Инкишофи илму фарҳанг дар солҳои 1950 – 1991

Илму фарҳанги тоҷик ҳам дар солҳои 1950 – 1991 пай дар ҳам инкишоф ёфта, ба нуқтаи баландтарини тарақкиёти худ расид. Маҳз дар ҳамин давр дастовардҳои олимони бисёр соҳаҳои илм, арбобони адабиёту санъат шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданд. Марказҳои илму фарҳанг давра ба давра меафзуд. Кормандони ин соҳаҳо зиёд мегардиданд. Маош ва нафақа, инчунин ҳар гуна ёрдампулиҳо аз тарафи давлат меафзуд. Симои шаҳру деҳот рӯз аз рӯз тағйир меёфт. Зиндагии мардум давра ба давра беҳтар мешуд.

Аммо ин ҳама пешравиҳо дар соҳаи илму фарҳанг бо ҳолати афзудани нуфузи идеалогияи коммунистӣ мегузашт. Оҳиста – оҳиста тамоми корҳои эҷодӣ, махсусан асарҳои олимон, нависандагон ва ғайраҳо аз назорати сохти давлатӣ мегузашт. Онҳо намегузоштанд, ки бар хилофи ин идеология асаре пайдо шавад. Агар мабодо чунин асар пайдо шавад, муаллифи онро бо ҳар роҳ, ба ҳар гуна ҷазоҳо гирифтор мекарданд. Ба ин фаъолияти нависанда Ҷумъа Одина ва романи ӯ «Гузашти айём» мисол шуда метавонад.

Хулоса, дар давраи номбурда идеологияи коммунистӣ ва ҳизби коммунистӣ чӣ дар Иттифоқ ва чӣ дар Ҳукумати чӣ Иттифоқ ва чӣ ҷумҳурӣ ба масъалаи инкишофи маорифи халқ  диқкати ҷиддӣ медоданд. Бинобар ин дар ҳамаи зинаҳои ҳукуматӣ, масъалаи мактаб ҳама вақт дар мадди назари онҳо буд. Соли 1958 дар доираи Иттифоқ оиди соҳаи маориф қонун қабул карда шуд, ки мувофиқи он аз 1 октябри соли 1962 дар мамлакат маълумоти ҳатмии 8 сола ҷорӣ мегардид ва он бояд тамоми ҷовонони синнашон аз 7 то 16 соларо фаро мегирифт. Дар асоси ин қонун моҳи марти соли 1959 мутобиқ ба Тоҷикистон қонун қабул карда шуд, ки мувофиқи он чунин дигаргунсозиҳоро дар низоми маориф аз соли таҳсили 1959/60 оғоз намуда, бояд дар муддати 3-5 сол ба итмом мерасониданд, ки дар амал иҷро гардид.

Бо мақсади инкишофи соҳаи маориф аз аввали солҳои 50-ум сар карда барои сохтани биноҳои таълимии мақтабҳо диққати махсус доданд. Дар натиҷа, дар солҳои 60-80-ум дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 1,7 ҳазор мактабҳои нав сохта, ба истифода дода шуданд. Дар Тоҷикистон аз соли 1971 сар карда шумораи мактабҳои ибтидоиро кам карданд. Бинобар ин агар соли 1961 дар ҷумҳурӣ шумораи мактабҳои таълимии умумӣ 2610 ададро ташкил намоянд (аз ин 381 мактабҳои маълумоти миёна, 989 мактабҳои 8-сола, 1240 мактабҳои ибтидоӣ) ва шумораи талабагони онҳо 392 ҳазор нафарро ташкил намоянд, пас соли 1985 шумораи мактабҳои таълимии умумӣ ба 2761 адад расид (аз онҳо 1508 мактабҳои миълумоти миёна, 649 мактабҳои 8-сола, 594 мактабҳои ибтидоӣ), ки дар онҳо 1131,5 ҳазор нафар мактаббачагон таълим мегирифтанд. Аз ин рақамҳо низ маълум мегардад, ки дар ин давр ҳиссаи мактабҳои маълумоти миёна хело зиёд гардида, ҳиссаи мактабҳои ибтидоӣ кам шудааст. Қариб 80%-и ин мактабҳо дар ҳудуди деҳот ҷойгир буданд.

Ба ғайр аз мактабҳои таълимоти умумӣ дар миёнаи солҳои 70-ум дар ҷумҳурӣ 41 адад мактаб – интернатҳо ва 14 адад интернатҳои махсус фаъолият мекарданд. Дар ҳамаи онҳо 13 ҳазор нафар ҷавонон таълим мегирифтанд. Инчунин адади мактабҳои таълимашон шабона низ афзуд. Агар соли 1971 шумораи чунин мактабҳо 189 адад, бо 24,1 ҳазор нафар талаба бошанд, пас соли 1985 шумораи он гуна мактабҳо ба 323 адад, бо 40,1 ҳазор нафар талаба расид.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Маоши омӯзгорони мактабҳо давра ба давра зиёд карда мешуд. Аз соли 1964 сар карда маоши омӯзгорони мактабҳои деҳот ба мактабҳои шаҳрӣ баробар карда шуд. Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати омӯзгорони мактабҳои миёна, соли 1962 дар шаҳри Душанбе Донишкадаи марказии такмили ихтисоси омӯзгорон ташкил карда шуд.

Аз тарафи ҳукумат омӯзгорони соҳибтаҷриба қадрдонӣ карда мешуданд. Дар давраи номбурда 4757 нафар омӯзгорон бо ордену медалҳои давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ду нафари онҳо Х.Каримова ва М.Маҳмудов барои гирифтани унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ мушарраф гардидаанд.

Бо сабаби он, ки ба масъалаи тарбияи ҷавонон диққати махсус дода мешуд, бинобар ин дар ин давр дар шаҳру деҳаҳо бо ташаббуси давлат, корхонаҳо, колхозу совхозҳо яслӣ-боғчаҳои хеле зиёди кӯдакона ташкил карда шуданд. Дар амал ин яслӣ – боғчаҳо барои мактабҳои таълими умумӣ ҳамчун як заминаи муҳим, ё худ зинаи аввал ба ҳисоб мерафтанд.

Мактаби олӣ. Дар давраи номбурда он 5 адад мактабҳои олие, ки пештар бунёд гардида буданд, ба монанди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ), донишкадаҳои омӯзгории Душанбе ва Хуҷанд, донишкадаҳои аграрӣ ва тиббии Тоҷикистон (ҳоло ҳамаи онҳо ба донишгоҳ табдил ёфтаанд) боз панҷ донишкадаҳои нав илова гардиданд. Яъне соли 1956 – Донишкадаи  политехникӣ (ҳоло Донишгоҳи техникӣ) таъсис ёфт, соли 1962 – Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб аз соли нав ба кор шурӯъ намуд, соли 1971 Донишкадаи давлати тарбияи ҷисмонӣ, соли 1973 Донишкадаи давлатии санъат ва соли 1980 Донишкадаи давлатии омӯзгории забон ва адабиёти рус (ҳоло Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон) бунёд гардиданд. Ба ғайр аз инҳо шӯъбаи донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд ва шӯъбаи донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа кушода шуда буд. Яъне, шумораи умумии мактабҳои олии Тоҷикистон, ғайр аз шӯъбаҳо, ба 10 адад расид. Ин ҳама имконият дод, ки шумораи донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ хеле зиёд гардад. Чунончӣ, агар соли таҳсили 1960/61 шумораи онҳо 20 ҳазор нафарро ташкил намояд, пас соли таҳсили 1984/85 ба 58,8 ҳазор нафар расид, яъне 2,9 баробар афзуд. Дар ҳамин давр шумораи таълимгоҳҳои миёнаи махсус ҳам аз 22 адад ба 39 адад расид.

