зич алоқаманданд. Бо вуҷуди ин онҳоро ба се гурӯҳи алоҳида табақабандӣ менамоянд – илмҳои табиатшиносӣ, ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ. Предмети ҳар кадоме аз ин илмҳо вобаста ба табақабандии пешниҳодшуда хеле равшан аз худ дарак медиҳанд ва он иборат аз табиат, ҷамъият ва олами маънавии инсон аст.

Мақоми илмии ҳар кадоме аз ин фанҳо ба меъёрҳои эътирофшудаи муайян вобастагӣ дорад ва онҳо барои ҳамагуна донише, ки барои ба сифати илм кӯшиши шинохта шуданро дорад, якхела амал мекунанд. Ба сифати ин гунна меъёрҳо пеш аз ҳама объективияти дониш, доштани заминаҳои ақлонии(ратсионалии) асосноккунӣ, санҷидашавӣ, ифодаёбии системавӣ, тамоюл ба дарки моҳияту қонунмандии объекти омӯхташаванда он хос мебошад. Шарти объективии дониши илмӣ талаб менамояд, ки маърифати объекти омӯхташаванда на дар заминаи манфиатҳои фардию фавқуттабиӣ, балки дар асоси вобастагиҳои ботинии худи он бояд ба роҳ монда шавад. Асосноккунии ратсионалӣ, ақлонӣ барои ҳамаи илмҳо хос аст, ҳарчанд он дар илмҳои ҷудогона дар шаклҳои гуногун зоҳир мешавад. Яъне агар дониши муқаррарӣ, ҳаётӣ барои исботи дурустияш ба «андешаҳо, фикрҳо» такя намояд, пас дониши илмӣ дар ин маврид ба далелу додаҳо(факт) рӯ меорад. Дар ин маврид қонуни асоси басандаи мантиқӣ, ки тибқи он «ҳар як фикри дуруст асос дорад. Бинобар ин, барои дуруст донистани ҳар як фикр муҳокима, назария бояд асоснок карда шавад. Фикр, ё муҳокимае, ки асос надорад, дуруст нест. Фикр и асоснок чунин фикрест, ки ҳақ будани он аз муҳокимаҳо, далелҳои аз ин пеш исботгардида берун меояд. Агар В бошад, пас асоси ӯ – А низ вуҷуд дорад». Вазифаи додварии асосӣ дар мавриди эътирофи асосу зарфияти илмии донишҳо ба дӯши ақл ва қобилияти интиқодии он вогузор карда мешавад. Дар мавриди ба даст овардани заминаи санҷидашавии дониши илмӣ пеш аз ҳама мушоҳида, амалия, озмойиши мантиқии қазоватҳо маҳаки асосӣ ба шумор мераванд. Ба ин меъёрҳо ҷавобгӯ будани донишҳои илмӣ ба онҳо хусусияти аҳамияти умумидошта(интерсубъективӣ) мебахшад. Шарти ифодаёбии системавии дониши илмӣ, ки аксар маврид ҳамчун тамоюли эссенсиалӣ ном бурда мешавад, ба он ингаронида шудааст, ки дониши илмӣ ба кашфи қонунмандии инкишофи ҳодисаҳо нигаронида шуда, натиҷаи он дар доираи мафҳум, категория ва назарияҳо ифода меёбад. Яъне барои муайян намудани зарфияти илмӣ доштани дониш ҳамаи ин шартҳо дар якҷоягӣ амал мекунанд ва ба инобат гирифтани онҳо барои ҳамаи илмҳо зарур аст.

Вале зарурияти ба инобат гирифтани шартҳои номбаршуда ба имконияти мавҷудияти усулҳои хоси тафаккури дар илмҳои алоҳида мавҷудбуда латма намезанад. Баръакс метавон алҳол дар бораи мавҷудияти усули хоси усули фикрии дар илмҳои табиатшиноси ва гуманитарӣ, ҳатто дар доираи мактабҳои алоҳидаи илми ҷудогона, мавҷудбуда ҳарф зад. Тағиротҳои солҳои охир дар усулҳои тафаккури илмӣ бавуҷудомада тамоюли гузариш аз равиши сабабгаройии тунд ба эҳтимолиятгаройӣ ва аз ҷузъбинишӣ ба системнигориро нишон медиҳанд. Дар мавриди тамоюли аввал ин тағйирот дар афзалиятдиҳии воридсозии алоқаю робитаҳои тасодуфию эҳтимолӣ бар ивази ҷустуҷӯи робитаҳои устувор ва зарурии ҳодисаҳо аён мегардад. Таркиби назарияҳои илмии ба усули сабагаройии тунд нигаронидашуда дар мавриди кашфи хосияту алоқамандии ҳодисоти олами материалӣ ба имконияти калавишҳо ҷой намегузорад. Таркиби категориалии назарияҳои статистикӣ комилан дигар буда, дар он эҳтимолият, тасодуф, иттифоқёбӣ, номуайянӣ дар кашфи робитаи ҳодисаҳо мавқеи назаррас доранд.

