ИСТЕҲСОЛОТ, ШАКЛ ВА ОМИЛҲОИ ОН. Раванди истеҳсолот ва таркиби он

Истеҳсолот бидуни ҷомеаи инсонӣ имконнопазир аст. Инсон низ бе истеҳсолот вуҷуд дошта наметавонад. Инсон, барои муозин нигоҳ доштан ва барқарор кардани воситаҳои зарурии ҳаёти худ, эҳтиёҷ ба неъматҳои гуногун – мол, маҳсулот, сару либос, хонаю ҷой, хӯрока, пӯшока, доруворӣ, воситаи нақлиёт, асбобу анҷоми рӯзғор ва ғайра дорад. Онҳо дар шакли тайёр дар табиат вуҷуд надоранд ва худ аз худ низ пайдо намешаванд. Онҳоро худи одамон тибқи фаҳмиш, имкон, қобилият ва зарурат дастрас менамоянд, бунёд мекунанд, месозанд, мепазанд, медӯзанд, мекоранд, ғун мекунанд. Дар ҳар як маврид ба мақсади дархост намудан ва қонеъ гардонидани ниёзу эҳтиёҷи худ инсон ба табиат муроҷиат менамояд ва неъматҳои худододро дар шакли нимтайёр истифода мекунад. Дар ин ҷода вай кор (фаъолият)-еро анҷом медиҳад, ки он худ натиҷаи меҳнат мебошад. Маҳз меҳнат ва ақл табақаи инсонро аз қатори ҳайвонот ва тайёрхурандаи табиат ҷудо кард. Меҳнат инсони иқтисодӣ ва охирон, истеҳсолотро ба вуҷуд овард. Меҳнат – сарчашмаи ғизо ва ҳаракатдиҳандаи истеҳсолот сурат гирифт. Ҳамин ақида аз ҷониби бузургони фарҳанги тоҷик А. Берунӣ, Абуали ибни Сино, Закариёи Розӣ ва дигарон махсус қайд карда шудааст. Мувофиқи гуфтаҳои онҳо бидуни ақл ва меҳнат дар олам чизе ба даст намеояд (3, 72-73). Вале худи меҳнат бе истифодаи олот ва асбобу анҷом, худ аз худ неъмат намеофарад. Аз ин лиҳоз, хоҳ нохоҳ, одам ба табиат таъсир расонда, онро шаклан дигаргун месозад ва барои рафъи мӯҳтоҷӣ ва тақозои худ мувофиқ мегардонад. Кулли ин муносибатҳо раванди меҳнатро ташкил медиҳанд.

Аз ин ҷо, таҳти раванди меҳнат равобити доимӣ ва устувори байни унсурҳои он (худи меҳнат, воситаҳои меҳнат, предметҳои меҳнат), истифодаи захираҳои табиат ва дар ин асос ба вуҷуд овардани неъматҳову қонеъ гардонидани талаботи инсон фаҳмида мешавад.

Меҳнат – амалиёти бошуурона ва мақсадноки фаъолияти инсон буда, бо ёрии он одамон неъматҳои моддию маънавӣ ва хадамот ба вуҷуд меоранд. Ба ин максад онҳо кулли дониш, малака ва маҳорати худро баҳри истифодаи захираҳои комёбу маҳдуди иқтисодӣ ва қонеъ гардонидани ниёзу эҳтиёҷҳои номаҳдуд ва беинтиҳои худ истифода  мекунанд.


Предметҳои меҳнат

Предметҳои меҳнат – чизҳое мебошанд, ки одамон мустақиман ба онҳо (бо воситаи кор, фаъолият, меҳнат) таъсир расонда, хосиятҳои зоҳирии онҳоро барои тавлиди неъматҳои иқтисодӣ истифода мекунанд. Ба онҳо чизҳое, ки дар шакли тайёр аз табиат гирифта мешаванд (ме-ва, моҳӣ, ангишт…) ё худ маводҳое,  ки дубора зери таъсири меҳнати инсон қарор мегиранд (пахта, ангишт, нафт, газ…) дохил мешаванд. Он чизҳоеро, ки ба он меҳнати ин-сон таъсир мерасонад ва минбаъд барои коркарди маҳсулоти навбатӣ истифода мегарданд, ашё, маводи хом ё худ нимфабрикат меноманд. Табиат, замин ва дар мазмуни фаррох – олами моро фарогиранда – унсурҳои умдаи предмети меҳнат мебошанд. Онҳо ҳамчун манбаи моддии маҳсулоти тайёр (дар оянда) хизмат карда метавонанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Воситаи меҳнат

Воситаҳои меҳнат – чиз ё гурӯҳи чизҳое мебошанд, ки инсон бо воситаи онҳо (дос, болға, мошин, экскаватор…) ба предмет-ҳои меҳнат (замин) таъсир расонда, неъматҳою маҳсулот ва молу хизматҳо тавлид менамояд. Онҳо нишондиҳандаи муҳимта-рини дараҷаи инкишофи истеҳсолот мебошанд. Воситаҳои меҳ-нат дар шакли чиз ё худ шакли моддӣ ҳамчун воситаҳои табиӣ (хок, санг, узвҳои меҳнаткунандаи инсон) ва воситаҳои техникӣ (мошинҳои гуногун, механизмҳо, таҷҳизот, инструментҳо, яъне чизҳои ба таври сунъӣ офаридаи инсон) баромад мекунанд. Дар шароити ҳозира воситаҳои меҳнат ҳамчун низоми пурраи истеҳсолоти мошинӣ (қисми корӣ), муҳаррик (двигател), қисми вогузор (идоракунӣ…), техникаи кибернетикӣ, робототехникӣ, компютерикунонию автоматикунонии истеҳсолот сурат мегиранд. Воситаҳои меҳнат ва  предметҳои меҳнат дар якҷоягӣ – воситаҳои истеҳсолотро ташкил медиҳанд. Он дар адабиёти муосири Ғарб ҳамчун сармоя (капитал), молҳои сармоягузорӣ (инвеститсионӣ) ё худ неъматҳои сармоявӣ ном бурда мешавад.

Раванди меҳнат унсури асосии раванди истеҳсолот мебошад. Одатан, ҳангоми таҳлил ва тадқиқотҳои ҳодисаҳои иқтисодӣ, раванди меҳнат ва раванди истеҳсолот дар як маъно ва як мазмун тасаввур карда мешавад. Дар асл онҳо як чиз нестанд ва байнашон фарқият низ дида мешавад. Онҳо фақат ҳангоми ба ҳам пайваст шудани омилҳои истеҳсолот мувофиқат мекунанд. Дар дигар мавридҳо раванди истеҳсолот бидуни раванди меҳнат амал мекунад. Масалан, ҳангоми кишт, шудгор, мола кардан, даравидан, кӯфтан, бод кардан, кашонидан, ҷобаҷо гузоштани ғалла раванди меҳнат ва раванди истеҳсолот ба  ҳам  мувофиқат мекунанд, дар ҳолатҳои минбаъда: сабзидан, пухта расидан бошад, раванди истеҳсолот бидуни раванди меҳнат, яъне бе иштироки  одам ба роҳ монда мешавад.

Тавлиди неъматҳо, аввало муносибати инсону табиат ва сониян, алоқамандии худи одамонро оиди фаъолияти хоҷагидорӣ ифода мекунад. Намуди ибтидоии равобитро дар адабиёти иқтисодӣ – қувваҳои истеҳсолкунанда ва дуввӯминро муносибатҳои иқтисодӣ мегӯянд.

Қувваҳои истеҳсолкунанда (аз нигоҳи К. Маркс) – ҳамчун ягонагӣ ва алоқамандии омилҳои истеҳсолот (қувваи коргарӣ ва воситаҳои истеҳсолот) тасаввур карда мешаванд. Воситаҳои истеҳсолот ҳамчун меъёри муайянкунандаи иқтисодиёт таҳти таъсири комёбиҳои илму техникаи муосир, иттилоот, техникаи электронию ҳисоббарорӣ ва компютерӣ такмил меёбад. Қувваи коргарӣ низ мутаносибан зери таъсири ин омилҳо қарор дошта, сифатан дигаргун мешавад. Дараҷаи ташаккули илмии он амиқтар гашта, сатҳи қобилияти зеҳнӣ ва ихтисосии он торафт такмил ва маҳорату қобилияти тадбиркории он дар идораи истеҳсолот ва раванди бозорёбӣ густариш меёбад.

Муносибатҳои истеҳсолӣ – муносибатҳое мебошанд, ки байни одамон оиди тавлид, тақсим, мубодила ва истеъмоли неъматҳои моддию маънавӣ ва хадамот ба вуҷуд меоянд. Онҳо мувофиқи сирати низомҳои иқтисодӣ ва моликият ҳархела ба роҳ монда мешаванд.

Муносибатҳои иқтисодӣ асосан муносибатҳоеро, ки дар ҳавзаи истеҳсолоти моддӣ ва ғайримоддӣ ба амал омада густариш меёбанд дар  бар мегиранд. Дар адабиёти муосири иқтисодӣ онҳо ҳамчун субъект ё худ намояндагон(агентҳо)-и иқтисодӣ тасаввур карда мешаванд (ниг. мавзӯи якӯм).

Аз нигоҳи таркиб, муносибатҳои истеҳсолӣ ҳамчун  муносибатҳои ташкилию иқтисодӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ сурат  мегиранд. (ниг. ба нақшаи 1)

Муносибатҳои ташкилию иқтисодӣ афзалиятан оиди тарзу услуби ташкили раванди истеҳсолот, тақсим ва мубодилаи неъматҳои тавлидшуда ва хадамот ба роҳ монда мешаванд. Таърихан онҳо ҳамчун шакли ташкили умумигардонии истеҳсолот, яъне тақсими меҳнат, кооператсияи меҳнат, тамаркази истеҳсолот, марказияти он, тахсиси истеҳсолот ва  ғайра баромад мекунанд (ниг. ба саволи 2-юм).

Дар асоси таҳлили муносибатҳои капиталистӣ К. Маркс се марҳалаи инкишофи онҳоро мавриди таҳқиқ қарор дода аст: 1) кооператсияи оддӣ, 2) мануфактура ва 3) истеҳсолоти мошинӣ. Марҳалаи охирон, маҳз хусусияти ҷаҳони муосир мебошад.

Муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчун муносибатҳои байни одамон оиди шароити истеҳсолот ва ташкилу ташаккули шаклҳои моликият сурат мегирад. Охирон мазмун ва мундариҷаи онро муайян месозад.


ИСТЕХСОЛОТ, ШАКЛ ВА ОМИЛХОИ ОН. Раванди истехсолот ва таркиби он, Мехнат чист? Предметхои мехнат, Воситахои мехнат, Куввахои истехсолкунанда, Муносибатхои истехсоли, Муносибатхои ташкилию иктисоди, воситахои мехнат кадомхоянд?, шаклхои истехсолот

ҚаблӣВазифа, мақсад ва мақоми назарияи иқтисод
БаъдӣИстеҳсолот, шакл ва хусусиятҳои он