Агар соли 1964 дар Тоҷикистон аз рӯи 102 ихтисос мутахассис тайёр карда бошанд, пас он соли 1985 ба 200 ихтисос расид. Ба ғайр аз ин соли 1885 аз Тоҷикистон дар мактабҳои олии шаҳрҳои Москва, Ленинград, Тошкент, Киев, Новосибирск, Воронеж ва ғайраҳо зиёда аз 3 ҳазор нафар донишҷӯён таълим мегирифтанд. Ҳиссаи духтарон дар ҳайати донишҷӯён соли таҳсили 1960/61 – 29,6% буд ва он соли таҳсили 1984/85 ба 39% расид. Мувофиқи қарори Ҳукукмати Тоҷикистон аз 22 октябри соли 1969 дар назди мактабҳои олӣ шӯъбаҳои тайёрӣ ташкил карда шуд.

Дараҷаи илмии омӯзгорони мактабҳои олӣ низ сол аз сол баланд мешуд. Чунончӣ, соли 1971 дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ қариб 3 ҳазор нафар омӯзгорон фаъолият менамуданд, ки 90 нафари онҳо докторҳои илм, профессорон ва 911 нафарашон номзадҳои илм, дотсентон буданд. Соли 1980 бошад шумораи умумии омӯзгорони мактабҳои олии ҷумҳурӣ ба 4402 нафар, аз ҷумла 104 нафар докторони илм, профессорон, 1370 нафар номзадҳои илм, дотсентон расид. Акнун устодони унвондор 34%-ро ташкил медоданд. Таълим дар аксари мактабҳои олӣ асосан бо забони русӣ сурат мегирифт.

Инкишофи илм. Дар ҳаёти илмии Тоҷикистон ташкил ёфтани Академияи илмҳо воқеаи бузургтарин ба ҳисоб меравад. 14 апрели соли 1951 шӯъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС ба маркази мустақили ҷумҳуриявӣ Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон табдил ёфт. Аввалин президенти он С.Айнӣ интихоб гардид. Соли 1953 дар ҳайати академия 34 муассисаи илмӣ, аз ҷумла 14 пажуҳишгоҳҳои тадқиқотӣ фаъолият мекарданд. Ҳамон вақт дар онҳо 1971 нафар бо корҳои тадқиқотӣ машғул буданд, ки 30 нафарашон докторони илм ва 221 нафарашон номзадҳои илм ба ҳисоб мерафтанд. Соли 1974 шумораи кормандони илмии академия ба 1200 нафар расид, ки қариб 400 нафари онҳо докторон ва номзадҳои илм буданд.

Дар инкишофи илми ҷумҳурӣ устодони мактабҳои олӣ низ ҳиссагузор мебошанд. Зеро, онҳо низ дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ бо корҳои илмӣ машғул буданд. Якҷоя бо кормандони академия, соли 1985 шумораи умумии кормандони илмӣ дар ҷумҳурӣ ба 8452 нафар расида буданд, ки 229 нафарашон докторон ва 3074 нафарашон номзадҳои илм ба ҳисоб мерафтанд. Ҳамаи онҳо якҷоя барои пешрафти соҳаҳои гуногуни илм ҳиссаи босазо гузоштаанд.

Дар ташаккулу инкишофи илми тоҷик олимони машҳур, аз қабили таърихшиносон Б.Ғ.Ғафуров, А.А.Семёнов, А.Ю. Якубовский, З.Ш.Раҷабов, Б.И.Искандаров; шарқшиносон С.Айнӣ, Е.Э.Бертелс, А.Мирзоев; файласуфон А.М.Баҳоваддинов, М.С. Осимӣ, М.Д. Диноршоев; зоолог ва паразитолог Е.Н.Павловский; хокшинос И.Н.Антипов-Каратаев; селексионерҳо В.П.Красичков, Б.Сангинов; ҳуқуқшинос С.А.Раҷабов; геологҳо С.Юсупова, Б.Баротов; физикҳо С.У.Умаров, А.А.Адҳамов; риёзиёт А.Ҷ.Ҷӯраев; зилзиласанҷӣ С.Ҳ.Неъматуллоев; тиб К.Т.Тоҷиев, Ҳ.Х.Мансуров, Ю.Б.Исоқӣ, М.Ғ.Ғуломов ва дигарон ҳиссаи босазо гузоштанд.

Аз тарафи олимон асарҳои зиёди хонданибоб офарида шуд. Маҳз, дар ҳамин давр асари машҳури Б.Ғафуров «Тоҷикон» (нашри аввали русӣ, соли 1972) дастраси хонандагони сершумор гардид. Ин асар бори дигар тоҷиконро ҳамчун халқи қадима ва фарҳанги бойдошта, аз нуқтаи назари илмӣ исбот намуд ва ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума шуд. Ба ғайр аз ин таърихшиносон асари бисёрҷилда «Таърихи халқи тоҷик»-ро иборат аз 3 ҷилд, 5 китоб нашр намуданд. Забоншиносон асари дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷик»-ро омода ва нашр карданд. Адабиётшиносон иборат аз ду ҷилд «Очеркҳои тарихи адабиёти советии тоҷик»-ро дастраси хонандагон намуданд. Умуман чунин дастовардҳо ба ҳамаи соҳаҳои илми ҷумҳурӣ хос аст.

Адабиёти тоҷик дар солҳои 1950-1980

Дар ин давр дастовардҳои шоирону нависандагони Тоҷикистон махсусан назаррас буд. Аз тарафи М.Турсунзода достонҳои «Ҷони ширин», «Аз Ганг то Кремл», романи С.Улуғзода «Шӯриши Восеъ», романҳои Ҷ.Икромӣ «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», романи Р.Ҷалил «Шӯроб», достонҳои М.Қаноат «Суриши Сталинград», «Гаҳвораи Сино», шеъру ғазалҳои баландмазмуни Л.Шералӣ, Б.Раҳимзода зиёда шӯҳрат пайдо карда буданд.

Бо роҳи тарҷума асарҳои шоиру нависандагони тоҷик ба ҷаҳониён ва баръакс ҷаҳониён ба хонандагони тоҷик муаррифӣ гардиданд. Чунончӣ, аз соли 1971 то соли 1980 дар Тоҷикистон 292 асари шоиру нависандагони Иттифоқ ва ҷаҳон ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардид. Маҳз дар ҳамин давр 187 асари шоиру нависандагони ҷумҳурии мо ба дигар забонҳо тарҷума шуданд.

Офаридани филмҳо. Дар солҳои номбурда «Тоҷикфилм» бо филмҳои баландмазмун ва тамошобоби худ қадамҳои ҷиддӣ ба пеш гузошт. Махсусан филмҳои «Қисмати шоир», «Марги судхӯр», «Ман ба духтаре во хӯрдам» ва ғайраҳо ба тамошобинон ҳаловат мебахшиданд. Режисёри номӣ Б.Кимёгаров дар асоси шоҳасари А.Фирдавсӣ «Шоҳнома» як қатор филмҳои баландмазмун, ба монанди «Гуфтор дар бораи Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб», «Гуфтор дар бораи Сиёвуш», «Байрақи оҳангар» ва ғайраҳоро офарид. Соли 1963 Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон таъсис ёфт.

Театрҳо. Дар давраи номбурда махсусан театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А.Лоҳутӣ, театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов, театри давлатии драмаи русӣ ба номи В.В.Маяковский, театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С.Айнӣ, театри шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Конибодом ва ғайраҳо бо намоишномаҳои нав ба нави худ ба дили тамошобинон ҷой гирифта буданд.

