Инкишофи паҳнкирмҳои муфтхӯр

Инкишофи пахнкирмхои муфтхур.


Паҳнкирмҳои муфтхӯр дар организми ду ё се «хӯҷаин» зиндагӣ мекунанд. Масалан, бандкирми гов давраи болиғиашро дар рӯдаи одам ва давраи кирминагиашро дар бадани чорвои калони шохдор мегузаронад.

 Инкишофи кирминаи бандкирми гов дар ду «хӯҷаин» мегузарад (расми 63).

Инкишоф ва сохти буғумҳои бандкирми гов
Расми 63. Инкишоф ва сохти буғумҳои бандкирми гов

Бандкирмҳои болиғ дар рӯдаи одам зиндагӣ мекунанд. Ҳайвоноте, ки дар онҳо кирминаҳо инкишоф меёбанд, «хӯҷаин»-и мобайнӣ ном гирифтаанд. Агар дар ҳайвонот ё инсон наслҳои болиғ зиндагӣ кунанд, онро «хӯҷаин»-и асосӣ ё охирин меноманд (расми 64).

Афзоиш ва инкишофи бандкирми гов чунин аст: Дар ҳар як буғуми бандкирми гов миқдори зиёди тухмҳо афзоиш мекунанд. Буғумҳои охири ба балоғат расидаи бадан пур аз тухми бордоршуда мебошанд. Пас аз бордоршавӣ фавран инкишофи тухм сар мешавад. Дар ҳар як буғум то 175 ҳазор адад тухм мавҷуд аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Буғумҳои болиғи дорои тухми бордоршуда аз бадани кирм ҷудо шуда, тавассути ахлоти «хӯҷаин» ё мустақилона ба воситаи кашишхӯрии мушакҳо ба берун партофта мешаванд. Дар як шабонарӯз аз рӯдаи одами бо ин кирм сироятёфта то 28 буғум ҷудо шуда, ба берун мебарояд. Тухмҳои дар замин афтидаро чорво дар вақти ҷустуҷӯи хӯрок фурӯ мебарад. Дар рӯдаи ҳайвон аз тухм кирминаҳои шашчангакдор (онкосфера) пайдо мешаванд.

Кирминаҳои шашчангакдор ба рагҳои хунгард дохил шуда, ба воситаи ҷараёни хун ба мушакҳо рафта, дар он ҷо маскан мегиранд. Дар мушакҳо кирминаҳо ба фазаи дигари тараққиёт – финна (пуфаки андозааш ба нахӯд баробар) табдил меёбанд. Агар инсон гӯшти нимхоми финнозиро (финна доштаро) хӯрад, дар меъдаи он аз финна сари бандкирм баромада, дар қафои он гардан ва минбаъд буғумҳо ташаккул меёбанд. Худи пуфакҳо бошанд, ҳазм шуда мераванд. Кирмҳои майдаи дар рӯдаи борик афтида ба девори он часпида, тадриҷан калон мешаванд. Бандкирми болиғ дар бадани одам то 15 сол зиндагӣ карда метавонад.

Инкишофи бандкирми хук ҳам ба бандкирми гов монанд аст. Ин кирмҳо одам ва ҳайвонотро ба касалӣ гирифтор карда, боиси лоғаршавии онҳо мегарданд. Масалан, дар одам бемории камхуниро ба вуҷуд меоранд.

Баъзе кирмҳои муфтхӯр, кирми ҷигармак ва эхинококк дар фазаи кирминагӣ миқдори насли худро зиёд мекунанд. Тухмҳои кирми ҷигармак ба воситаи саргини ҳайвон ба берун меафтанд. Як қисми тухмҳо дар оби ҳавз ва ҷӯйчаҳо меафтанд, аз онҳо кирмина баромада, ба бадани тӯқумшуллукҳои оби ширин – тӯқумшуллуки ҳавзӣ ворид мешавад (ба расми 64 нигаред).

