Ҳароммағз – Хароммагз

Сохти хароммагз Ҳароммағз – Хароммагз


Сохти ҳароммағз. Ҳароммағз яке аз куҳантарин таркибияти системаи асаб ба ҳисоб рафта, аввалин маротиба дар ҳайвонҳо бо пайдоиши хорда (сутунмуҳра) ҳосил мешавад. Ҳароммағз дар ковокии сутунмуҳра ҷойгир аст. Дарозии он 43-45 см, бараш 12-13 мм буда, вазнаш 30-31г-ро ташкил мекунад ва дар қисми мобайнӣ ҷойгир аст.

Ҳароммағз аз пайдоиш   то      ҳол таркиби сегментарии худро тағйир надодааст.  Он аз 31 ҷуфт сегмент, ки аз решачаҳои пеш ва пушт мебароянд ва торҳои асабҳои омехтаро ҳосил мекунанд, иборат аст (расми 13).

Ҳароммағз Хароммагз
Расми 13. Ҳароммағз: аз чап – нақшаи умумии сохти ҳароммағз, аз рост – буриши кӯндаланги қисмҳои гуногун

Дар решачаҳои пушт нейронҳои ҳиссиёт ва дар решачаҳои пеш нейронҳои ҳаракат ҷойгиранд.


Вазифаи хароммагз

Вазифаи ҳароммағз. Ҳароммағз ду вазифаи асосӣ: 1) рефлекторӣ, 2) гузаронандагиро (ноқилиро) иҷро мекунад. Вазифаи рефлектории ҳароммағз ҳаракатро таъмин мекунад. Аз ҳароммағз камонаки рефлекторӣ мегузарад, ки кашишхӯрии мушакҳои баданро таъмин менамояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба рефлексҳои ҳаракат рефлекси зону мисол шуда метавонад. Ҳангоми бо болғачаи неврологӣ ба пайи зери айнаки зону задан ростшавии соқи пойро мушоҳида кардан мумкин аст (расми 14).

Ҳароммағз дар якҷоягӣ бо мағзи сар кори узвҳои дохилии дил, меъда, узвҳои таносул, масона ва ғайраро танзим мекунад.

Рефлекси зону
Расми 14. Рефлекси зону

Вазифаи гузаронандагиро моддаи сафеди ҳароммағз таъмин менамояд. Импулсҳои асабӣ, ки аз ретсепторҳо ба ҳароммағз мераванд, тавассути роҳҳои болораванда ба мағзи сар мегузаранд. Баъд онҳо аз мағзи сар бо роҳҳои поёнраванда ба ҳароммағз ва аз он ҷо ба узвҳо мераванд. Кори ҳароммағзро нимкураҳои калони мағзи сар танзим мекунанд. Инро дар вақти осеб ёфтан ё кандашавии ҳароммағз мушоҳида кардан мумкин аст. Мағзи сар муътадил кор мекунад, аммо аксаран рефлексҳои ҳароммағз, ки аз ҷойи зарардида поёнтар мебошанд, нест мешаванд. Чунин одамон қобилияти коркунӣ, ҳаракат кардани дастонро доранд, аммо қисми поёни бадани онҳо беҳаракат мешавад.


Дониши худро санҷед:

  1. Сохти хароммагз чи гуна аст?
  2. Кадом вазифахои асосии хароммагз маълум аст?
  3. Хароммагз аз чанд модда сохта шудааст?
  4. Кори хароммагзро кадом кисми магзи сар танзим мекунад?
  5. Аз хароммагз чанд чуфт торхои асаб мебароянд?
  6. Рефлексхоеро, ки бо иштироки хароммагз ба амал меоянд, номбар кунед?
  7. Аз чи сабаб осеб дидани хароммагз хатарнок аст?
ҚаблӣФаъолияти рефлектории системаи асаб
БаъдӣМағзи сар – Магзи сар