Тамоюли дуюми тағиротҳои дар илми муосир ба амаломада дар шаклҳои зерин зоҳир мегардад: 1) тағйири типии масъалаҳои илмӣ, яъне афзоиши мақоми синтез, таҷзияи донишҳо ва таҳқиқотҳои муқоисавию типологӣ; 2) тағйири шаклҳои асосноккунии дониши илмӣ, ки он дар афзоиши мартабаи пайравӣ аз асосноккунии робитавӣ, муносибатӣ нисбат ба асосноккунии таҳлилӣ ва моҳиятию онтологӣ ифода меёбад; 3) тағйири аппарати истилоҳию мафҳумии илм, ки дар афзоиши мафҳумҳои ифодакунандаи типҳои гуногуни робитаю муносибатҳо нисбат ба мафҳумҳои ифодакунандаи хусусиятҳои ҷавҳарӣ(субстратӣ) ва шайъии ҳодасаҳо ба назар мерасад. Чун дар илмҳо тағйири услуби фикрӣ на яккуякбора, балки ба тадриҷ сурат мегирад, аз ин рӯ барои ифодаи он мафҳумҳои гуногунро истифода мебаранд ва яке аз ин мафҳумҳо таҳти унвони «парадигма» дар илми муосир корбурди фаровон пайдо карда аст. Баъзе аз олимон онро бо мафҳуми метод ҳаммаъно медонанд, вале ин саҳеҳ нест, зеро таҳти парадигма пеш аз ҳама маҷмӯи барои давраи муайяни инкишофи таърихии илм услуби тафаккури илмӣ, тасаввуроти эътирофгаштаи роҳҳои ҳосил кардани дониш дар назар дошта мешавад. Мафҳуми мазкурро бори аввал ба илм муаррих ва назарияпардози илм Томас Кун ворид намуд. У ин мафҳумро танҳо бо вижагиҳои пайравии олимон аз назарияҳои алоҳида вобаста насохта, дар он услуби эътирофшудаи тафаккурро дар ин ё он маҷмаа, маҳфили илмӣ дар назар дошт. Яъне он чунин тарҳи консептуалиест, ки дар давоми муддати муайян аз ҷониби маҷмааи хоси илмӣ ҳамчун асоси фаъолияти амалӣ шинохта мешавад. Дар ин замина парадигма ифодакунандаи маҷмӯи боварҳо, арзишҳо, воситаҳои ташреҳии аз ҷониби умумияти муайяни илмӣ қабулшуда буда, анъанаи илмиро ташкил медиҳад. Ин анъанот то зуҳури парадигми нав модели гузориш ва ҳалли масъалаҳои илмиро дар ҷомеаи муайян ба тартиб меандозанд. Аз ин рӯ парадигма воҳиди асосии ченкунии раванди инкишофи илм ба шумор меравад. Ҳамин тавр дар заминаи истифодаи мафҳуми парадигм минбаъд имконияти муайянсозии ҳудуди тағйироту инқилобҳои илмӣ муяссар гашт. Ин пеш аз ҳама дар таълимоти Карл Поппер равшан ба назар мерасад. Поппер заминаи тағйиротҳои дар илм ба амал ояндаро чунин тасвир менамояд: масъалаи мабдайӣ – роҳҳои ҳалли муваққатии масоили мабдайӣ – элиминатсия, бартарафкунии хатогию саҳвҳо – масъалаи нав. Дар ин ҷараён ҳақиқатҳое, ки дар худ имконияти радпазириро доранд, нисбатан устувортар ва давомноктар вуҷуд дошта метавонанд.