Усулҳои сироятёбии ҳайвоноти хонагӣ бо кирми ҷигармак ва эхинококк
Расми 64. Усулҳои сироятёбии ҳайвоноти хонагӣ бо кирми ҷигармак ва эхинококк

Дар бадани кирмина аз тухмҳои бордоршуда ҷанинҳои бисёр ҳосил шуда, аз онҳо насли нав инкишоф меёбад. Ин кирминаҳо афзоиш карда, ҳамин ки ба давраи охирини инкишоф расиданд, бадани нармбаданро тарк карда, ба об медароянд. Онҳоро метавонад дигар ҳайвон фурӯ барад. Ҳамин тариқ, аз як тухм қариб 180 фард инкишоф меёбад. Чорвои ба кирми ҷигармак гирифтор касалӣ ва лоғар мешавад. Роҳи муборизаи зидди касалӣ аз нигоҳубини хуб ва солим нигоҳ доштани ҳайвон иборат аст.


Эхинококк бо забони точики

Эхинококк ба синфи тасмакирмҳо мансуб аст. Эхинококк баръакси бандкирми гов ва хук хеле хурд буда, дарозиаш 5-6 мм аст. Баданаш аз 3-4 буғум иборат аст. Эхинококк қариб дар ҳамаи ширхӯрон вомехӯрад. Вай дар ҷигар ва шуши онҳо давраи инкишофи пуфакии худро мегузаронад (ба расми 64 нигаред). Дар дохили пуфаки модарӣ пуфакҳои духтарӣ (ҷавон) пайдо шуда, дар онҳо варамҳои бисёр ҳосил мешаванд. Ин варамҳо саршавии насли нави эхинококк мебошанд. Агар гург, саг, рӯбоҳ, гурба ва дигар ҳайвонҳои даранда чорвои ба эхинококк гирифторбударо хӯранд, ин муфтхӯр ба онҳо гузашта, дар рӯдаи борики онҳо зиндагӣ мекунад. Аз тухми тавассути саргин дар чарогоҳ афтида гов, гӯсфанд, хук, харгӯш, қисман асп, ки «хӯҷаин»-и мобайнӣ мебошанд, ҳангоми хӯрдани алаф сироят меёбанд. Эхинококк аз сагҳои ба ин касалӣ гирифторбуда дар вақти сила ё навозиш кардани онҳо ба инсон мегузарад. Агар гигиенаи шахсӣ риоя карда нашавад, одам ҳам «хӯҷаин»-и мобайнии ин кирм мегардад. Пеш аз хӯрдани хӯрок ҳатман дастҳоро шустан лозим аст.

Афзоиши аксарияти паҳнкирмҳои муфтхӯр бо ивазку- нии «хӯҷаин» мегузарад. Яъне як насл дар як «хӯҷаин», насли дигар дар дигар «хӯҷаин» инкишоф меёбад. Дар оянда ҳамон фардҳое зинда мемонанд, ки онҳо тухми бисёр мегузоранд, зеро имконияти афтидани тухм ба бадани «хӯҷаин»-и мобайнӣ ва ё кирмина ба бадани «хӯҷаин»-и охирин хеле маҳдуд аст. Яке аз сабабҳои насли бисёр мондани муфтхӯрҳо ҳам ҳамин аст. Бо ҳамин васила онҳо барои аз байн нарафтан мубориза мебаранд ва инро мубориза барои ҳаёт меноманд.


Саволҳо

  1. Афзоиш ва инкишофи бандкирми гов чӣ тавр аст?
  2. Паҳнкирмҳоеро, ки тарзи зисти муфтхӯрӣ доранд, номбар кунед.
  3. Занҷира (сикл)-и инкишофёбии эхинококк чӣ гуна аст?
  4. Паҳнкирмҳои муфтхӯр бо кадом роҳҳо вориди организми инсон мегарданд?
ҚаблӣСохтани сайт. Омӯзиши сомонасозӣ – тарзи сохтани сомона
БаъдӣЭхинококк – маълумот бо забони тоҷикӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед