Хусусиятхои форматхои графики (растри, вектори ва фрактали)

Хусусиятҳои форматҳои графикӣ. Тавре медонем, дар санадҳо иттилооти дилхоҳ дар шакли пайдарпайии байтҳо нигоҳ дошта мешавад. Ҳар як байт метавонад қиматеро аз фосилаи 0 то 255 қабул кунад. Тарзи тасвири иттилоотро бо ёрии пайдарпайии байтҳо формати парванда меноманд. Пас формати графикӣ – ин тарзи тасвири иттилооти графикӣ мебошад. Тарзҳои ифода кардани тасвирҳои графикӣ ба имкониятҳои амалиётии виройишгар, чопгар ва ҳаҷми хотираи компютер таъсир мерасонанд. Дар ҳолати умумӣ аз се навъи рамзбандии иттилооти графикӣ истифода мебаранд: растрӣ, векторӣ ва фракталӣ

Ҳангоми истифодаи формати растрии графиксозӣ андозаи тасвири дар экран инъикосшаванда ҳам аз рӯйи самти уфуқӣ (width – аз чап ба рост) ва ҳам амудӣ (height – аз боло ба поён) ба

росткунҷачаҳои хеле хурди пиксел (pixel/picture element – элемент изображения), яъне ҷузъи расм, номидашаванда тақсим карда мешавад. Ҳар қадар миқдори пикселҳои тасвир зиёд бошад, мувофиқан ҳамон қадар андозаи онҳо хурдтар мегардад ва дар экран тасвир ҳамон қадар дақиқтар инъикос меёбад. Масалан, имконияти ѓунҷойиши монитори 15-дюйма ба 1024 x 768 пиксел баробар аст. Ҳар як пиксели тасвир дар парвандаи графикии мувофиқ рамзбандӣ карда мешавад ва маълумот оид ба ранги ҳар кадоми онҳо ба қайд гирифта мешавад. Ва ҳамин тариқ, тасвири додашуда ва андозаи он дар парвандаи графики растрӣ дар шакли маҷмӯи пикселҳои ба таври уфуқӣ ва амудӣ тақсимшуда нигоҳ дошта мешавад.

Дар формати вектории графиксозӣ бошад, тасвир бо ёрии фигураҳои одии геометрӣ – нуқта, хатти рост, хатти каҷ, доира, росткунҷа ва ғайра бо истифода аз формулаҳои математикӣ сохта мешавад. Дар ин гуна мавридҳо зарур аст, ки навъ ва координатҳои пойгоҳии ҳар як фигураи дар тасвир истифодашаванда – масалан, координатҳои охирҳои порча ё координатҳои марказ ва диаметри доира ва ғайра пешакӣ маълум бошад. Ин тарзи рамзбандӣ бештар дар офаридани расмҳое мавриди истифода қарор дода мешавад, ки онҳо ба осонӣ дар шакли комбинатсияи фигураҳои одии геометрӣ тасвир меёбанд. Масалан, дар нақшакашиҳои техникӣ ва ғайра.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Формати фракталии графиксозӣ низ ба мисли формати графики векторӣ ҳисобшаванда мебошад, вале дар хотираи компютер барои он рамзбандии иттилоот истифода намешавад. Тасвир ба воситаи муодила ё системаи муодилаҳо сохта мешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми истифодаи формати графики фракталӣ дар хотираи компютер ба ғайр аз формула дигар ҳеҷ чизро нигоҳ доштан зарур нест. Қимати коэффитсиентҳои муодилавиро тағйир дода, шакли тасвирро ба куллӣ дигаргун сохтан мумкин аст. Имкониятҳои графиксозии фракталиро бо истифода аз ҳисоббарориҳо бештар дар тарҳрезии намои табиати зинда ва ҳангоми ба таври худкор офаридани расмҳои ғайриодӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.

Дар самти графиксозии компютерӣ мафҳуми имконияти ҳалкунандагӣ (resolution – разрешающая способность, разрешение) яке аз мафҳумҳои марказӣ ба ҳисоб меравад ва хеле зиёд истифода мешавад. Аз ин мафҳум бештар ҳангоми корбурди хосиятҳои объектҳои гуногун истифода мебаранд. Аз ин рӯ, донистани фарқи байни имконияти ҳалкунандагии монитор, чопгар ё худи тасвир хеле зарур аст.

Имконияти ҳалкунандагии экран  яке аз хосиятҳои системаи компютерӣ ба ҳисоб рафта, ба монитор, видеокорт ва тарзи танзими системаи амалиётӣ (масалан, Windows) вобастагӣ дорад. Имконияти ҳалкунандагии экран бо пикселҳо андоза карда мешавад. Он андозаи тасвирро, ки бояд бо пуррагӣ дар экран ҷойгир карда шавад, ифода менамояд.

Имконияти ҳалкунандагии чопгар хосиятҳои асосии чопгарро дарбар гирифта, миқдори нуқтаҳои алоҳидаеро, ки дар ягон қисми воҳиди дарозӣ ба чоп бароварда мешаванд, ифода менамояд. Вай бо ёрии воҳиди ченаки dpi (dots per inch – число точек на дюйм – миқдори нуқтаҳо дар як дюйм) чен карда мешавад. Имконияти ҳалкунандагии чопгар андозаи тасвирро ҳангоми чопи он аз рӯйи талаботи сифати додашуда ё, баръакс, сифати чопи тасвирро тибқи андозаи додашуда муайян месозад.

Имконияти ҳалкунандагии тасвир аз хосиятҳои худи тасвир иборат аст. Тасвирҳое, ки ба воситаи виройишгарҳои графикӣ сохта мешаванд ва ё бо истифода аз сканер аксбардорӣ карда мешаванд, бо ёрии миқдори нуқтаҳо дар як дюйм (dpi) чен карда мешаванд. Масалан, барои он ки тасвир дар экран инъикос ёбад, бояд имконияти ҳалкунандагии он ба 72 dpi баробар бошад. Аммо барои тавассути чопгар ба чоп баровардани он имконияти ҳалкунандагии тасвир бояд на кам аз 300 dpi-ро ташкил дињад. Қимати имконияти ҳалкунандагии тасвир дар парвандаи он нигоҳ дошта мешавад.

Аксар вақт ҳангоми тасвири ягон ашёро сохтан, тарҳи объектеро кашидан ё акси мавҷудаеро таҳрир кардан, ҳатман масъалаи интихоби воситаи расидан ба ин ё он мақсади гузошташуда ба миён меояд. Дар чунин мавридҳо кӯшиш ба харҷ додан лозим аст, ки пеш аз ҳама аз имкониятҳои дарихтиёрдошта дуруст ва пурра истифода шавад. Барои ин дар таркиби бастаи барномаҳои стандартии системаҳои амалиётии муосир ҳатман ягон виройишгари графикӣ низ ҳамроҳ карда мешавад. Вале барои бо сифати баланд иҷро кардани баъзе амалҳои графикӣ ва рушд додани малакаи тасвирсозии худ корбари компютер бояд аз барномаҳои бастаҳои офисии гуногун ва касбии графикӣ низ истифода бурда тавонад.

Ҳамин тариқ, барои бо графикаи компютерӣ кор карда тавонистан на танҳо самаранок идора карда тавонистани барномаи муайяни графиксоз зарур аст, балки илова бар ин дар соҳаи тасвирсозӣ ва нигаҳдории иттилооти графикӣ доштани дониши мукаммал ва мушаххаси корбарӣ низ муњим аст.

Тобишҳои рангӣ. Одатан ҳангоми тасвирсозӣ дар компютер ба ғайр аз донистани андозаи тасвир боз дастрас намудани маълумот оид ба миқдори рангҳое, ки дар парванда рамзбандӣ карда шудаанд, хеле муҳим аст. Ранги ҳар як пиксел бо ёрии миқдори муайяни битҳо рамзбандӣ карда мешавад. Яъне компютер дар мавриди корбарӣ бо рангҳо низ бо воҳидҳои хурдтарини иттилоот сару кор дорад.

Тавре маълум аст, ҳар як бит метавонад яке аз ду қимат – 1 ё 0-ро қабул кунад. Вобаста ба он ки барои ифодаи ранги як пиксел чандто бит ҷудо карда мешавад, тарзҳои гуногун ва мувофиқи рамзбандии рангҳо рӯйи кор меоянд. Масалан, бе душворӣ дарк кардан мумкин аст, ки агар барои рамзбандӣ як бит иттилоот истифода шавад, он гоҳ дар ҳар як пиксел танҳо ё ранги сафед (қимати 1) ва ё ранги сиёҳ (қимати 0)-ро ҷойгир намудан имконпазир асту халос. Рамзбандии рангиеро, ки дар он барои тасвири як нуқта танҳо як бит иттилоот истифода мешавад, рамзбандии монохромӣ меноманд. 

Миқдори иттилоотеро, ки барои рамзбандии ранги нуқтаи тасвир истифода  мешавад, амиқии ранг меноманд.  

Амиқии ранги тасвирҳои ранга бо ёрии 4, 8, 16 ё 24 бит иттилоот чен карда мешавад. Масалан, агар дар рамзбандии нуқтаи тасвир чор бит иттилоот истифода шавад, он гоҳ бо ёрии комбинатсияи рақамҳои дуии 0000, 0001,…, 1111 шонздаҳ (24=16) ранги гуногунро рамзбандӣ кардан имконпазир мегардад. Ва агар барои амиқии ранг 8 бит истифода шавад, он гоҳ 28=256 (аз 00000000 то 11111111) ранги гуногунро рамзбандӣ кардан имконпазир мегардад.

Агар ҳангоми ченкунии амиқии ранги тасвири ранга аз 16 бит иттилоот истифода шавад, он гоҳ имконияти рамзбандии 216=65536 ранги гуногун муҳайё мегардад. Дар ин маврид чунин рамзбандиро рамзбандии рангҳои баланд (high colors) ном мебаранд. Ва ҳамин тариқ, агар дар рамзбандӣ аз 24 бит истифода баранд, он гоҳ тасвирро бо ёрии 224=16777216 ранг, тобиш ва сояҳои рангии имконпазир тавсиф додан мумкин аст. Чунин иқтидори рангӣ барои таъмин кардани олитарин фаъолияти касбии дилхоҳ рассоми моҳир басанда аст. Ин тарзи рамзбандиро (24 битро) рамзбандии рангҳои асил (true colors) меноманд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки агар дар парванда барои рамзбандии ҳар як пиксел 24 бит иттилоот ҷудо карда шуда бошад, ҳоло ин маънои онро надорад, ки ҳамаи рангҳои имконпазир ба пуррагӣ дар маҷмааи рангӣ (палитра) ҷойгир карда шудаанд. Чунки барои амалӣ гардонидани ин мақсад имкониятҳои техникии ҷории мониторҳо низ даст намедиҳанд.

Тарзи тақсим кардани рангҳоро ба компонентҳои асосӣ амсилаи рангӣ меноманд. Дар графиксозии компютерӣ се амсилаи рангӣ – RGB, CMYK ва HSB истифода мешавад.


Мавзӯи пурра >> Графикаи компютерӣ. Тобишҳои рангӣ

ҚаблӣГрафикаи компютерӣ. Тобишҳои рангӣ
БаъдӣАмсилаи рангии RGB

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед