Кобилият, фаъолият, шахс

Қобилият, қобилият ва фаъолият, қобилият ва шахс, ин ҳама дар ин саҳифа


Нақша

  1. Мафҳуми қобилият
  2. Қобилият ва фаъолият
  3. Заминаи табиии тараққиёти қобилият
  4. Намуд ва дараҷаҳои қобилият
  5. Қобилият ва шахс

КОБИЛИЯТ

Принсипи «Аз хар кас мувофики кобилияташ,ба хар кас мувофики талаботаш» асоси чамъияти коммунисти мебошад,ки сохтмони он дар мамлакати мо бомуваффакият давом дорад.Программаи Партияи Коммунистии Иттифоки Совети вазифаи тараккиёти хаматарафа ва муттвносиби шахсияти одами советиро, ки барои у мехнати мувофики кобилияташ ба талаботи хаёти табдил мегардад эълон кардааст. «Коммунизм сохтест, ки дар он кобилият ва истеъдод, сифатхои бехтарини ахлокии одами озод нашъунамо ёфта ва пурра зохир мегарданд».

Аз ин чихат хаматарафа таракки додани кобилият ва майлхои бачахо яке аз максадхои мухимми таълиму тарбияи мактаби совети мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

МАФХУМИ КОБИЛИЯТ

Чи асос мешавад,ки мо дар бораи ба ягон фаъолият кобилият доштани одам сухан ронем? Ду нишондиханда ба сифати асос хизмат мекунад:зуд аз худ намудани фаъолият ва сифати комъёбихо.Одамро кобилиятнок хисоб мекунанд,ба шарте ки у аввалан, ягон фаъолиятро зуд ва бо муваффакият аз худ кунад,малака ва махоратхои мувофикро назар ба одамони дигар хосил намояд ва ба комъёьихое ноил гардад, ки онхо аз дарачаи миёна баланндтар бошанд.

Ин ба чи вобаста аст? Чаро хангоми як хел будани шароитхо баъзе одамон ба дигарон ягнон фаъолиятро зуд ва ба осони аз худ мекунанд ва дар он ба комъёбихои калон ноил мегарданд? Барои он ин хел одамон ба чунин хусусиятхои индивидуалипсихологи сохибанд, ки онхо ба талабхои ин ё он фаъолият ба дарачаи баландтарин мувофикат мекунанд.

Кобилият гуфта чунин хусусиятхои индивидуали – психологии одамро меноманд, ки онхо талабхои фаъолияти муайянро каноат мекунонанд ва шарти бомуваффакият ичро намудани он мебошанд.

Диккатамонро ба чихатхои мухими хамин таъриф чалб мекунем.Якум, кобилият – ин хусусиятхои индивидуали, яъне он чизе мебошад, ки як одамро аз одами дигар фарк мекунонад.Дуюм кобилият ин на умуман хусусият, балки хусусиятхои психологи мебошад, бинобар ин, масалан, панчахои дарозу серхаракат (хусусияти пианинонавоз) ё кади баланд (хусусияти баскетболбоз), гарчанде барои дар фаъолияти муайян ба муваффакият ноил гаштан ёри расонанд хам, кобилият нестанд. Ва нихоят, кобилият хама гуна хусусиятхои индивидуали – психологи набуда, балки хамон хусусиятхоест , ки онхо талабхои фаъолияти муайянро каноат мекунонанд.

Ба кобилтят масалан инхо тааллук доранд: идроки равшани мусика ва оханги мусики, ки барои бо мваффакият гузаронидани машгулиятхои мусики лозим аст: тасаввуроти конструктори, ки барои ичрои фаъолияти конструктору инженер зарур мебошад, зудии амалхои чавобии харакати, ки барои бо баъзе намудхои спрот машгул шудан ва нозукии рангфарккуни, ки ба рассом лозиманд ва гайра.

Дар катори хусусиятхои индивидуалии процессхои психики (эхсос, – идрок, хотир, тафаккур, хаёд) кобилият хусусиятхои индивидуали – психологии нисбатан мураккабтар мебошад. Кобилият дар асоси ин ё он хусусиятхои процессхои психики ташаккул меёбад, вале лахзахои эмоционали – иродави ва муносибатро низ дарбар мегирад ва тобиши шахси дорад (масалан майли математики доштани акл хамчун ходисаи чудо кардани муносибатхои математики хангоми идрок, бо «чашмони математики» дида тавонистани олам).

Хар як фаъолият як кобилият не, балки як котор кобилият доштани одамро талаб мекунад. Масалан, кобилияти бадеи зуд мутаассир шудан, мушохидакор будан, хотири образи ва тасаввуроти эчоди доштан, фикрро анику ифоданок баён карда тавонистани одамро дар бар мегирад.

Нокифоя ва суст таракки кардани ягон кобилияти хусуси аз хисоби тараккиёти пурзури дигар кобилиятхо пурра карда мешавад. Хамин хосияти кобилият дар аз худ кардани намудхои гуногуни фаъолият ва интихоби касб имконияти васеъро муайян мекунад. Мавчуд набудани кобилияти алохидаи хусусиро бо мехнати исроркорона, суботкори ва бо чвмъ намудани кувваю имкониятхо пурра кардан мумкин аст. Гарчанде дар чунин шароит аз худ намудани фаъолият сусттар гузарад ва кушиши зиёдеро талаб кунад хам, натичаи ин кор на танхо аён мешавад, балки кобилияти муайян дар оянда хам таракки карда метавонанд.

КОБИЛИЯТ ВА ФАЪОЛИЯТ

Кобилият танхо дар процессии фаъолияти муайян ошкор мешавад.Одамро дар фаъолият мушохида накарда, дар бораи кобилият доштан ё надоштани у хулоса баровардан мумкин нест. Агар бача то хол акаллан бо намудхои одитарини фаъолияти мусики машгул нашуда бошад, агар то хол ба у мусики наомузонда бошанд, он гох мо дар бораи ба мусики кобилият доштани у чизе гуфта наметавонем. Танхо дар рафти таълими мувофик (ки он бояд дуруст бошад) ошкор мешавад, ки кобилияти мусикии у чи гуна аст, дар у хиссиёти оханг, тасаввуроти шунавои, хотираи мусики зуд  ва осон, суст ва ё бо душвори ташаккул меёбанд. Кобилият дар фаъолияти муайян на танхо зохир мешавад, балки таракки хам мекунад. Одам нисбат ба ин ё он фаъолият кобилиятнок таваллуд намешавад, кобилияти у дар рафти фаъолияти дуруст ташкил карда шуда ташаккул меёбад ва таракки мекунад.Таракиёти кобидият берун аз фаъолияти махсус вучуд дошта наметавонад.

Кобилиятхои одамон дар фаъолияте, ки ба каноат кунонидани талабхои онхо нигаронида шуда буд, таърихан ба вучуд омадаанд ва таракки кардаанд. Дар рафти тараккиёти таърихии фамъияти инсони талаботи нав пайдо мешуд, одамон сохахои нави фаъолиятро ба вучуд меоварданд ва бо хамин барои инкишофи кобилияти нав замина мугузоштанд. Масалан, дар давраи мо талаби аз худ намудани фазои кайхон ва сохаи тамоман нави фаъолияти одам – фаъолияти кайхоннаварди пайдо шуд. Талаботи ташаккул додани кобилияти махсуси парвозхои кайхони ба вучуд омад ва чунин кобилият дар шахсоне, ки ба номзадии гурухи космонавтхо кабул шудаанд, инкишоф дода мешавад.

Кайд кардан  лозим аст, ки кобилият, аз як тараф, ва донишу махорату малакахо, аз дигар тараф, ба хам зич ва ба таври чудонашаванда алокаманд мебошанд. Яъне, кобилият ба таври чудонашаванда алокаманд мебошанд.Яъне , кобилият ба дониш ва махорату малака вобаста аст, яъне кобилият дар баробари хосил намудани дониш ва махорату малака таракки мекунанд, ташаккульёбию тараккиёти онро низ аз рафти азхудкунии дониш ва махоратумалакахои муайян чудо кардан гайриимкон аст. Аз тарафи дигар, дониш ва махорату малакахо ба кобилият вобастаанд, зеро ба даст овардани дониш ва махорату малака дар катори дигар шартхо (масалан, сифати таълим), ба хусусиятхои индивидуалии психологии талаба хам вобаста аст. Кобилият имконият медихад, ки дониш ва махорату малакахои муайян зудтар, осонтар, муставхкамтар ва чукуртар аз худ карда шаванд. Масалан, дар баробари азхудкунии дониш ва махорату малакахои математики, аз як тараф,чунин кобилият, монанди хотири математики, тасаввуроти фазогии геометрии, тафаккури мантики ва гайра таракки мекунад. Аз тарафи дигар, хангоми мавчуд будани хотири хуби математики ва кобилияти тафаккури мантики вазифаи аз худ намудани математика, кори дар хамин соха хосил намудани дониш ва махорату малака осонтар, зудтар ва нисбатан бомуваффакият ичро мешавад.

Вале кобилият ва донишу махорату малакахоро айнан як хел пиндоштан хатои дагале мубуд. Дониши кифоя надоштан ва ин ё он корро ичро карда натавонистан чунин маъно надорад, ки одам бекобилият аст. Муаллиме, ки дар асоси камбудихои дониши талаба ва ба донишу махорати зарури сохиб набудани у дар бораи кобилият надоштани талаба саросема ва руяки хулоса мебарорад, ба хатои чидди рох медихад. Аммо хангоми ба дониш ва махорату малакаи талаба бахо додан кобилияту имкониятхои уро ба эътибор гирифтан комилан равост. Айнан як натичаи фаъолияти таълими дар як маврид метавонанд боиси пайдо шудани норозигии муаллими ботачриба гардаду ( «Ту кам дарс тайёр мекуни, аз ту зиёдтар умед  доштем») ва хам боиси тахсини у шавад («Натичаи кори ту назар ба аввала хеле бехтар аст. Ту аллакай ба комьёбихои муайяне ноил гаштаи»).

ЗАМИНАИ ТАБИИИ ТАРАККИЁТИ КОБИЛИЯТ

Роли омили табии, биологи дар тараккиёти кобилият чи гунна аст?

Аксарияти олимони буржуази дар мавкеи эътироф намудани табиати модарзоди, ирси биологи доштани кобилияти одам меистанд: Онхо чунин мешуморанд, ки хам намуд ва хам дарачаи кобилият пешаки, яъне аз таваллуд – модарзоди муайян карда шудаанд. Психологияи хакикатан илми ин нуктаи назари нодурустро катъиян инкор карда, роли муайяни омилхои табиию биологиро хамчун заминаи табиии тараккиёти кобилият эътироф менамояд. Чунин заминаи табиии тараккиёти кобилиятро аломату нишонахои анатоми физиологи ташкил медиханд.

Аломату нишонахои анатомии- физиологи гуфта баъзе хусусиятхои модарзодии анатоми – физиологии майна, системаи асаб ва анализаторхоро дар назар доранд. Ин аломату нишонахо заминаи табиии кобилият мебошанд ва ба чараёни ташаккул ва тараккиёти он таъсир мерасонад. Мавчудияти аломату нишонахо хангоми якхел будани дигар шароитхо барои инкишофи кобилият хеле мусоидат мекунад, тараккиёти онро осон мегардонад.

Баъзе хусусиятхои модарзодии анализаторхои бинои ва шунавои ба аломату нишонахои физиологи тааллук доранд. Ба сифати ин аломату нишонахо хосиятхои умумии системаи асаб хам баромад мекунанд, ки хусусиятхои ташкилёбии алокахои муваккатии асаби, зудии ташкилёби ва мустахками онхо, ососнии хосилшавии фарккунихо кувваи диккати мутамарказонидашуда,тобоварии системаи асаб ва кобилияти кори фикри доштани одам ба онхо вобаста мебошад. Дарачаи таракиёт ва муносибати системахои сигналии якум ва дуюмро низ ба сифати хамин аломату нишонахо дида баромадан лозим аст. И.П. Павлов, вобаста ба хусусиятхои муносибати байни системахои сигнали, се типи ба инсон хоси фаъолияти олии асабро фарк мекард: типи бадеи, ки дар он бартарии нисбии системаи сигналии дуюм бартарии нисби дорад: типи миёна, ки дар он системахои сигнали нисбатан дар мувозанат мебошанд.

Ба одамони типии бадеи равшании таассуроти бевосита, образи будани идроку хотир, бой ва равшании хаёл ва эмоционали будан хос аст. Одамони типи фикри ба тахлилу батартибдарори, ба тафаккури чамъбастию абстракти майл доранд.

Хангоми мавчуд будани аломату нишонахои мусоид, масалан, аломату нишонахои мусики, адаби, бадеи – тасвири ва математики кобилияти бача хеле барвакт ташаккул ёфта, босуръат таракки карда метавонад (чи тавре ки чунин ходиса дар хаёти бастакор Моцарт, рассом  К. брюллов мушохида шуда буд). Чунин ходисахо баъзан иллюзияи модарзоди будани кобилиятро ба вучуд меоваранд.

Бояд дар хотир дошт, ки аломату нишонахо кобилиятро дарбар намегиранд ва тараккиёти онро таъмин намекунанд.Онхо танхо яке аз шартхои ташаккулёбии кобилият мебошанд. Ягон одам, бо вучуди дорои аломату нишонахои мувофик буданаш бо фаъолияти муайян бисьёр ва суботкорона машгул нашуда, ходими намоёни сохаи мусики, рассом ё математики машхур намегардид. Мо дар хаёт бо бисьёр мисолхое дучор мешавем, ки одамони дорои аломату нишонахои хеле мувофик хамаи имкониятхои худро дар хаёт татбик карда натавонистаанд ва махз дар хамон фаъолияте, ки дар сурати дигар хел ташкил кардани хаёташон ба муваффакиятхои калон сохиб шуда метавонистанд, хамчун ичрокунандаи катори мондаанд. Ва баръакс, хатто хангоми мавчуд набудани аломату нишонахои хуб одами мехнатдусту суботкоре, ки ба ягон фаъолият шавку хавас ва майли устувор дорад, дар хамон соха ба муваффакиятхо сохиб шуда метавонад.

Ба хар кобилият аломату нишонахои муайяне мувофикат мекунанд гуфта фикр кардан мумкин нест. Аломату нишонахо гуногунмохият мебошанд. Ин чунин маъно дорад, ки дар асоси хамон як аломату нишона кобилиятхои гуногун таракки карда метавонанд. Масалан, дар асоси чунин аломату нишонахо, масалан, зуди, аники ва мустахкамии хосил кардани фарккунии сохаи харакат, вобаста ба шароити хаёту фаъолият, хам кобилияти харакатхои равону ба хамдигар мутобик кардашудаи бадан дар гимнаст, хам кобилияти харакатхои аник ва амики дасти чаррох, хам харакатхои зуду тагьирёбандаи панчахои гижжакнавоз хосил шуда метавонанд. Дар асоси типи бадеи хам кобилиятхои актёр, хам нависанда, хам рассом, хам мусиканавоз ташаккул ёфта метавонанд. Дар асоси типи фикри доир ба математика, лингвистика, философия кобилият нишон додан мумкин аст.

Агар сухан дар бораи тараккиёти кобилият равад, он гох мавчуд набудани комьёбихои барвактро хамчун далели мавчуд набудани аломату нишонахои мувофик дида баромадан мумкин нест. Масалан, чунин одамони бузург монанди физик  И.Ньютон, математик  Н.Н.Лузин, биологхо  Л. Пастер  ва К.Линней, нависандахо  В. Скотт,  Н. В. Гоголь ва В.Я.Шишков кобилияти мувофики худро нисбатан дер ошкор намудаанд.

НАМУД ВА ДАРАЧАХОИ КОБИЛИЯТ

Кобилияти алохидаи одам холо ба он кафолат намедихад, ки фаъолияти эчодии мураккаб бомуваффакият ичро карда мешуда бошад. Кобилияти инженер – конструктор на факат хаёли нагз тараккикардаи эчодиро дарбар мегирад. Идроки нозуки шаклу ранг, ки дар шахсе нагз таракки кардааст, холо уро рассом намегардонад. Кобилият аълои шунавоии садохои мусика худ аз худ мусиканавозро намеофарад. Барои бомуваффакият аз худ намудани фаъолияти эчодии муайян пайвастагии кобилиятхои алохидаю хусуси зарур аст, ки онхо дар якчояги бутунии сифатан ба худ хосро ташкил медиханд.

Пеш аз хама кобилияти умумии акли ва кобилияти махсусро фарк мекунанд. Кобилияти умумии акли кобилияте мебошад, ки он барои ичрои ягон фаъолият не, балки фаъолиятхои гуногун зарур аст: ин кобилият талабхоеро каноат мекунад, ки онхоро як фаъолият не, балки мачмуи васеи фаъолиятхои ба хамдигар нисбатан наздик пешниход менамоянд. Ба кобилияти умумии акли чунин сифатхои акл, масалан, мохири, танкиди, мураттаби, зуди фаъоли дарачаи баланди фаъолияти тахлилию таркиби ва чунин сифатхо, монанди диккати мутамарказонидашуда, хотири хуб ва баъзе хусусиятхои эмоционали – иродави тааллук доранд.

Кобилияти махсус кобилияте мебошад, ки барои бомуваффакият ичро намудани ягон фаъолияти муайян, масалан, мусика, математика, фаъолифти бадеи – тасвири, адаби конструктивитехники ва гайра лозим аст. Ин кобилият инчунин пайвастагии кобилиятхои алохидаи хусуси хам мебошад. Чунончи, кобилияти мусики пайвастагии чунин кобилиятхо монанди хиссиёти чуркуни (дар идроки эмоционали ва ба осони шинохтани оханг ифода меёбад): кобилияти тасаввуроти шунавои (дар аник аз нав хосил кардани оханг аз руи кобилияти шунавои ифода меёбад): ё ба ибораи дигар хотири мусики ва хиссиёти мусики – охангиро (кобилияти хис кардани оханг ва аз нав хосил намудани он) ташкил медихад.

Дар таркиби кобилияти математики хотири математики (бахотиргири ва дар хотир нигох доштани тарзхои мухокима ва исбот, методхои халли масъала ва принципхои тахлили онхо): кобилияти тафаккури мантики (дар сохаи муносибатхои микдори) ва фазоги: зуд ва васеъ чамъбаст кардани материали математики: осон ва озодона кучонидани фикр аз як амали фикри ба дигараш, равшан сода, кутох ва пурмазмун будани мухокимаю халхо ва хоказо роли мухим мебозанд.

Кобилияти адаби пайвастагии кобилиятхои зерин мебошад: мушохидакори, мутаассиршави (таассуроти эмоционалии идрок), мавчудияти образхои равшану аёнии хотир, хиссиёти эстетики, хаёли эчоди, аники, эмоционали ва ифоданокии забон ва хоказо.

На факат дар бораи намудхои алохидаи кобилият , балки дар хусуси дарачахои гуногуни тараккиёти он хам сухан рондан мумкин.Агар дар мавриди якум фаркияти сифатии кобилиятхоро дар назар дошта бошанд, дар мавриди дуюм сухан дар бораи фаркхои микдори меравад, ба муаллиме, ки талабахои худро бодиккат меомузад, барои дуруст ташкил кардани таълиму тарбия ва муносибати индивидуали кардан дар таълиму тарбия донистани он мухим аст, ки шогирдаш ба чи кобилият зохир мекунад ва ин кобилият то чи андоза ифода ёфтааст, талаба дар фаъолияти муайян то кадом андоза дониш, махорат ва малакахоро зуд, осон ва мустахкам аз худ менамояд.

Дарачаи баланди таракиёти кобилиятро бо калимаи «истеъдод» ифода менамоянд. Истеъдод –  ин пайвастагии мусоидтарини кобилиятхо мебошад, ки барои бомуваффакият ва эчодкорона ичро намудани фаъолияти муайян имкониятмедихад.Истеъдод на танхо дар сохаи илм ё санъат, балки дар фаъолияти гуногуни одам зохир шуда метавонад.Бинобар ин хам духтури табобаткунанда, хам муаллим, хам лётчик, хам навоварандаи истехсолоти хочагии кишлок, хам коргари ихтисоснок боистеъдод шуда метавонанд.

Инкишофи истеъдод ба таври халкунанда ба шароити чвмъиятию таърихи вобаста аст. Чамъияти синфи тараккиёти истеъдоди намояндагони синфхои истисморшавандаро  боздошта меистад.Ва агар дар чунин шароитхо шахсони боистеъдод аз байни халк баромада бошанд хам (М. В. Ломоносов – писари помор, Тарас Шевченко – писари дехкони крепостной, ихтироъкунандаи паровоз Стефенсон – писари коргар), ин танхо дар бораи он шаходат медихад, ки халк то кадом дарача боистеъдод аст, имкониятхои он чи кадар калон мебошанд.

Чамъияти социалисти барои ошкор намудан ва таракки додани истеъдод хаматарафа мусоидат мекунад, барои тараккиёти хаматарафаю эчодии хар як аъзои чамъият хамаи имкониятхоро фарохам меоварад.В.И.Ленин кайд карда буд, ки социализм дар чахон якумин шуда имконият медихад, ки «аксарияти мехнаткашон хакикатан ба майдони чунин кор чалб карда шаванд, ки онхо дар ин чо фаъолияти худро нишон дода, кобилиятхои худро вусъат дода одамони боистеъдоди худро пешбари карда тавонанд, ки ин хел одамони боистеъдод дар байни халк нихоят бисъёранд ва капитализм хазорон ва миллионхо нафари онхоро мачак, пахш ва буги мекард».

Истеъдод ин аз як тараф, пайвастагии равшани кобилиятхо ва аз тарафи дигар, ба фаъолияти муайян майл доштан буда, талаби ба худ хосест ки дар фаъолият хангоми бо хамин кор машгул шудан характери марокангез ва рагбати хакикиро мегирад.

Аксарияти одамон фикр мекунанд, ки шахсони боистеъдод хама чизро ба осони, бе ягон мехнати махсус ба даст медароранд. Харгиз ин тавр нест, Тараккиёти истеъдод омузиши бардавому устувор, мехнати зиёдро талаб мекунад. Истеъдод, чун коида хамеша бо кобилияти кори ва мехнатдустии фавкулода пайваста аст. Хамаи одамони боистеъдод бехуда таъкид намекунанд, ки истеъдод – ин мехнати бо токат кувватдодашуда, истеъдод – ин ба мехнати беинтихо майл доштан аст.

КОБИЛИЯТ ВА ШАХС

Бомуваффакият ичро намудани ин ё он фаъолият, хатто хангоми мавчудият кобилият, ба пайвастагии муайяни сифатхои шахс вобаста аст. Танхо худи кобилият, агар он бо равияи мувофики шахс ва хосиятхои эмоционали – иродавии у пайваста нашуда бошад, комьёбихои намоён намедихад.

Кобилият, пеш аз хама, бо муносибати фаъоли мусбати шахс  нибат ба фаъолияти муайян, шавку, хавас ба он фаъолият ва майли бо он машгул шудан, ки дар дарачаи баланди тараккиёташ ба рагбати баланд ва талаботи хаёт табдил меёбад, зич алокаманд аст.Одам аксар вакт кушиш мекунад бо фаъолияте машгул шавад, ки дар у махз нисбат ба хамон фаъолият кобилият ташаккул ёфтааст. Хангоми бо майли зур, амали ва устувор машгул шудани одам ба фаъолияти муайян дар бораи бо хамин фаъолият кобилият доштани у хулоса баровардан мумкин аст.

Шавку хавас ва майл нисбат ба фаъолияте одатан дар ягонаги бо кобилият нисбат ба хамон фаъолият таракки мекунанд.

Масалан, майл ва шавку хаваси талаба нисбат ба математика уро мачбур мекунад, ки бо хамин фан бештар машгул шавад ин, дар навбати худ, барои тараккиёти кобилияти математики сабаб мешавад.Кобилияти математики таракки кардаистода комъёби ва муваффакиятхои муайянро дар сохаи математика таъмин менамояд, ки ин дар бача хиссиёти хурсандибахш ва каноатмандиро ба вучуд меоварад.Ин хиссиёт сабаби нисбат ба хамин предмет пайдо шудани шавку хаваси боз хам чукуртар ва майли боз хам зиёдтар машгул шудан мегардад.

Барои дар фаъолият ба муваффакият ноил гаштан гайр аз кобилият,шавку хавас ва майл, боз як катор хислатхои характер ва пеш аз хама мехнатдусти, муташаккили, мутамарказият, максадноки, суботкори ва гайра низ лозим аст. Дар сурати набудани ин сифатхо хатто кобилияти барчаста хам ба комьёбии муътадил, боэътимод, ахамиятнок намеоварад. Дар мактаб бисёр талабахое хастанд, ки ба танбаливу номуташаккилиашон нигох накарда, дарсхоро нагз аз худ мекунанд. Вале онхо дар хаёт аксар вакт махз аз он сабаб сазовори бовари намегарданд, ки онхо ба чидди ва муташаккилона кор кардан ва монеахоро суботкорона бартараф намудан одат накадаанд.

Кобилиятхои тараккикарда бояд бо идеянокии баланду принципноки пайваста бошанд.Одам то даме ки барои шарафу манфиати шахси не, балки барои манфиати халки худ ва тамоми инсоният мехнат мекунад, кобилияти худро пурра ошкор мекунад, гайрату кувваи худро барои ба даст даровардани натичае сафарбар карда метавонад.

Чунин сифатхои шахс, монанди хоксори, худтанкидкуни, нисбат ба худ серталаб будан нихоят мухим мебошанд. Боварии калон доштан нисбат ба худ, ки дар заминаи таърифу тавсифи беасос пайдо мешавад, умуман барои кобилият халокатовар аст, зеро дар ин холат магрури, худмафтуни ва худлаззатбари ва нисбат ба одамони ихотакарда беилтифоти ташаккул меёбад. Одам дар ин маврид барои тараккиёти худ кор намекунад, душворихо боиси ба вучуд омадани хашмгини ва ноумедии у мешаванду хамаи тараккиёти кобилиятро бозмедорад.

ТАШККУЛ ВА ТАРАККИЁТИ КОБИЛИЯТИ БАЧАХО

Чунон ки кайд карда шуд, кобилияти дар хаёту фаъолият, дар таълиму тарбия ташаккул меёбад, ва таракки мекунад.

Вазифаи асибси системаи тарбияи совети – ин хаматарафа таракки додани кобилияти бачахо мебошад. Тараккиёти яктарафаю махдуди бача, хангоме, ки у нисбат ба ягон соха кобилият зохир менамояду дар айни замон нисбат ба хамаи бокимонда тамоман бепарво мемонад, дуруст нест. Албатта, шавку хавасе, к ибо кобилият алокаман аст, бояд хукмрон монад, вале муаллим, дар баробари ин, ба тараккиёти хаматарафа ва мутаносиби шахсият талаба, баланд бардоштани маданияти умуми ва васеъ гаштани чахонбинии у кушиш мекунад. Факат хамин хел тараккиёт нашъунамои хакикии кобилиятро таъмин менамояд.

Хар як бачаи аз чихати психики саломат ва бардам ба кобилияте, ки барои дар мактаб бомуваффакият хондан зарур аст, доро мебошад Бо ибораи дигар, хар касс кобилият дорад, ки маълумоти миёна гирад, материали таълимиро дар доираи рограммаи мактаб аз худ кунад. Баъзан талаба ба ин ё он предмети таълими бекобилият менамояд. Ин гуна тасаввурот аз сабаби дар набудани баъзе донишу махорату малакахо, норасогихои дониши вай, захуроти ин ё он хусусиятхои мизоч пайдо мешаванд.

Аксар вакт муаллимон дар бораи кобилияти бача дар асоси зуд аз худ кардани материал хулоса мебароранд. Бинобар ин талабахои мизочошон флегматикро, ки материалро суст аз худ менамоянд, беасос ба катори бачахои бекобилият дохил мекунанд. Дар байни бачахое, ки материали таълимиро охиста – охиста аз худ мекунанд, талабахои кобилиятнок бисьёранд.

 Хар як одам ба гайр аз кобилияти умуми нисбат ба хондан ба ягон сохои махсуси фаъолият ба таври оптимали мувофик аст,ё чи тавре ки мегуянд, дорои кобилияти махсус мебошад. Психологияи совети кайхо мукаррар кардааст, ки хар як одам ба ягон кор кобилият дорад, одамони «боистеъдод» намешаванд. Факат ба одам ёри додан лозим, ки «худашро ёбад» ба у имкониятхояшро нишон додан лозим аст. Дар он чо роли муаллими синфхои ибтидои бузург мебошад. Махз муаллим, устоди боандешаю гамхор, кобилияту истеъдоди талабахоро ташаккул медихад, роли тараккиёти онхоро мохирона муайян мекунад.

Психологхо ва педагогхо имкониятхои калони тараккиёти кобилияти махсуси талабахои синфхои ибтидои, аз чумла имкониятхои таълими саводи тасвири ва усулхои расмкашии эчодиро нишон додаанд. Ба талаба то ба синфи 4 гузаштанаш аллакай коидахои асосии тасвири босаводона ва дар расми эчоди озодона ифода намудани фикрхои худро омузонидан мумкин аст. Дар сохаи мусика ва сурудхони бошад, ба хамаи талабахои синфхои ибтидои сурудхони ва асосхои саводи нотаро ёд додан мумкин аст. Психологхо ва педагогхои совети имкониятхои калони тараккиёти кобилияти математики талабахои синфхои ибтидоиро низ нишон доранд, хонандахои синфхои ибтидои баъзе материали алгебравиро, ки онхоро пештар факат ба талабахои синфи 5 ва 6 дастрас хисоб менамуданд, бомуваффакият аз худ мекунанд.

Кобилият дар хамон фаъолияте, ки дар он татбик мегардад, ташаккул меёбад ва таракки мекунад. Бачаи бепарво ва бегайрат, нисбат ба хар гунна мехнат бетараф мемонад, одатан кобилият хам зохир наменамояд. Фаъолият чи кадаре ки гуногуншаклу пурмазмун бошад, имконияти тараккиёти он хамон кадар зиёдтар мешавад. Яъне таълиму тарбия дар мактаб, ки фаъолияти бачахоро ташкил мекунад, барои тараккиёти кобилияти онхо ахмияти калон дорад. Вале на хама гуна фаъолият, ки бачахо дар он иштирок мекунанд, худ аз худ кобилиятро нисбат ба он ташаккул ва таракки медихад. Барои он ки фаъолият ба тараккиёти кобилият таъсири мусбат расонад, ичро шудани баъзе шартхо лозим аст.

Якум фаъолият бояд дар кудак боиси ба вучуд омадани эмоцияхои мусбати зуру устувор, каноатманди, саъю кушиши бо ташаббуси худ, бе мачбури бо он машгул шуданро ба вучуд оварад.Шавкухаваси фаъол, хохиши хар кадар бехтар ичро кардани кор, бо он муносибати расми, боэтинои ва бетафовут накардан – шартхои зарурии он мебошанд, ки фаъолият ба тараккиёти кобилият таъсири мусбат расонад.

Азбаски кобилият танхо дар сурати ба хамон фаъолият бо шавку хаваси чукур ва майли устувор машгул шудан махсул дода метавонанд, муаллим бояд шавку хаваси бачахоро фаъолона таракки дихад ва бо он кушиш кунад, ки ин шавку хавас руяки набуда, балки характери чидди, устувор ва амали дошта бошад.

Албатта, на хамеша мактаббачаи фарз кардем, ба математика ё мусика кобилият дошта нисбат ба он мустакилона шавку хавас зохир менамояд. Мавридхое мешаванд, ки дар натичаи ин ё он шароит (методикаи номувофики таълим, фанни таълимиро нагз надонистан, ки имконияти пайдоиши шавку хавас хам намемонад, зиддияти падару модарон ва гайра) талаба ба предмети муайян кам марок зохир менамояд, хатто нисбат ба он бепарво мемонад. Агар тадабаро ба таври хакики ба фаъолияти шавкманд кунем, он гох шавку хавас уро зуд (аксар вакт ин ба одамони ихотакарда ногахони менамояд)ва тамоман ба худ мекашанд ва хатто завк характери рагбатро хам мегирад.

 Дуюм, фаъолияти бача набояд факат характери айнан азнавхосилкуни, балки ба кадри имкон характери эчоди хам дошта бошад.Масалан, барои тараккиёти кобилияти бадеи доир ба навиштани очерк, хикоя ва шеърхо машкхои пайдарпаи гузаронидан ва тахлил кардани онхо, бо максади мушохидакори ва идроки эстетики хакикат ва баёни минъбаъдаи зебо ва ифоданоки чизи дидаги ва шунидаги ташкил намудани экскурсияхои махсус ба табиат фоиданок мебошанд. Барои тараккиёти кобилият тафаккури мустакили эчодии талабахоро, аз шакл ва зухуроти ибтидоии он сар карда, таракки додан лозим аст. Маълум аст, ки кори мустакилона ва фаъолонаи фикр хангоми дар назди одам пайдо шудани проблема, савол ва масъала вар мешавад. Бинибар ин муаллим бояд барои тавре гузаронидани дарс кушиш кунад, ки дар назди талабахо зуд – зуд акалан саволхои одди пайдо шуда истанд, ва бачахоро ба кушиши ба ин саволхо мустакилона чавоб додан водор намояд.

Сеюм , фаъолияти бачаро тавре ташкил кардан лозим ки у аз паи максадхое шавад, ки онхо аз имкониятхои мавчудбудаи у аз дарачаи ба даст овардашудаи ичрои фаъолият андаке зиёдтар бошанд. Бачахои кобилияташон аллакай муайяншуда махсусан ба супоришхои эчодии торафт мураккабшаванда ва гуногун мухточ мебошанд.

 Дарачаи тараккиёти ин ё он кобилияти талаба чи кадаре ки баланд бошад (кобилияти мактаббачаи хурдсол), у хамон кадар бештар диккат ва хамхориро талаб мекунад. Ба бача адабиёти муайяни илми – оммавиро тавсия намудан, уро бо усул ва тарзхои махсуси ичрои фаъолияти барояш мароковар шинос кардан лозим аст. Талабахои кобилиятноки синфхои ибтидоиро бо максади ёрии ихтисоси расонидан ба муаллимони фанхои алохида вобаста кардан кобили кайд мебошад.

Шаклхои гуногуни корхои беруназсинфи ва беруназмактаби аз чумла, кори кружокхои математики, техники, биологи, адаби, мусики расмкаши, драма, ва гайра ба тараккиёти кобилияти бачахо мусоидат мекунанд ва мактаббачахои хурдсолро хам ба ин кружокхо чалб намудан лозим аст. Дар аксар мактабхо гушахои табиати зинда ташкил карда шудаанд,хонахои махсусе чихозонида шудаанд, ки дар он чо бачахо дар вакти холиашон бо сохтани модель ва маснуоти майда – чуйдаи дуредгарию харроти машгул мешаванд, бо дастахои «конструктор» кор мекунанд ва хоказо. Ба мехнати дасти майл доштани мактаббачахои хурдсолро, ки ба хамаи онхо хос аст, инкишоф додан мухим мебошад. Дар дарсхои мехнати дастии синфхои ибтидои бачахо аз чуб, картон, когаз ва пластилин маснуоти на он кадар мураккабро тайёр мекунанд ва дар айни замон онхо хушзехни, ихтироъкори, эчод кори гайриоддиро зохир менамоянд. Дар ин дарсхо дар бачахо махорати ташкил кардан ва ба план даровардани фаъолияти худ таракки мекунад, малакахои худназорат ташаккул меёбад, махорати ёфта тавонистани хато ва камбудихои ко рва дарьёфт намудани роххои бартараф намудани онхо зохир мешавад.

Дар баробари тарбияи кобилияти бачахо дар онхо нисбат ба мехнат хисси мухаббат, барои бартараф намудани душворихо суботкориро инкишоф додан лозим аст, зеро дар акси холл мавчудияти замина ва кобилияти мусоидтарин хам натича намедиханд. Дар бачае, ки хангоми кор тамоман ба хаячон намеояд, холати аз мехнат каноатманд буданро хис намекунад, кушиш наменамояд, на зухурот ва на тараккиёти ин ё он кобилият имкон дорад.Дар хотир доштан зарур аст, ки хатто кобилияти калон хам талабаро аз зарурати устуворона мехнат кардану душворихоро суботкорона бартараф намудан озод намекунад. Баъзан талабаи кобилияти хуб доштаги хангоми бемуваффакияти ва вайрони рухафтода мешавад, ба кувваи худ бовариашро гум мекунад, нисбат ба машгулиятхои пештар дустдоштааш дилхунук мешавад. Муаллим дар ин гуна мавридхо бояд бачаро дилпур кунад, ба бача часорат бахшад, барои худашро ба даст гирифтани ва бартараф намудани душворихо, барои хушнудии галабаро дар душворихо аз сар гузаронидан ва бо тачрибаи бартараф намудани душворихо мусаллах шудан ба у ёри расонад.

Дар талабахои синфхои 1 – 2 тарбия намудани мехнатдусти аз тарбия намудани одати дар хар як дарс фаъолона кор кардан сар мешавад. Маълум аст, ки бисьёр талабахо ба умеди дар хона ичро намудан ё аз худ кардани вазифа шуда дар давоми дарс бо тамоми куввату имконияташон кор намекунанд. Баъзе муаллимон назорат намекунанд, ки хамаи талабахо дар дарс фаъол бошанд.

Барои тараккиёти кобилияти талабахо кушиш карда истода, дар онхо хислатхои коллективизм, нисбат ба худ серталаб будан, махорати нисбат ба худ танкидона рафтор кардан ва гайраро тарбия намудан лозим аст. Вобаста ба ин дар бачахо ташаккул додани муносибати дуруст ба кобилият, муваффакият ва комьёбихои худ, тарбия намудани худбаходихии дуруст хеле мухим мебошад. Хеч гох хох руирост бошаду хох бевосита, ба бача фикреро дар бораи фавкулодаги ва назар ба дигарон бартари доштани у талкин намудан мумкин нест, аз кобияти бача аз хад зиёд мафтун шудан, уро аз хад зиёд таъриф кардан ва ба дигар бачахо мукобил гузаштан мумкин нест. Ба бачаи кобилиятнок фахмондан лозим аст, ки у харгиз одами фавкулода намебошад, дигар бачахо хам кобилият доранд ва агар у аз ягон чихат назар ба рафиконаш бартари дошта бошад, онхо назар ба у аз бисьёр чихатхо низ бартари доранд.

Бачаи кобилиятнок бояд нагз фахмад, ки кобилияти у барои худашро нисбат ба дигарон дар мавкеи махсус гузоштан, нисбат ба онхо талабахои калон пешниход намудан хукук намедихад. Баръакс, ба у хамчун ба бачаи кобилиятнок, талабхои нисбатан калонро махз аз он сабаб пешниход менамоянд, ки кобилияти у назар ба дигарон зиёдтар аст.

Дар кори якчояи мактаб ва оила барои тараккиёти хаматарафаи куввахои эчоди ва кобилияти бачахо шароити мусоидтарин фарохам оварда мешавад.

ҚаблӣТабрикот ва шеър дар васфи Навруз
БаъдӣКули Сарез