Лексикография – Луғатҳои тафсирӣ (якзабона) ва дузабона

 

Лугатхои тафсири (якзабона) ва дузабона

Лексикография чист? Илми луғатнигориро лексикография меноманд (аз калимаи юнонии лексикос –калима, луғат ва графо –менависам аст). Луғатҳои мавҷудаи ҳар як миллат сарвати бебаҳои забони онро ташкил медиҳанд, зеро онҳо сачашмаи муҳими забономӯзию сухандонианд.

Луғатҳо (фарҳангҳо, қомусҳо) гуногун мешаванд: луғати этимологӣ, луғати шева, луғати имло, луғати осори адибон, луғати калимасозӣ, луғати омонимҳо (синонимҳо, антонимҳо).

Дар луғатҳои дузабона маънои калимаву ибораҳои як забон ба забони дигар тарҷума мешаванд, шарҳ меёбанд. Тартиби ҷойгиршавии калимаҳо дар луғатҳои дузабона (тарҷумавӣ) аз рӯйи тартиби алифбо овардани калимаҳост. Агар калима дорои маънои зиёди луғавӣ бошад, ҳамаи маъноҳо муайян карда мешаванд. Чунончи, дар луғати дузабона (тарҷумавӣ):

Меҳрубон – добрый, ласковый, нежный, любимый, милосердный; Модари меҳрубон – ласковая мать. (Аз «Луғати русӣ –тоҷикӣ»); намунаи луғатҳои дузабона: «Луғати тоҷикӣ –русӣ (1954), Луғати русӣ –тоҷикӣ (1985), Луғати англисию тоҷикӣ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Луғатҳои тафсирӣ калима ва баъзан таркибу ибораҳои як забонро маънидод намуда, тобишҳои маъноии онҳоро бо овардани мисолҳо аз эҷодиёти шоирону нависандагон, асарҳои илмӣ, ҳуҷҷатҳои расмӣ, воситаҳои ахбори омма нишон медиҳанд. «Луғати фурс» –и Асадии Тӯсӣ (нимаи аввали асри 11) намунаи аввалини луғати тафсирии форсию тоҷикист. Дар луғату фарҳангҳои тафсирӣ, аз ҷумла, дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» маъноҳои калима ба воситаи таъриф ва овардани якчанд синоним (муродиф) шарҳ дода мешаванд:

Забон   1.узвест иборат аз порчаи гӯшти мутаҳаррик дар даҳон, лисон; 2. воситаи ифодаи фикр ва алоқа бо мардум, нутқ:

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Саъдӣ

 ИНЧУНИН ХОНЕД >>

ҚаблӣОмоним (Хамгуна)
БаъдӣНамунаи тахлили лугави калима