Мазмун ва ғояи ҳикоёти «Маснавӣ»

Мазмун ва гояи хикоёти «Маснави».


Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ барои ифодаи андешаҳои ирфонӣ ва ахлоқии хеш ҳикоёту латоифу нақлу ривоёти зиёдеро дар «Маснавии маънавӣ» мавриди истифода қарор додааст. Ҳикояти «Луқмон ва ғулом» аз ҷумлаи онҳост. Мазмуни ҳикоят чунин аст: Хоҷае чанд ғулом дошту Луқмон сарвари онон буд.

Онҳо кор мекарданд. Зоҳири Луқмон бад буд, яъне мисли шаб сиёҳ ва сурати безеб дошт. Боре хӯҷаин ба онҳо фармуд, ки рафта аз боғ мева оранд. Ғуломон меваҳои пухтагию ширинро хӯрданд. Вақте ки хӯҷаин сабабашро пурсид, гуфтанд, ки меваҳои ширину гувороро Луқмон хӯрд. Хӯҷаин бовар кард ва Луқмонро маломат кардан гирифт. Аз ин Луқмон ранҷид, ки ӯро ғуломон туҳмат мекунанду хӯҷаин бовар дорад. Пас Луқмон маҷбур ба хоҷааш чунин маслиҳат дод:

Гуфт Луқмон: Саййидо, пеши Худо
Бандаи хоин набошад муртаҷо![1]

Имтиҳонро кор фармо, эй киё![2]
Шарбати гармоб деҳ баҳри бало.

Имтиҳон кун ҷумла моро, эй карим,
Серамон дардеҳ ту аз оби ҳамим.[3]

Баъд аз он моро ба саҳрои калон,
Ту савора, мо пиёда бардавон.

Он гаҳон бингар ту бадкирдорро,
Сунъҳои кошифи асрорро.[4]

Хӯҷаин ҳамин корро сомон дод. Шикамашонро аз оби ифлос пур намуд ва дар дашту саҳро онҳоро гардонд. Ғуломон пас қай кардан гирифтанд ва он чӣ нӯшидаю хӯрда буданд, аз даҳон берун бароварданд. Маълум гардид, ки ҳамаи меваҳоро ғуломон хӯрдаанд. Аммо Луқмон оби тозаи мусаффо қай кард. Яъне, дарунаш тозаю озода будааст:

Қай дарафтоданд эшон аз ано,
Об меовард з-эшон меваҳо.
Чунки Луқмонро даромад қай зи ноф,
Мебаромад аз дарунаш оби соф.

Ҳамин тавр, ба воситаи тадбири Луқмон сирри ғуломон ошкор шуд ва бегуноҳии Луқмон дар назди хоҷааш маълум гардид.

Он чизе ки фаҳмидед, мазмуни зоҳирии ҳикоя буд. Вале мақсади асосии Мавлоно аз овардани ҳикояи боло чизи дигар аст. Бояд ба ботини он назар кард ва бояд фаҳмид, ки муроди Ҷалолиддин аз баёни ҳикоя чист?

Мавлоно гуфтан меҳоҳад, ки дар роҳи Ҳақ, пеш аз ҳама, шогирдони пок, росткору ростқавлро бояд интихоб кард. Яъне «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гуфтаанд. Роҳи Ҳақ ё ба Ҳақ расидани солик кори осон нест, қалбаш бояд тоза мисли Луқмони Ҳаким бошад, на чун он ғуломон. Ҳамон тавре ки дидед, зоҳири Луқмон хуб набуд, вале қалбаш тозаю озода буд. Ана чунин инсонҳои поку нексириштро бояд илм омӯзонанд. Ба хулосаи Мавлоно таваҷҷуҳ намоед:

Пас, ту ҳар ҷуфте, ки мехоҳӣ, бигир!
Маҳви ӯ бошу сифоти ӯ пазир.
Нур хоҳӣ, мустаидди нур шав!
Дурр хоҳӣ, хешбину дур шав!

Агар ҳамин корҳоро сомон бидиҳӣ ва аз нахуст ашхоси арзанда ё мардони роҳи Ҳақро дуруст интихоб намоӣ, он вақт ба мақсаду мароми хеш муваффақ хоҳӣ гашт.


  • [1]   Муртаҷо –умедвор
  • [2]   Киё – хӯҷаин, сардор
  • [3]   Оби хамим – оби ифлоси ногувори чарм
  • [4]   Пас хоҳӣ дид ҳилаҳои пинҳонии онҳоро.
Дигар мавзӯҳо:

ҚаблӣМаснавии Маънавӣ сохт ва сабки нигориши асари Мавлоно
БаъдӣҲикояти «Марди баққол ва тӯтӣ» – Маснавии маънавӣ