Ҷумла (дар забони тоҷикӣ)

Ҷумла чист? (Чумла чист?)

 Гурӯҳи калимаҳои ба ҳам алоқаманд, ки фикри тамомшударо ифода мекунанд, ҷумла номида мешаванд: Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол аст.

Ҷумлаҳо аз рӯйи сохт ду хел мешаванд: ҷумлаи сода ва мураккаб.

Ҷумлаи сода фақат аз як фикри том иборат аст:

Дар кушода шуд. Мо даромадем.

Ҷумлаи мураккаб аз алоқамандии ду ва ё зиёда ҷумлаҳои сода ташкил меёбад:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар кушода шуд ва мо даромадем (С.Айнӣ).

забони точики, забони тоҷикӣ


…Духтарча тозон омада, салом дод ва даст ба китфи пирамард ниҳода, ба ҷойи ҷавоб пурсид:

-Бобоҷон, чаро имрӯз ба кор нарафтед? Баногоҳ касал –ку нашудаед? Охир, сменаи шумо рӯзона буд –ку.

-Не, ҷони бобо. Ман сиҳат ва саломат. Ба нафақа баро-мадаам.

 Нигоҳи духтарча гувоҳи ошуфтагию парешонии ӯ шуд.

–Акнун дигар ба кор намеравед?

-Не.

–Ҳамеша дар ҳавлӣ мешавед?

–Чаро ҳамеша дар ҳавлӣ? Укоҳоятро бардошта кӯча меравам. Бо ҳамсолон ба сайру саёҳат мебароям. Нашъаи пирӣ меронам.

–Дар комбинат ба ҷойи Шумо кӣ кор мекунад?

–Пирон мераванду ҷавонон меоянд.

–Магар Шумо пиред? – табассуми зебое кард духтарча ва ҳусни зиёдии ду рухсорааш баръалотар намоён шуд.

–Ҳа, ҷони бобо, – аз саволи духтарча ба завқ омад пирамард. – Ба шасту як даромадам, агар аз даҳсолагӣ гирем, панҷоҳ сол боз меҳнат мекунам.

Раҳим Ҷалил

Луғат: 

смена – баст, як қисми вақти корӣ

Ибора (дар забони тоҷикӣ)

ҚаблӣИбора (дар забони тоҷикӣ)
БаъдӣҶумлаи сода (грамматикаи забони тоҷикӣ)

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед