Қаторҳои ҳашароти шаклдигаркуниашон пурра

Каторхои хашароти шаклдигаркуниашон пурра. Катори сахтболхо (гамбускхо). Катори кайк. Катори пулакчаболхо (шапалакхо).


Ба қаторҳои ҳашароти шаклдигаркуниашон пурра, ки намудҳои зиёдашон даранда буда, дар табиат ва ҳаёти инсон аҳамияти калон доранд, сахтболҳо (гамбӯскҳо), кайк, пулакчаболҳо (шапалакҳо), пардаболҳо, дуболаҳо ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Қатори сахтболҳо (гамбӯскҳо)

Дар сахтболҳо боли пеш (рӯйбол) сахт буда, боли қафо пардамонанд аст. Боли сахтро рӯйбол меноманд ва онҳо боли пардамонандро мепӯшанд. Узви даҳониашон хоянда аст. Ба қатори сахтболҳо гамбӯски гавазншох, момохолак, саргинғелон, ботинодерес ва ғайраҳо дохил мешаванд (расми 103).

Гамбӯскҳо қатори аз ҳама калонтарини ҳашарот буда, дар дунё 350 ҳазор намудашон маълум аст. Онҳо 20% на- муди ҳайвонҳои дунёро ташкил медиҳанд. Дар Тоҷикистон тақрибан 2500 намуди онҳо вомехӯранд. Гамбӯскҳо дар об ва хушкӣ зиндагӣ карда, таркиби хӯрокашон рустанӣ, занбӯруғ, моддаҳои пӯсида, лоша ва саргини ҳайвонот ме- бошад. Бисёр намудҳои гамбӯскҳо фоидарасонанд, чунки онҳо ҳашароти зараррасонро мехӯранд, аммо дар ин қатор намудҳое низ маълуманд, ки ба дарахтони мева, ҷангал, боғ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ зарар мерасонанд.

Сахтболҳо дар Тоҷикистон хеле васеъ паҳн шудаанд ва аксарияти ин намудҳо эндемиканд, яъне фақат дар Тоҷикистон ё Осиёи Марказӣ вомехӯранд. Сахтболҳои даранда: визвизакҳо, момохолакҳо ва ғайраҳо ҳашароти зараррасонро мехӯранд.

Расми 103. Сахтболҳо ва нимсахтболҳо
Расми 103. Сахтболҳо ва нимсахтболҳо

Қатори кайк

Кайк ҳашароти бебол буда, дар парандаҳо, дарандаҳо ва худи инсон муфтхӯрӣ мекунад.

Расми 104. Кайк
Расми 104. Кайк

Вобаста ба ин шакли зиндагӣ болаш барҳам хӯрдааст. Кайкҳо дар намуди зоҳирӣ ба ҳамдигар монанданд (расми 104). Ҳаракаташон ҷаҳишӣ аст. Баданашон ҳамагӣ 3 – 4 мм буда, то ба 50см дарозӣ ва то ба 30см баландӣ парида метавонанд. Узви даҳониашон халандаю маканда буда, хун мемаканд. Дар вақти макидани хун барангезандаи касалии ваборо дар инсон паҳн карда метавонанд.

Як кайк то 11 одамро сироят мекунад. Дар нимаи асри гузашта дар дунё аз касалии вабо 75 млн одам фавтидааст.

Қатори пулакчаболҳо (шапалакҳо)

Аз тамоми ҳашаротҳо дида дар чашми одамон зиёдтар шапалакҳо намоён мешаванд. Ривояте ҳаст, ки дар Рими Қадим одамон боварӣ доштанд, ки шапалакҳо аз гули кандашудаи рустаниҳо пайдо шудаанд.

Коллексионерҳои (дӯстдорони) шапалакҳоро дар тамоми дунё ёфтан мумкин аст.

Аҳамияти шапалакҳо дар табиат хеле калон аст. Дар байни инҳо кирмакҳои намудҳои зараррасони хоҷагии қишлоқ, ҷангал, сабзавот, дарахтони мевагӣ, аз қабили шапалаки тирамоҳӣ ва пахта, шапалаки карамхӯрак, шоҳитанаки ҳалқагини кӯҳӣ, шоҳитанаки дарахти санавбар, шапалаки кирми себ ва даҳҳо намудҳои дигарро номбар кардан мумкин аст.

Аммо дар ҳолати болиғӣ, яъне дар давраи шапалак буданашон, бисёре аз онҳо гардолудкунандаи муҳимми рустаниҳои гуногун, хӯроки асосии парандаҳо мебошанд. Аз шапалаки абрешим бошад, абрешим тайёр мекунанд.

Шапалакҳо ду ҷуфт боли пулакчадор ва узви даҳонии маканда доранд, ки он печутобдор (спиралшакл) аст. Пулакчаи шапалак шакли тағйирёфтаи мӯякчаҳои хитинӣ буда, пачақ аст. Дар ковокии пулакчаҳо моддаҳои рангдор ҳаст, ранги онҳо аксар вақт гуногун мебошад. Ба туфайли ин дар боли шапалакҳо нақшҳои аҷоибу мураккаб ба вуҷуд меоянд (расми 105).

Расми 105. Шапалакҳо
Расми 105. Шапалакҳо

Тарафи беруни пулакчаҳо қирра дорад, ки нури рӯшноии ба онҳо афтидаро мешиканад ё акс мекунад. Кирмаки шапалакҳо кирммонанд буда, ба ҷуз се ҷуфт пойи банддор, инчунин пойҳои муваққатӣ (дӯнгиҳои бадан) дорад. Узви даҳонии кирмаки шапалак хоянда буда, рустаниро мехӯрад. Аз ҷиҳати шумораи намуд қатори шапалакҳо баъди қатори гамбӯскҳо калонтарин маҳсуб ёфта, дар дунё 150 ҳазор намудашон маълум аст.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 2000 намуди шапалакҳо ёфт шудааст. Бисёр намудҳои ин қатор (шапалаки кирми ғӯза, шапалаки тирамоҳӣ, шапалаки кирми себ, куяи себ, шапалаки карамхӯр, шапалаки дӯлона ва ғайраҳо) ба хоҷагии қишлоқ зарари калони моддӣ мерасонанд. Ба ғайр аз ин, куяи хонагӣ дар матоъҳои пашмин, қолин тухм мемонад, аз тухм кирмҳо баромада, ба онҳо зарари калон мерасонад. Шапалаки абрешимӣ, ки аз пилаи он матои қиматбаҳои абрешим тайёр мекунанд, ба ҳамин қатор мансуб аст.


Тестҳо

  1. Аз гамбускони зерин кадомаш ширинчаро мехӯрад?

А) момохолак; Б) гамбуски колорадоӣ; В) гамбуски баргхӯр; Г) гаҳвораҷунбон.

2. Қатори аз ҳама калони синфи ҳашарот кадом аст?

А) қатори шапалакҳо; Б) қатори сахтболон; В) қатори нонхӯракҳо; Г) қатори ростболон.

3. Кайк ҳангоми макидани хуни инсон кадом касалиро метавонад паҳн кунад?

А) бемории хоб; Б) вабо; В) вараҷа; Г) исҳоли хунин.

4. Кирминаи кадоме аз ин шапалакҳо ба матоъҳои пашмин ва қолинҳо зарар меоварад?

А) шапалаки тирамоҳӣ; Б) шоҳитанаки ҳалқагини кӯҳӣ; В) куяи хонагӣ; Г) шапалаки абрешимӣ.

5. Кадоме аз ин ҳашароти номбаршуда сохти даҳони хоянда доранд?

А) нонхӯракҳо; Б) гаҳвораҷунбонҳо; В) сахтболҳо; Г) ҳамаи ҷавобҳо дуруст.

ҚаблӣҚатори ростболҳо, баробарболҳо ва нимсахтболҳо
БаъдӣЗарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