Қатори сахтболҳо (гамбӯскҳо). Катори сахтболхо (гамбускхо).
Дар сахтболҳо боли пеш (рӯйбол) сахт буда, боли қафо пардамонанд аст. Боли сахтро рӯйбол меноманд ва онҳо боли пардамонандро мепӯшанд. Узви даҳониашон хоянда аст. Ба қатори сахтболҳо гамбӯски гавазншох, момохолак, саргинғелон, ботинодерес ва ғайраҳо дохил мешаванд (расми 103).
Гамбӯскҳо қатори аз ҳама калонтарини ҳашарот буда, дар дунё 350 ҳазор намудашон маълум аст. Онҳо 20% намуди ҳайвонҳои дунёро ташкил медиҳанд. Дар Тоҷикистон тақрибан 2500 намуди онҳо вомехӯранд.
Гамбӯскҳо дар об ва хушкӣ зиндагӣ карда, таркиби хӯрокашон рустанӣ, занбӯруғ, моддаҳои пӯсида, лоша ва саргини ҳайвонот мебошад. Бисёр намудҳои гамбӯскҳо фоидарасонанд, чунки онҳо ҳашароти зараррасонро мехӯранд, аммо дар ин қатор намудҳое низ маълуманд, ки ба дарахтони мева, ҷангал, боғ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ зарар мерасонанд.
Сахтболҳо дар Тоҷикистон хеле васеъ паҳн шудаанд ва аксарияти ин намудҳо эндемиканд, яъне фақат дар Тоҷикистон ё Осиёи Марказӣ вомехӯранд. Сахтболҳои даранда: визвизакҳо, момохолакҳо ва ғайраҳо ҳашароти зараррасонро мехӯранд.

Муфассал >> Қаторҳои ҳашароти шаклдигаркуниашон пурра