Вале ба андешаи аксари муҳаққиқони соҳаи фалсафаи илм ин назарияҳо на ҳамеша имконияти тасвир ва шарҳи мӯҳтавои дигаргуниҳои дар илм ба амалояндаро доранд. Бинобар ҳамин зарурияти ҷӯстуҷӯи назарияҳо нав пайваста дар ин росто эҳсос мегардад. Муҳаққиқӣ муосири рус масъалаи даврабандии рушди илмиро дар заминаи ба инбат гирифтани чунин вижагиҳо зарур мешуморад. Рушди илм дар заминаҳои пештара то он муддате таъмин мегардад, ки агар хусусиятҳои ташкили системавии объектҳои омӯхташаванда дар манзараи қабулшудаи олам ба инобат гирифта шуда, методҳои фарогирии ин объектҳо муносиб ба идеалу меъёрҳои қабулшудаи таҳқиқотӣ бошанд. Бо мурури инкишофаш илм имконияти бо объектҳои дигаре рӯ ба рӯ шуданро дорад, ки дар фарқият аз ҳодисаҳои пештара зарурияти ба кор гирифтани диди дигарро ба худ тақозо менамоянд. Объектҳои нав метавонанд тағйири тарҳи методҳои фаъолияти маърифати то ҳол истифодашавандаро пеш гузошта, низоми қабулгаштаи меъёру идеали таҳқиқотиро дигаргун созанд. Ин дигаргуниҳо метавонад дар шакли инқилобҳои илмӣ, ки дар натиҷаи он дар баробари манзараи олам инчунин меъёру идеалҳои илмӣ тағйир меёбанд(зуҳури назарияи нисбият дар шарҳи вобастагии материя, ҳаракат, вақт ва фазо) ё дар шакли инқилобе, ки манзараи оламро бидуни дигаргунсозии меъёру идеалҳои илмӣ намудор шавад(гузариш аз манзараи механикӣ ба электординамикии олам).

Ҳамин тавр, дониши илмӣ қонуниятҳои обективан вуҷуддоштан воқеияти  мавҷударо инъикос менамояд. Он вазифаи тасвир, ташреҳ ва пешгӯӣ карданро  иҷро  мекунад. Ин дониши  маънавӣ- назариявист. Максади  фаъолияти баҳогузорӣ муайян кардани муҳимияти  ин ё он падидаҳои  воқеият, минҷумла назарияҳои  илмӣ барои  қонеъ кардани талаботи  инсон, барои  татбиқи нерӯҳои ҳаети талошҳои худ мебошад.

Таърихан чунин иттифоқ афтод, ки тайи қуруни  зиёд илм ҳамчун шакли мустақили фаъолияти истеҳсолӣ оид ба истеҳсоли дониши дар соҳаи  ҳаёти маънавии ҷомеа сарҳади аниқу мустақил надошт ва дар фалсафа,  дониши амалӣ, соҳирӣ ва ғ. омехта шуда буд. Фақат дар  замони нав  илм  соҳаи  нисбатан мустақили фаъолияти  инсонӣ, ҳамчун ниҳоди иҷтимоии аз ҷониби ҷомеаю давлат  эътирофшаванда ба расият даромад. Чунончи, дар с. 1660 дар Англия иттиҳоди нахустин илмӣ – ҷомеаи шоҳии Ландан арзи ҳастӣ намуд. Илм бошуурона характери таҷрибавии худро эълом дошт. Дар Ғарб илм  ба шарофати  ин дар  рушди худ ҷаҳиши  бузурге  кард. Нисбати илм дар  Шарқ, ки мисли пешина дар  низомҳои гуногуни динӣ – фалсафӣ махлут буд ва  ин имконият маърифати онро ҷиддан маҳдуд месохт. Барои мисол, ҷаҳонбинии конфутсианӣ тавозуни (гармонияи) ҷовидона  вуҷуддоштаи  кайҳонӣ- ахлоқиро тасдиқ мекард, муносибати фаъоли амалиро ба табиат маҳкум менамуд ва бо ин дар назди андешаи кунҷковонаи инсон мамнуниятҳои сахти ахлоқӣ мегузошт.

Парастиши хирад дар даврони маорифпарварӣ дар ҷомаеи ғарбӣ умедвориро ба илм чун наҷотбахши ҷомеа аз ҳама фалокату бадиҳои табиӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда, барои рушди он омили муҳиме гашт. Аз ибтидои асри 19 табиатшиносии назарявӣ ба маънои аниқи вожжа ташаккул ёфт. Аммо то худи с. 20-30 асри ХХ илми назарявӣ дар тафовут аз ихтироъкории оммавӣ ва донишҳои амалӣ шуғли гурӯҳҳои яккаву ҷамъи хурди олимон- ғайратмандон боқӣ мондан гирифт. Ва фақат дар давраи байни ҷангҳои ҷаҳонӣ муассисоти илмии сершумори асосан таъйиноти ҳарбидошта арзи вуҷуд мекунанд. Маълум аст, ки ба пайдоиши кибернетика ҳамчун фанни илмӣ ҷустуҷӯҳои роҳҳои ҳаллу фасли масъалаҳои дар осмон қир намудани тайёраҳои баландсуръати ҳарбӣ такони муҳим буданд.

Инқилоби илмӣ- техники дар солҳои 50-уми асри ХХ оғозёфта дар муддати кӯтоҳе тамоми илмро чун соҳаи фаъолияти истеҳсолӣ, мақому вазифаи онро дар ҳаёти ҷомеа комилан дигаргун намуд. Қабл аз ҳама, муносибатҳои тарафайни истеҳсолоти моддию илм тағйир пазируфтанд. Агар пештар илм гӯё аз ақиби истеҳсолоти моддӣ мерафту ба ташреҳи назариявии принсипҳои амали олоту мошинаҳои офаридаи инсон мекӯшад, ҳоло бошад, кашфиётҳои илмӣ ба пайдоиши соҳаҳои томи истеҳсолот (хатҳои автоматонида, саноати атомӣ, техникаи электронӣ-ҳисоббарорӣ) меоваранд.

Марҳилаи навини инқилоби илмӣ- техникӣ, ки ба пайдоиши ҷомеаи иттилоотӣ мебарад, бисёр соҳаҳои ба зинаи саноатии рушд хосро нодаркор мегардонад. Истеҳсолоти муосир пойгоҳи нави технолужӣ ба даст овард, ки бар технолужиҳои захиранигоҳдор ва дар илм ғунҷоишпазир асос ёфтаанд.

Дар ҳама мамолики мутараққӣ бо илм шуғл варзидан касбии оммавӣ гашт. Милиёнҳо одамон ба истеҳсолот ва интиқоли донишҳо аз тариқи шабакаҳои иттилоотӣ ба макони истеъмолот- ба донишгоҳҳо, иттиҳодияҳо, фирмаҳо, муассисоти давлатӣ машғуланд. Чомеаи пасосаноатӣ (пост- индустрӣ) ин ҷомеаест, ки бар донишҳо ва иттилоот асос ёфтааст ва инҳо шарти рушди муҳаррику устувори иқтисодиёт ва кули ҷомеа мегарданд.

Дониши табиӣ- илмӣ табиатан арзишию хунсо (бетараф) аст. вале асри ХХ ба таври аёнӣ нишон дод, ки барои расидан ба аҳдофи ғайриинсонию ваҳшиёна дастовардҳои мӯҳташами илмро истифода метавон бурд.

Улуми ҷамъиятӣ роҳи осонро паси сар накарданд. Коргарии (ангажированность) синфӣ ба онҳо зиёни андак наовард, ҳарчанд барои чунин тамоюл низ асосҳои таърихии худӣ вуҷуд доштанд.

Тамоюлоти рушди ҷомеаи муосир, аз як тараф, ба воридоти ҳуқуқи мавҷудияти мустақилонаи онҳо мебаранд. Илм худро ҳарчи ошкортар ба сифати соҳаи мустақили ҳаёти ҷомеавӣ устувор мегардонад, ки ин дар назди он барои рушди озодонаи имконоти номаҳдуд ифтитоҳ мебахшад. Вале озодии ҳақиқӣ масъулиятро дар назар дорад. лиҳозо, ҳам дар интихоби самтҳои пажӯҳиш ва ҳам дар шаклҳои истифодаи натиҷаи илмӣ, илми муосир дар сатҳи бештаре худро ба роҳнамоҳҳои (ориениры) арзишӣ, ба талошҳои инсонгароёна муайян гардондан дорад ва ин на ҳамеша дар сохторҳои ҳарбию давлатӣ ҳамовозию пуштибонӣ меёбад.


Илм хамчун сохаи назариявии  фаъолияти хаёти чамъиятии одамон