Мусиқӣ. Муваффақияти оҳангсозон махсусан назаррас буд. Бо ташаббуси оҳангсозон Ф.Шаҳобов, Б.Файзуллоев, Ш.Соҳибов бори аввал асари безаволи аҷдодони тоҷик «Шашмақом»-ро ба нота гирифта, дар ҳаҷми 5 ҷилд ба табъ расониданд. Аз тарафи оҳангсозон асарҳои нав ба нав офарида шуд.

Воситтаҳои ахбори умум. Барои дастраси умум гардонидани хабарҳои тоза мақоми воситаҳои ахбори умум махсусан бузург аст. Соли 1961 дар ҷумҳурӣ 85 номгӯй рӯзномаю маҷаллаҳо нашр мегардиданд. Дар асоси қарори КМ ҲК Тоҷикистон аз соли 1965, бояд ҳар як ноҳия соҳиби рӯзномаи худ мешуд. Дар натиҷаи амалӣ гардонидани ин чорабинӣ соли 1985 дар ҷумҳурӣ адади рӯзномаю маҷаллаҳо зиёд шуда ба 136 номгӯй расид.

Соли 1959 дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) маркази ойинаи нилгун (телесентр) ба фаъолият шурӯъ кард. Аз 25 январи соли 1975 дар ин марказ аввалин намоиши рангаи барномаи маҳаллӣ шурӯъ карда, аз соли 1980 пурра ба намоиши чунин барнома гузашт. Соли 1977 дар Душанбе хонаи радио кушода шуд.

Муассисаҳои фарҳангӣ-равшаннамоӣ. Умуман дар замони Шӯравӣ ба корҳои ташфиқотӣ диққати ҷиддӣ медоданд. Бинобар ҳамин муассисаҳои фарҳангӣ-равшаннамоӣ, ба монанди клубҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо (музейҳо), нуқтаҳои кинонамоишдиҳӣ ва ғайраҳо сол аз сол зиёд мегардид. Масалан, дар ҷумҳурӣ агар соли 1961 ба тарзи умумӣ 943 клуб, 910 китобхона,4 осорхона, 652 нуқтаҳои кинонамоишдиҳӣ мавҷуд бошад, пас соли 1985 адади онҳо ба 1338 клуб, 1628 китобхона, 26 осорхона ва 1318 нуқтаи кинонамоишдиҳӣ расид.

Даҳаҳои фарҳангӣ. Бо мақсади аз дастовардҳои фарҳангии якдигар огоҳ будан ва ғанӣ гардонидани фарҳанги худ, дар байни ҷумҳуриҳои иттифоқӣ даҳаҳои фарҳангӣ ташкил карда мешуд. Аз ҷумла, соли 1967 даҳаи фарҳангии Русия дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Русия, солҳои 1968 ва 1982 даҳаҳои фарҳангии Тоҷикистн дар Ӯзбекистон ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, соли 1970 даҳаи фарҳангии Тоҷикистон дар Литва, солҳои 80-ум даҳаҳои фарҳангии Русия ва Қирғизистон дар Тоҷикистон ва ғайраҳо ташкил карда шуданд.


Инкишофи илму фарханг дар солхои 1950 – 1991, Инкишофи маорифи халк, Мактаби оли дар Точикистон, Офаридани филмхо, таъсисёбии Донишкадаи  политехники, таъсисёбии Донишкадаи омузгории шахри Кулоб, таъсисёбии Донишкадаи давлати тарбияи чисмони, таъсисёбии Донишкадаи давлатии санъат, таъсисёбии Донишкадаи давлатии омузгории забон ва адабиёти рус, таъсисёбии Донишкадаи давлатии забонхои Точикистон, Адабиёти точик дар солхои 50-80-ум, Донишгохи политехники кай таъсис ёфт, Дахахои фарханги, дахаи фархангии точикистон.
ҚаблӣИнкишофи кишоварзӣ дар солҳои 50-80
БаъдӣҲаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар солҳои 1950-1980